ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

462

Дар системаи сиёсии ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар таҳаввулу таҳкими ҳамгроии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз созмонҳои байналхалқӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо манфиатҳои миллии худро дар доираи як системаи муайян пайгирӣ намоянд. Агар ба таърихи ташаккули созмонҳои байналхалқӣ таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки давлатҳо маҳз ба хотири талаботу манфиатҳо ва кӯшиши ҳимояи онҳо рӯ ба ташкили созмонҳо овардаанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ мавҷуданд, ки доираи гуногуни давлатҳоро фаро гирифта, дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши созандаи худро мегузоранд.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақаве мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад. СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуктаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳое мебошад, ки кишварҳои минтақаи Осиёро муттаҳид намудааст. Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Осиё давлатҳои мустақиле ба миён омаданд, ки ҳар яке аз онҳо манфиатҳои миллии худро дошт. Даҳаи аввали асри 21 –ум шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсию амниятӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро имрӯз, ки ҷомеаи инсонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо ва тағйирпазириҳо рӯҳиву равонӣ қарор дорад, давлатҳои ҳаммарзу ҳампаймон ва дорои мушоракат ва ҳамкориҳо хуб дарк намудаанд, ки ҳамгироиву ҳамшарикӣ метавонад, хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва мавҷударо бартараф созад.

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки то 15-уми июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалахои умдаву ҷиддитари ҳаёти рӯзмарраи аҳолии ин давлатҳо гардид. Дар ҳамин замина, соли 1996 дар доираи нишасти роҳбарони давлатҳои ҳудудан ҳамсарҳад Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Россия ва Қирғизистон дар шаҳри Шанхайи Чин доир гардид, ки дар асоси он муоиҳидаи “Панҷгонаи шанхай” қабул гардид. Мақсад аз нишаст ва қабули чунин ҳуҷҷат дар он ифода меёфт, ки бехатарӣ ва амнияти давлатҳои аъзо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин карда шаванд. 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин сарони кишварҳои Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи назди сарҳад ва 24-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро имзо намуданд. Зимнан, дурнамои ташкили “Панҷгонаи Шанхай”-ро асосан ба роҳ мондани ҳамкориҳои низомӣ ва амниятии давлатҳои аъзо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба хотири мубориза ва бартарфсозии хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллии онҳо ташкил медод. То соли 2001 ин намунаи маҳдуди ҳамкори миёни давлатҳои аъзо буд, ки баъдан дар шакли созмон шакл гирифт ва таъсис ёфт.

Аҳамияти «Панҷгонаи Шанхай» пеш аз ҳама дар он буд, ки давлатҳои ба он аъзо омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар амалӣ гардидани сулҳу оромӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ изҳор намуданд.

Дар ин чорчӯба музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба барои ҳалли масъалаҳои сарҳадии аз таърих боқимонда ва масъалаи вобаста ба эҷоди тадбирҳои боварии мутақобил дар соҳаи низомӣ ва кам кардани қувваҳои мусаллаҳ дар марзҳои кишварҳои аъзо оғоз гардиданд, ки мурод аз он таъмини амнияти минтақавӣ ва ба ин васила фароҳам овардани шароит ва заминаҳои лозима барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона буд. Мисоли равшани он бо мувафаққият анҷом ёфтани гуфтушунидҳои Тоҷикистону Хитой доир ба масъалаҳои сарҳадӣ мебошад.

Дар миқёси «Панҷгонаи Шанхай» 6 маротиба мулоқоти сарони давлатҳо доир гардид:

26 апрели 1996 – оғози фаъолияти «Панҷгона».

24 апрели 1997 – Москва. Имзои Созишномаи панҷгона дар бораи ба таври мутақобил кам кардани қувваҳои мусаллаҳ дар марзҳои кишварҳои аъзо.

3 июли 1998 – Алмаато. Мавзӯи асосӣ – саҳмгирӣ ба раванди сулҳу истиқлол дар минтақа ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои аъзо. Ҳамзамон эълон намудани Осиёи Марказӣ минтақаи озод аз силоҳи ядроӣ, ки он ташаббуси ниҳоят муҳими «Панҷгона» ба шумор меравад.

25 августи 1999 – Бишкек. Ҳалли қазияи Афғонистон ва таъйиди мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон. Эъломияи Бишкек бар пояи шарикӣ гузоштани муносибатҳои ин давлатҳоро таъкид намуд.

4-5 июли 2000 – Душанбе. Эъломияи Душанбе. Дар ин саммит Президенти Узбекистон ба сифати меҳмон даъват шуд. Масъалаи асосӣ – омодагии тарафҳо барои мубориза бо терроризми байналмилал, экстремизми динӣ, сепаратизми миллӣ ва муомилаи ғайриқонунии маводи нашъадор.

15 июни 2001 дар Шанхай «Панҷгона» доир гардид, ки он бо қабули Узбекистон – ҳамчун кишвари муҳим дар минтақа, ки бе он ҳамкориҳои минтақавӣ наметавонад комил бошад – ба сохтори нав – Созмони Ҳамкории Шанхай табдил ёфт ва Эъломия дар бораи таъсиси ШОС қабул шуд, ки созмондиҳандагон 6 давлат мебошанд. Дар зимн сарони давлатҳо Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизмро имзо карданд.

Тавре қайд гардид, ҳадафи аслии ин созмон дар замони таъсиси худ, ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Чин ва ҳамсояҳои он буд, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ интизори ҳалли худ боқӣ монда буданд. Миёни Чин ва чор кишвари ҳамсояи он, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо Чин сарҳади муштарак доранд дар ин замина музокироти ҷиддӣ аз соли 1995 оғоз шуд. Ҳамин тавр, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай вохӯрии сарони давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” баргузор шуд, ки дар он масъалаи қабули Ҷумҳурии Узбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар заминаи нишасти мазкур Ӯзбекистон ба ҳайати “Панҷгонаи Шанхай” қабул гардид ва дар натиҷа Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид. Маврид ба зикр аст, ки Созмони Ҳамкории Шанхай то имрӯз дар асоси Хартияи СҲШ, ки соли 2002 қабул гардидааст, фаъолият менамояд. Мутобиқи Оинномаи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ҷониби давлатҳои аъзо қабул шудааст, вазифаҳои асосии ин Созмон чунин аст:

– мусоидат барои рушди муносибатҳои тарафайни дустона байни кишварҳои узв;

– густариши хамкорихои гуногунҷабха бо максади дастгирии сулх, амният минтака;

– муборизаи якчоя алайхи хама гуна зухуроти номатлуб аз қабили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва эксиремизм;

– муборизаи дастаҷамъона алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ярок, дигар навъҳои фаъолияти фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

– хавасмандгардонии хамкорихои минтакавии босамари сиёси, иқтисодӣ, мудофиавӣ, фархангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, наклиётӣ, карзӣ-молиявӣ ва дигар соҳаҳо;

– мусоидат ба рушди иқтисоди ҳаматарафа, инкишофи минтака тавассути фаъолияти якчоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо максади баланд бардоштани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо; – мавзунгардонии муносибатҳо дар рафти ҳамгароӣ ба иктисодиёти чахонӣ;

– мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи ухдадориҳои қонунгузории миллии давлат-аъзоён;

– дастгири ва густариши равобит бо дигар созмонхои байналхалки ва кишварҳои хориҷӣ;

– ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалки ва ҳалли муъфммрҳои ҷойдошта;

– ҷустуҷуи муштараки роҳҳои халли масоиле, ки дар асри XXI пайдо мешаванд.

Айни замон Созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат июни соли 2017 дар шаҳри Остона дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Ҳиндустон ва Покистон ба аъзогии Созмон пазируфта шуданд. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. СҲШ ҳамчун созмони байналхалқӣ дар раванди фаъолияти худ ҳадафҳои зеринро меҳвар қарор додааст:

Таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо. Тавре дар боло ҳам зикр намуда будем, яке аз муҳимтарин заминаи ташаккули СҲШ ин танзими муносибатҳои сарҳадӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар самти таъмини амнияти миллӣ ва тамомиияти арзии кишварҳои аъзо ташкил медод. Имрӯз низ СҲШ дар заминаи пайгирии манфиатҳои умумии давлатҳои аъзо шароит ва имконеро бавуҷуд овардааст, ки давлатҳо дар фазои дӯстӣ ва суботу ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои дохилӣ ва байнидавлатиро танзим ва ҳал намоянд.

Мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сиёсӣ. Давлатҳои аъзо дар асоси оинномаи СҲШ ҳамасола ҷаласа ва форумҳои доираи васеъ ва фарогири масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баргузор менамоянд, ки меҳвари асосии онро таҳкими низоми сиёсӣ, мубориза бо гуруҳҳои радикалӣ ва ҳифзи истиқлолу таъмини бехатарӣ ташкил медиҳад.

Муносибатҳои иқтисодӣ. Давлатҳои аъзои СҲШ дар асоси муносибатҳои мутақобила ва шарикии стратегии баҳри рушди иқтисоди давлатҳояшон ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ин муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои муосири амниятӣ аз қабили терроризму экстремизм ва сеператизм дар минтақа мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият дар доираи ташаббусҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди таҳлилу баррасии бештар қарор мегиранд. Дар робита ба пешгирии ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамоҳансозии амалиёту сиёсатҳо дар байни аъзоёни Созмон Форумҳо баргузор карда мешаванд. Ҳамингуна Форум дар шаҳри Душанбе низ соли 2016 баргузор гардида буд. Форуми Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, на танҳо барои кишварҳои узви СҲШ, балки ба тамоми минтақа як рӯйдоди муҳими сиёсию таҳлилӣ мебошад. Вазифа ва ҳадафи он таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини фаъолияти он мебошад. Мақомоти доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қароргоҳ дорад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таъсис ёфтааст. Сохтори мазкур дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзо дар мубориза бо терроризм нақши муҳим дорад. Боиси қайд аст, ки роҳбарияти Сохтор мазкурро дар ҳоли ҳозир намояндаи Тоҷикистон Ҷумахон Ғиёсов ба уҳда дорад. Намояндаи Комитети иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Артур Голованов иттилоъ дода буд, ки солҳои 2013-2017 азҷониби ин сохтор дар натиҷаи ҳамкориҳои муштараки мақомоти дахлдор 500 амали террористӣ ошкор ва пешгирӣ шуд. 440 пойгоҳи тайёрии низомии террористон барҳам хӯрда, зиёда аз 1000 нафар террорист безарару дастгир шуд ва аз онҳо 5 ҳазор яроқи оташфишон, 46 тонна маводитарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид.

Дар тӯли солҳои арзи ҳастӣ намудани Созмон 26 ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзо (1 ҷаласа-11 ноябри соли 2020 тариқи видеоконференсия баргузор шуд) доир гардид, ки дар онҳо умдатарин масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳими вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, дар доираи СҲШ давлатҳои аъзо дар самти густариши фарҳанг, илму маориф, муҳити зист ва экология, масъалаҳои энергетика ва об, таъмини субот ва сулҳ дар минтақа, рушди демократия ва дигар самтҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя бар усули сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таъмиқу таҳким бахшид. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар Созмон ба соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад. Дар фарҷом, мехоҳем қайд намоям, ки СҲШ аз оғози таъсиси худ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои одилонаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Бист соли фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки Созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли ҷорӣ 20-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад.

Мирзозода Ҳ. – омӯзгори факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ