ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ – МУҚАДДАСТАРИН ВА ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

403

Ба шарофати истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо азму иродаи созанда сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ қадам мезанем. Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва ичтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шӯрои олӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав -Ҷумхурии Тоҷикистон падид омад. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти ҷумхурии соҳибистиқлоли мо оѓоз ёфт. Сивуду сол муқаддам халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузурги таърихӣ – истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад.Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ барои миллати соҳиб-тамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Роҳи таърихие, ки миллати тоҷик дар си соли соли охир тай кард, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо –хуб огоҳем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем.

Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид.Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.

Имрӯз бо гузашти зиёда аз 30-сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд.

Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат гуфтушунид бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем. Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Дар чахоряки асри 21 мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994, Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд. Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доим таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад. Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ -Тоҷикистон пайгирона ва муназзам талош намоем.

Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,

Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.

Гар истиқлолаш истиқбол дорад,

Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик.

Ба ақидаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият дар радифи «миллат», «Ватан» ва «ваҳдат» бояд ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони кишвар мубаддал гардад.

Ҳабибҷон МИРЗОЕВ, дотсент, муовини декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ

Меҳровар РАҲМОНОВ, дотсент, мудири кафедраи мутолиоти Шарқ