Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ»-и кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар соли 2021

597

Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои калонтарин ва фаъол буда, имрўз 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад. Яке аз ташкилотҳои фаъоли Кумита ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» ба ҳисоб меравад. Ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» дар соли ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҷаласаҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. 

Шумораи аъзоён. Ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» яке аз ячейкаҳои асосии ҳизбӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи аъзоёнаш дар афзоиш аст.

Алҳол ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» 61 нафар аъзо дорад, ки аз ин шумора 24 нафар устодону кормандон  ва 27 нафар донишҷўён мебошанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ 23 нафар устодону донишҷўён ба сафи ҳизб пазируфта шуданд. Ҳуҷҷатҳои 2 нафар аъзо бинобар сабаби пур шудани шаҳодатномаи ҳизбӣ шаҳодатномаҳои нав дода шуд. Бояд зикр намоем, ки аксарияти устодони аъзошударо олимони ҷавон, магистрантон ва докторантон ташкил медиҳанд. Таъкидан зикр менамоем, ки ҷараёни ба сафи ҳизб шомил кардани аъзоён дар асоси Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Шумораи умумии занони аъзои ҳизб дар ташкилот ба 17 нафар мерасад, ки 6 нафарро устодону кормандон ва 11 нафарро донишҷўён ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аъзоёни ҳизб синну соли аз 18 то 30 сола 46 нафар ва аз 31 то 63 сола 15 нафаро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, таносуби ҷавонони аъзо дар кумита нисбат ба онҳое, ки аз 35 сола болоанд, хеле зиёд аст. Ҷавонони мо имрўзҳо дар вазифаҳои пурмасъул адои вазифа намуда, аз сиёсати имрўзаи давлат ва Президенти кишвар ҷонибдорӣ менамоянд. 

Аз ин баъд ташкилот мақсад дорад, ки сафи аъзоёни ҳизбро бо роҳи бурдани корҳои ташвиқотию тарѓиботӣ аз ҳисоби устодону кормандон ва донишҷўёни фаъол боз ҳам зиёд гардонад.

Ҳаракати аъзоёни ҳизб ва пардохти аъзоҳаққӣ. Назорат аз болои ҳаракати аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Ҷараёни мазкур дар ҳамбастагӣ бо раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш маълумоти лозимӣ дар бораи ҳар як аъзое, ки бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ меравад ё ба кор меояд, тавассути раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба кумита пешниҳод карда мешавад. Дар ин самт ягона мушкилии мо назорат бурдан аз болои ҳаракати донишҷўёни аъзо аст. Яъне на ҳама донишҷўён ҳангоми хатм кардани донишгоҳ барои аз қайди кумита баровардан ба мо муроҷиат мекунанд. Ин падида боиси он гаштааст, ки мо аз ҷараёни ҳаракати донишҷўёни аъзо ба таври бояду шояд назорат бурда наметавонем. Бо мақсади ҳалли саривақтии ин масъала ташкилот ҳаракати донишҷўёни аъзоро тавассути шуъбаи дуюми донишгоҳ ба роҳ мондааст, ки аллакай самараи хуб дода истодааст.

Албатта, яке аз вазифаҳои аъзои ҳизб пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ мебошад, ки ин масъала дар ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» ҳалли ниҳоии хешро ёфтааст. Агар солҳои аввали фаъолияти ташкилот аъзоҳаққӣ тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ карда мешуд, айни замон ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ муҳосиботи донишгоҳ муваззаф гардидааст. Яъне ҳар моҳ аъзоҳаққии шумораи умумии аъзоёни ташкилот мувофиқи низомнома ба таври худкор ба суратҳисоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронда мешавад. Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» дар самти пардохти аъзоҳаққии аъзоён мушкилӣ надорад.  

Обуна. Боиси қаноатмандист, ки ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба ҳама рўзномаҳои ҳизбӣ обуна буда, бар замми ин олимони факултет бо мақолаҳои пурмўҳтавои худ мунтазам аз минбарҳои ҳафтаворҳои ҳизбӣ ибрози андеша мекунанд. Ѓайр аз ин соли сипаригашта ҳайати кормандони илмӣ, докторантон, аспирантон ва донишҷўёни донишгоҳ, ки аксарият аъзои ҳизб мебошанд, дар 24 конференсияҳои дараҷаҳои гуногун 19 маърўза қироат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» мувофиқи нақшаи аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур тасдиқшуда ба ҳафтаномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» аъзо шуда, яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кумта аз иҷрои пардохти пурраи маблаѓи обуна баромад. Аз ин баъд кумита ният дорад, ки дар оянда ҳаҷми обуна ба ҳафтаномаҳои ҳизбиро вобаста ба шумораи аъзоёни ҳизб таҷдиди назар намояд.

Боиси тазаккур аст, ки тақсимоти ҳафтаномаҳои ҳизбӣ дар донишгоҳ тавассути шуъбаи умумӣ сурат гирифта, ҳама аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии кумита сари вақт аз мутолиаи онҳо бархурдор мешаванд.

Иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ. Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ»-ро иштироки аъзоёни он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзоёни ташкилот дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳои бар зиммаашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд. Соли сипаришуда аъзоёни ташкилот вобаста ба рўйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, аз қабили “Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Модар”, “Ҷашни ҷаҳонии Наврўз”, “Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рўзи Ваҳдати миллӣ”, “Рўзи дониш ва дарси сулҳ”, “30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи забони давлатӣ”, “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар баргузории  зиёда аз 50 номгўи чорабиниҳои расмӣ-фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишию солимгардонии донишгоҳӣ ва беруназдонишгоҳӣ саҳм гузоштанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ ташкилоти ибтидоии «Муносибатҳои байналхалқӣ» фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур  ба роҳ монда, дар рушду нумўи ватани азизамон ва расидан ба он мақсадҳои ниҳоие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, саҳми босазои худро мегузорад.

Натиҷаи чунин заҳматҳо буд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар аъзои ташкилот муовини декан оид ба таълим н.и.т, дотсент Ҷаъфарзода С.Х. ва муовини декан оид ба тарбия н.и.т. муаллимаи калон Ғайратова Ғ.А. бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин чанд нафар аз донишҷӯён дар ин вохури бо билети ҳизби сарфароз гардиданд.