ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

336

Истиқлол неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлол ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Истиқлол беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш буда, орзуи деринаи ҳар миллати озода, хосса тоҷикон, ки дар тули анқариб ҳазор сол дар таҳти ҳокимияти аҷнабиён қарор доштанд, маҳсуб меёбад. Дастовардҳое, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар тули 33-соли даврони соҳибистиқлолӣ ноил гардиданд ба ҳамагон рӯшан аст ва ниёз ба бозгӯйи онҳо нест. Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки дар ин мақола дар боби чигунагии ба даст омадани истиқлол, яъне қабули «Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» дар санаи 24-уми августи соли 1990 ва «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллии тоҷикон, ки бозгашти тоҷикон баъд аз садсолаҳо ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ҳарф занем.

Агар ба умқи таърих назар афканем ва ё китоби бузурги «Таърихи халқи тоҷик»-ро саҳифа гардонем, ба мо рӯшан мегардад, ки ҳатто баъд аз суқути нахустин давлати мутамаркази миллии тоҷикон-давлати Сомониён, ки тамоми сарзамини таърихии тоҷиконро фаро мегирифт, унсурҳои давлатдории тоҷикон аз байн нарафтанд. Давлатҳои Ғуриён (1149-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381) ва Сарбадорони Сабзавори Эрон (1335-1383), гарчанде ки дар ҳудуди андаке аз сарзамини паҳновари таърихии тоҷикон таъсис ёфта бошанд ҳам, дар таърих ҳамчун давлатҳои миллии тоҷикон шинохта шудаанд. Гарчанде ки дар садсолаҳои баъдӣ, то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25 октябри соли 1917) тоҷикон аз давлатҳои миллии хеш маҳрум монда бошанд ҳам, анъанаҳои давлатдории онҳо, ки аз даврони ҳукмронии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, аз замони салтанати Куруши Кабир (550-530 т.м.) ибтидо мегиранд, побарҷо буданд. Забони коргузории ҳамаи ҳукуматҳои аҷнабие, ки дар сарзамини таърихии тоҷикон салтанат кардаанд, забони форсӣ-тоҷикӣ буд.

Таърих муборизаҳои қаҳрамонона ва талошҳои пайвастаи миллати азияткашидаи тоҷиконро баҳри ба даст овардани истиқлол, ки саҳифаҳои китоби бузурги халқи тоҷикро пурҷило мегардонанд, ёд дорад. Агар андак ба дарунтари таърих фурӯ равем, мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ руҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон, ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:

Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдогаштаам,

Қатра-қатра ҷамъ гашта, боз дарё гаштаам.

Вале, мутаассифона, ин муборизаҳои қаҳрамононаи тоҷикон то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр натиҷаи дилхоҳ надоданд. Танҳо бо шарофати ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25 октябри соли 1917) ва Инқилоби халқии Бухоро (2 сентябри соли 1920) ба халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид, ки дар гӯшае аз сарзамини паҳновари таърихии тоҷикон давлати миллии хешро таъсис диҳад. Таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 заминаи мусоиде буд баҳри таъсисёбии давлати миллии имрӯзаи тоҷикон. Ҳанӯз дар ҳамон давра фарзанди фарзонаи миллат- Садриддин Айнӣ пайки истиқлолро эҳсос намуда, барҳақ гуфта буд:

Эй ситамдидагон, эй асирон,

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй азизон

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Истиқлоли давлатии тоҷикон маҳз аз таъсиёбии Ҷумҳурии Мухтор ва Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон ибтидо мегирад. Воқеан, таърих миллатҳои зиёдро ёд дорад, ки садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлол талош меварзанд. Вале, мутаассифона, ин неъмати бебаҳо ба онҳо насиб намегардад. Барои мисол миллати азияткашидаи курдҳоро ёдрас мешавем, ки тақдир онҳоро дар ҳудуди чор кишвар: Ироқ, Сурия, Туркия ва Эрон пароканда кардааст. Аз ин лиҳоз, нодида гирифтани таърихи 70-солаи даврони шуравӣ, бо ҳама гуна костагиҳо ва норасоиҳояш, мазмуни хиёнат ба таърихро дорад.

Пояҳои ҳуқуқии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабули «Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» дар санаи 24 августи соли 1990 ва «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар санаи 9 сентябри соли 1991 ташкил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки қабули Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон марҳилаи навбатӣ дар роҳи ба даст даровардани истиқлолияти комили давлатӣ маҳсуб меёбад. 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шуравии таҷдидёфта қабул намуд. Пеш аз қабули эъломия, дар вақти муҳокимаи он аз ҷониби Шурои Олӣ, як гурӯҳ олимони соҳаи ҳуқуқ лоиҳаи дигареро дар ин боб тайёр карданд, ки лоиҳаи алтернативӣ мебошад. Ба андешаи журналист Б. Каримов: “Эъломияи алтернативӣ санади хеле муфассал ва аз нигоҳи мазмуну муҳтавиёти ҳуқуқии худ ба талаби истиқлоли комили давлатӣ ҷавобгӯ буд, зеро муаллифони он дар тафовут аз мақомоти расмии онвақта фишору бархӯрдҳои ҳукумати марказиро камтар эҳсос мекарданд”.

Дар адабиёти таърихӣ Эъломияи мазкур гуногун арзёбӣ мегардад. Масалан, ба ақидаи муҳаққиқ А. Холиқзода «ин ҳуҷҷати ноқис буд ва аз ягон соҳибихтиёрӣ дарак намедод».

Вале аксари муҳаққиқон Эъломияи мазкурро мусбат арзёбӣ кардаанд. Тибқи маълумоти онҳо Эъломия ҳарчанд истиқлоли комили мамлакатро таъмин карда натавонад ҳам, барои истиқлоли давлатии соли 1991 заминаи мусоид фароҳам овард. Ба ақидаи муҳаққиқон “дар ин ҳуҷҷат ғояҳои яклухт будани мамлакат ва масъунияти он, ба даст овардани сарвати миллӣ, эълон намудани замин ва сарватҳои зеризаминӣ ва дигар намуди захираҳои табиӣ моликияти хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои сохтори нави бонкӣ ва мустақилона муайян намудани сиёсати молиявӣ бардошта шуда буд, ки ин ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ воридшавии арзишҳои нав шаҳодат медод”.

Лозим ба зикр аст, ки Шурои Олӣ бо истинод ба матни Эъломия «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шуравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқ»-и ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард».

Муҳаққиқон моддаи 4-уми Эъломияро, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ таҷассум ёфтааст, муҳим арзёбӣ кардаанд. Ба ақидаи онҳо дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад». Ба назари муҳаққиқон чунин вазифаҳо, ба амсоли мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.

Моддаи 15-уми Эъломия, ки ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст, бастани шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникиро дар назар дорад. Дар асоси ин модда ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ихтиёран ба уҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шуравӣ мегузоранд.

Умуман, қабули Эъломияи истиқлоли давлатӣ дар ҳайати Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шуравӣ дар санаи 24 августи соли 1990, сарфи назар аз ноқисиҳои он хеле муҳим буда, қадами зарурӣ ва устувор дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли комили давлатӣ маҳсуб меёбад. Вале, мутаассифона, Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шуравӣ, ки ҷиҳати созмон додани он президенти нахустини ИҶШС Михаил Сергеевич Горбачёв бо сарварони 9 ҷумҳурии собиқ Шуравӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 1991 гуфтушунид гузаронида буд, бунёд наёфт ва нуқтаҳои асосии Эъломияи мазкур низ дар амал татбиқ нагардиданд. Минбаъд 9-сентябри соли 1991 дар рӯзи эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки 9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гардида, дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул кард ва дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.

Изҳороти қабулгардида ба ақидаи доктори илмҳои таърих Намоз Ҳотамов бо назардошти тағйироти дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба амаломада Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, аз таъсисёбии давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ дар заминаи яке аз ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ дарак медод. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

Бояд қайд кард, ки Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби муҳаққиқони зиёд ва дар китобҳои бунёдию дарсӣ инъикос гардида, мусбат арзёбӣ шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқони таърихи сиёсии Тоҷикистон Изҳороти мазкур агар аз як тараф истиқлоли комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда бошад, аз ҷониби дигар бо назардошти умумияти иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «Оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, … бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр…» – ро дастгирӣ менамояд.

Гузашта аз ин, Изҳорот сиёсати ояндаи мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад.

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро ҷиҳати бунёди давлатдории миллӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, устувор намудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судманд бо субъектҳои дигари муносибатҳои байналхалқӣ фароҳам овард. Маҳз бо шарофати таъмини соҳибихтиёрии миллӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ вусъат ёфт.

Омӯзиши таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқии минтақавӣ ва байналхалқӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, сиёсати мутавозин ва санҷидашудаи хориҷии хешро муваффақона пеш мебарад. Маҳз бо шарофати истиқлол, мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналхалқии дунё гаштем. Тоҷикистонро 192 давлати дунё чун давлати соҳибистиқлол эътироф карда, имрӯз мо бо 183 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо 51 созмонҳои минтақавӣ, ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бо ниҳодҳои молиявӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст. Ба ақидаи муҳаққиқи ҷавон С. Ҷаъфаров “барқарор ва рушди ҳамкориҳо бо акторҳои муносибатҳои байналхалқӣ аз ду ҷиҳат дорои аҳамият мебошанд: аз як тараф ин гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва аз ҷониби дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳалли аксар масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ иштироки фаъолона дошта бошад”.

Умуман, ба назари мо истиқлол беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Истиқлоле, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст, маҳз бо қабули Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба миллати тоҷик насиб гардид, ки ин бозгашти давлати тоҷикон баъд аз садсолаҳо ба арсаи сиёсати байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷӯрабек МИРЗОЕВ,н.и.т., муаллими калони кафедраиминтақашиносии хориҷиифакултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ