ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДМТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

178

Декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, дотсент Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович дар конференсияи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок дорад.

Дотсент Ҷаъфаров С.Х., декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар кори конференсияи байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида истодааст, фаъолона ширкат варзида, доир ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ ва рушди дипломатияи илмӣ миёни муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистону Чин суханронӣ намуд.

Ҳузури номбурда дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ба муаррифии таҷрибаи таълимӣ ва илмии ДМТ мусоидат намуда, заминаҳои нав барои густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро фароҳам овард.