Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлол барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шурои Олӣ Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав – Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омад. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз ёфт.
Сиву се сол муқаддам халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузурги таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар Истиқлоли давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлол волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлол давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣмебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.
Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Роҳи таърихие, ки бо сиёсати озмудашуда ва хирадмандонаву инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол халқу миллати тоҷик сипарӣ намуд, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд. Аз нахустин қадамҳои истиқлол доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони тоҷик ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмуъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, неруҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд. Имрӯз бо гузашти 33 сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чи нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чи масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат гуфтушунид бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид.
Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлол мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Дар чахоряки асри 21 мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд.
Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.
Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тули ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Мо вазифадорем, ки барои таквият ва тахкими бештари мавкеи минтакавй ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ -Тоҷикистон пайгирона ва муназзам талош намоем.
Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи Тоҷикистон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.Поянда бод истиклол ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ,номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ