ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИМРЎЗУ ФАРДОИ ДАВЛАТ

545

Cӣ сол пеш миллати  куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ 30-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва  натиҷагириҳои  рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад.  Аз ин нигоҳ  Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик падидаи бемислу монанди  таърихист, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.    

         Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар арсаи  сиёсати ҷаҳонӣ  бо ҳама вижагиҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии  миллати тоҷик  аст, ки ба қавли алломаи Машриқзамин  Муҳаммад Иқбол номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

    “Роҳи таърихии тайкардаи мардуми тоҷик”-, ба андешаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -“роҳи ҳамвору осон набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд”. Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанўз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва даргириҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад.   Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи таҷзияи Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ неруҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Баъд аз зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини тоҷикон дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.
            Тавре мебинем, даҳсолаи аввали давлатдории навини миллии тоҷикон  асосан ба ҳалли масоили  сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъи кишвар, бозгардондани  гурезагон, халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ѓайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000-ум ба давлату ҳукумат муяссар гардид, ки ҷиддан ба ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бипардозад. Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳимми даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваста, як силсила ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ ба роҳ андохта шуд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Тоҷикистон  имрўз дар  роҳи  иҷрои 4 ҳадафи стратегӣ –  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат  ва татбиқи Стратегияи миллии рушд қарор дорад. Мехостам аз миёни силсилаи дастовардҳои бузурги замони истиқлолият аз чанде аз онҳо ёдоварӣ намоям, ки онњо меҳварӣ буда, амну субот, шукуфоӣ ва рушди бемайлони кишвари моро таъмин намудаанд. 

  1. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният ва субот  дар ҷомеа :

        Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала чунин таъкид намуда буданд: «… мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад». Бале, маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрўз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.  Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дўстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад.
2. Дастоварди дигари даврони истиқлолият эҳёи аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он буд. Бунёди давлатдории миллӣ, ки ба суннатҳо ва арзишҳои воқеии миллӣ такя мекунад. “Мо  – изҳор дошта буд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – тавонистем дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии мардуми шарифи худ сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллиро таъсис диҳем ва ба ташкили шохаҳои нави ҳокимият ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз намоем. Эълони Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ барқасди мухолифату зиддиятҳои неруҳои дохиливу хориҷӣ  бузургтарин натиҷаи талошҳову кушишҳои фарзандони ростини миллат бо сардори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.  Дар доираҳои илмӣ баҳсҳо мешуд, ки давлати “дунявӣ” давлати “зидди динӣ ва бехудоист”, аммо пушти ин суханҳо розҳои дигаре пинҳон буданд, ки Пешвои миллат дар суханронии худ  дар санаи 04.05.2018 дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” парда аз рӯйи он бардошта, қайд карданд, ки: “Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд”. Бояд гуфт, ки давлати дунявӣ усули эътирофшудаи модели давлатдории муосир буда, ҳеҷ гоҳ бар зидди дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил мешаванд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат фармуда буданд: “Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуқтаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, ниёзҳои  эътиқодии худро қонеъ созанд”. Маҳз ҳамин дунявият буд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва давлати баробарҳуқуқ эътироф гардид.   Ба таъбири худи Пешвои миллат: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият, давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.  Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Минбаъд такмили Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани таѓйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад. Инчунин, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид. Қобили зикр аст, ки он солҳо Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дуюмин давлате буд, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишвар ва баъдан таъсиси парламенти касбии дупалатагиро бо роҳи интихоботи озод ва бо майлу иродаи мардум қабул намуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин маротиба имкон пайдо намуданд, ки озодона ва бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда самтҳои стратегӣ ва дурнамои рушди ҷомеаро барои даҳсолаҳои минбаъда мустақилона муайян намоянд.

3.Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ

           Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд. Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон – Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин, «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.


4. Истиқлолияти давлатӣ – заминаи воқеии рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисоди ватанӣ шароит фароҳам овард. Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи 4 ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ  аз бунбасти коммуникатсионӣ,ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар назаррас мебошанд ва тайи солҳои охир ба беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотии мамлакат мусоидат кардаанд.  Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоид ба вуҷуд омад, ки раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ мунтазам идома ёфта, тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бемайлон татбиқ карда шаванд.  Воситаи дигари таҳкими давлатдории миллӣ бо роҳи сафарбар намудани ҳамаи захираву имкониятҳо пайгирона тақвият бахшидани нерӯи иқтисодии кишвар дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ ва шиддати бесобиқаи рақобат дар низоми иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад.

  • Истиқлолият ва эҷоди низоми миллии маориф бо дарназардошти таҷрибаҳои беҳтарини ҷомеаи мутамаддин.

       Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки  давлате, ки ба рушди соҳаи илм, махсусан илмҳои техникӣ ва технологияҳои муосир таваҷҷўҳи хос надошта бошад, ба пешравӣ ноил намегардад. Бо дарназардошти ин, ҳукумат аз рўзҳои аввали истиқлолият ба нерўҳои ақлонии мамлакат, махсусан олимон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз донишу малака, хулосаҳои илмӣ  ва дархосту пешниҳодҳои онҳо васеъ истифода менамояд.
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.     Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.                                       Дар баробари ин, бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Тавре ки Пешвои миллат борҳо хотирнишон кардааст, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.                                              

  • Бо шарофати дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ. Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардида, ҳамчун кишвари ҷонибдори устувори равандҳои ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои судманду баробарманфиати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар ҳамаи сатҳҳо – миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ эътироф шудааст. Ин ҳама самараи татбиқи воқеии самтҳои стратегӣ ва усулҳои асосии сиёсати хориҷии давлат – ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии кишвар, баланд бардоштани обрў ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад. Имрўз ҷавҳари сиёсати хориҷии санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинонаи кишварро консепсияи “дарҳои кушода” ва мавқеи устувори миллӣ  нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳад. Пешбурди муваффақонаи чунин сиёсати хориҷӣ ба мо имконият медиҳад, ки ҳамқадами раванди бозсозиҳои ҷаҳонӣ бошем ва доираи ҳамкориҳои судманди давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона васеъ гардонем.
    Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо карда, дар сиёсати хориҷии худ соҳибташаббус мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чандин пешниҳодҳои глобалии он далели возеҳи ин гуфтаҳост.     Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, («Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028») бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.  

        Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоилҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд. Бо густариши ин раванду тамоилҳо, ки дарозмуддат хоҳанд буд, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонанд. Ҳатто имрӯз бо истифода аз нерӯ ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгароӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ, инчунин, бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба умури дохилии давлатҳои мустақил густариш пайдо кардааст. Аз ин рӯ, дар шароити афзоиши  хатару чолишҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо мекунад ва чунин вазъ ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари мусоидат ба пешрафти бесобиқаи илму техника, кашфиёти технологӣ, рушди босуръати иқтисодиёт ва ҳамгироии кишварҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатҳое, ки тараққиёти ноустувор доранд, хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, ки ояндаи ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба чигунагии ҳалли онҳо вобастагии амиқ дорад.  Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳуввият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва сирати иҷтимоиву маънавӣ авҷ мегирад. Аз ин ҷиҳат, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳаётиву созандаи миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса касб менамояд.  

6.Таърих исбот  намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. “Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзўр мегардад.” Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна неруҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои татбиқи  ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи паёмадҳои нохуш ва руйдодҳои фоҷиабори Афѓонистон, Сурия, Ироқ, Тунис, Яман  собит сохтаанд.

Имруз ҳам  баъзе аз ҷавонони мо, ки бо сабабҳои маълум дар бунбаст ва инҳисори  мафкуравӣ дармондаанд, ба гирдоби муборизаҳои кишварҳои қудратманд барои қудрат бар мафкураҳои инсонӣ афтода фирефтаи ҳар гуна ѓояҳои бегонаву хушунатофар шудаанд…
Аз ин рў, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ дар шароити имрўза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё, бахусус мо устодони донишгоҳӣ тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

     Яке аз роҳҳои мусоидат ба таҳкими  давлатдории миллӣ дар зеҳну шуури мардум ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мусоидат ба рушди илму маориф дар кишвар мебошад, ки бояд дар қалби ҳар сокини Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, дину маҳзаб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии ӯ ҷой гирифта бошад.  Раҳоӣ аз вобастагии мафкуравӣ дастёбӣ ба соҳибихтиёрии мафкуравӣ дар даврони шиддатёбии муборизаи кишварҳои абарқудрат барои қудрат бар мафкураи одамон аз муҳимтарин вазифаҳост дар роҳи таҳкими давлатдории миллии тоҷикон.    Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёрии сиёсии мардумро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардорем. Зеро мардуми огоҳ, дорои маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯе  фирефта наметавонад ва худогоҳиву ҳисси баланди ватанпарастии мардум аз пояҳои асосии амният ва суботи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан ва мардуми онро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили хешро ҳамаҷониба таҳким бахшем.  Гумон мекунам, ки барои ҳар як фарди соҳибватани тоҷик ин суханони сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амал ва зиндагӣ бошад: «Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу дав­лати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгў ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беѓара­зона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибатнамоем”.

Холаҳмад  Самиев, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ