ИСТИҚЛОЛ ВА НУФУЗУ ЭЪТИБОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН

231

Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлоли Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Албатта, дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ (ИШ) талошҳои соҳибихтиёр шудани ҶШС Тоҷикистон дар баъзе санадҳое, ки то августи соли 1991 қабул гардидаанд, вуҷуд доранд, ки мустақилиятро дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ маҳдуд мекард. Аз ҷумла, иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон низ 24 августи соли 1990 «Эъломия соҳибихтиёрии Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки мустақилияти ҷумҳуриро «дар доираи ИҶШС-и навшуда» пешбинӣ менамуд. Аммо фаъолияти ин эъломия дер давом накард, зеро дар соли 1991 ИШ бо сабабҳои гунонгун ба ҳолати ногувор гирифтор шуда, 18-21 августи ҳамин сол (ГКЧП) кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуд, ки ҳайъати он аз масъулони воломақоми ҳукуматии ИШ иборат буданд. Дар натиҷа кори ин кумита ба он оварда расонд, ки ҷумҳуриҳои дар ҳайъати ИШ буда, изҳорот қабул карда, мустақилияти худро эълон мекарданд.

Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бораи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот ва қарор қабул намуда, 4 январи соли 1992 бошад муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи эътироф кардани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ қабул гардид.

Дар ҳамин сол чанде аз давлатҳо сафоратҳои худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти хеш оғоз карданд.

Дар он рӯзгор беш аз 40 давлати дунё истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, сафарҳои расмии намояндагони давлатҳои пешбари дунё ба он сурат мегирифт. Вале ҳодисаҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳи соли 1992 ҳамаи ин дастовардҳоро дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ машкук сохтанд, зеро бо ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ гардид. Дар натиҷа ин сафоратҳои кушодагардида саффи коргарони худро кам мекарданд ва ё тамоман фаъолияти худро қатъ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк менамуданд.

Дар ҳоле ки марказ ва ҷануби ҷумҳурӣ ба макони муқовимати ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд, иҷлосияи 16 Шурои Олӣ даъвати дувоздаҳум дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 1992 дар муроҷиатномаи хеш ба мардуми Тоҷикистон корро сари масъалаҳое, ки барои ҳар давлати соҳибистиқлол моҳияти зербиноӣ доранд, ҳаётан муҳим ва стратегӣ арзёбӣ намуд. Дар ин муроҷиатнома таҷдиди пойгоҳи қонунгузории ҷумҳурӣ ва мувофиқ кардани он бо меъёрҳои байналмилалӣ, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд, дохил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ, таҳкимбахшӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои ИДМ, пеш аз ҳама, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигарон чун вазифаҳои муҳимтарин муайян гардиданд.

Дар даврони нооромиҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гаштан ба дастовардҳои хуб ба як роҳбари қавиирода, ватандӯст ва ҷонфидо эҳтиёҷи зиёде дошт ва ин нафар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои таҳким бахшидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон талошҳои зиёде намудааст. 8 сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи таҷлили истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани дуюми тоҷикони ҷаҳон суханронӣ карда, чунин қайд намуд: «Тоҷикистони тозаистиқлол сиёсати хориҷии худро дар асоси эҳтиром ва эътирофи меъёрҳои сиёсати байналхалқӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дифои манфиатҳои олии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, тамомияти арзӣ, мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ дар муносибати байни ҳамдигар, ҳамкории барои тарафҳо муфид ва судбахш танзим намояд.

Танҳо ҳамин гуна сиёсат метавонад амнияти Тоҷикистонро бо роҳҳои сиёсӣ таъмин созад, барои пешрафти ислоҳоти демократӣ ва равнақу ривоҷи иқтисодиёт, фарҳанг, илму маорифи он мусоидат кунад, ба ташаккули иқтисоди бозаргонӣ ва барқарор гардидани муносибатҳои нав ва босамари Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон мадад расонад.

Мо дар заминаи ҳамин усул ва бо дарназардошти манфиатҳои Тоҷикистон ният дорем бо тамоми кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои қавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барқарор намоем».

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ мегардад ва он нақшаҳоеро ки давлату ҳукумат ҷиҳати таъмини истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назди худ гузошта буд, ба тадриҷ амалӣ гашта истодааст.

Дар ин росто ташабусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ аз ҷумла “Соли 2003 – Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” ва ғайра баёнгарӣ соҳибистиқлолии давлати мо мебошад.

Қамаров А.З.,н.и.т. муаллими калони кафедраи мутолиоти Шарқ

Раҳмонов М.А.,н.и.ф. дотсент, мудири кафедраи мутолиоти Шарқ