ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – БАРНОМАИ БУЗУРГИ БАШАРӢ

36

(чанд пешниҳод ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳамовозию ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо)

Шак нест, ки муносибати сарду бераҳмонаи инсон ба табиат имрӯзҳо сабаби пайдо шудани ноҷӯриҳо дар ҷисми Замин шудааст. Мутаасифона, гоҳо башарият ба умеди даст ёфтан ба пешрафтҳои тозаи илмиву техникӣ ва бо азми сохтани зиндагии мудерн инро нодида мегиранд, ки нисбати табиат зулмро раво мебинанд.Ҳамин аст, ки аз зарфиятҳои мавҷуд дар табиат бераҳмонаву ғайримунсифона истифода шудаасту шудаистодааст. Ин “талош”-и инсонҳои рӯйи олам барои расидан ба зиндагии “шоиста” боис шудааст, ки ҷангалҳо нобуд шаванд, ҳайвоноту набототи нодиру барои ҳастии табиат аз ҳар лиҳоз муфид маҳв гарданд, ҳавои зиндагии инсон дар табиат олуда ба ғализӣ, нопокию ифлосӣ шавад, манобеи ба вуҷуд омадани оби тозаи ошомиданӣ, дар мисоли пиряхҳо ба коми барбодӣ раванд, гармии тоқатфарсо дар табиат ҳукмронӣ кунад ва хулоса табиат эътидоли худро аз даст диҳад.Яъне, инсон ба дасти хеш макони асосии зиндагияш-Заминро ба ин ҳоли табоҳ овардаистодааст.Аз ин навъи муносибат беш аз ҳама кӣ зиён мебинад? Албатта, боз ҳам инсонҳо.Ба таъбири дар адабиёт маъмул мо тамоми дарахтони ҷангалҳоро бо ҳадафи қаламсозӣ табар задем ва бо қалами сохтаи хеш “Зинда бод, дарахт!” навиштем.Ин аст, ки ноҷӯрии табиат боиси пайдо шудани маризиҳои тоза дар ҷону тани мардуми олам шудаистодааст.

Албатта, чуноне ки дар сатрҳои боло ишора кардем, яке аз ин хатарҳои аз доираи эътидол берун шудани табиат бо мурури замон аз байн рафтани манбаи асосии ба вуҷуд омадани оби тозаи ошомиданӣ-пиряхҳо мебошанд.Солҳои охир таъсири офатҳои табиӣ боз ҳам афзуда, захираҳои обии пиряхҳо торафт кам мегардад. Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон, имрӯз дар тамоми ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одам имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданиро надорад. Беш аз 7 миллион одам ҳар сол ба сабаби беморие, ки аз об гирифтор мешаванд, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора, 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд.

Албатта, гоҳе бе даст доштани инсон ҳам пиряхҳо ба таври табиӣ аз байн мераванд, вале агар барои пешгирии ин ҳолати ногувор роҳкорҳои мушаххасу дар ҳоли мушаххас шудан вуҷуд намедоштанд, мисли дигар ташаббусҳои судманди ҷониби Тоҷикистон дар соҳаҳои об ва иқлим, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, қабул намекард.Сарвари давлати мо барои муассир муаррифӣ кардани ин ташаббуси барои оламу одам саршор аз аҳаммият ин ва дигар ҷумлаҳоро ба забон оварданд: “Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад”.

Албатта, барои мо мояи ифтихор аст, ки чун дигар ташаббусҳо ин иқдоми тозаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст.Мавриди зикр аст, ки қатъномаи мазкур аҳамимяти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҳанӯз 23-юми апрели соли 2022 чунин таъкид намуда буданд: “Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худ-ро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад”.

Дар ин баробар, Сарвари давлат, ташаббускори таъсиси “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об, мушкилоти экологии сайёра мебошанд.

Дар ин замина, ҳоло кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, мушаххас намудани “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” якҷо бо шарикони байналмилалии худ даст ба кор мебошад.

Бояд зикр намуд, ки амалӣ кардани барномаи бузурги ҳифзи пиряхҳо ба маънои ҳифзи табиат аз нестиву нобудист. Аз ин лиҳоз, рӯйи даст гирифтани чунин як ташаббус кори саҳлу соддае нест.Барои мо мардуми Тоҷикистон мояи ифтихор аст, ки чунин Сарвари огаҳ аз ояндаи башарият, дилсӯз ба табиат ва ташаббускор дорем.Албатта, пайдо шудани ноҷӯриҳо дар табиат Сарвари давлати моро ба унвони як тоҷик ором гузошта наметавонад, зеро Тоҷикистон ҳам бахше аз сайёраи Замин аст ва агар дар ин кураи арз фалокате рух диҳад, зарараш ба мо ҳам мерасад.Аз ин лиҳоз, дар навбати аввал аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар шахси Пешвои муаззами миллат мо шаҳрвандони ин кишвари ташаббускор мебояд садоқатмандона ҳаводорӣ кунем ва ба ин шева ба мардуми олам, хоса роҳбарони давлатҳо фаҳмонем, ки бидуни ҷонибдорӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳое монанди ҳифзи пиряхҳо наметавон оламу одамро аз хатари батамом беоб мондани сайёраи Замин дар амон нигоҳ дорем, зеро пиряхҳо манобеи асосии фароҳам будани оби ошомиданианд ва бечуну чаро бояд ҳифз шаванд.Аммо суоле пайдо мешавад, ки шеваи ҷонибдории мо аз ин ташаббуси умумибашарии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо бояд чӣ гуна бошад?Мо дар ин замина чанд пешниҳодеро ироа медорем, ки шояд баъзеи онҳо амалӣ шудан доранд ё дар ҳоли амалӣ шудананд.Вале ин назари фардии мост ва шояд дар комил шудани фарҳанги ҳамовозӣ ва ҷонибдории мо мардуми Тоҷикистон аз ин ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карда тавонад:

1.Тоҷикистон, ки пешоҳанги асосӣ дар амалӣ кардани ин ташаббуси судманди умумибашарист, дар навбати аввал мо бояд барои баланд бардоштани сатҳи дониш, идроку тафаккури олимони соҳаҳои марбут ба ҳифзи табиат, махсусан илми пиряхшиносӣ беш аз пеш талош намоем. Коргоҳҳо (лабараторияҳо)-и махсуси ин соҳа бояд мунтазам даст аз амалкардҳои судманд дар самти фаро гирифтани донишҳои муосири шинохт ва ҳифзи пиряхҳо барнадоранд. Дар ин самт муҳаққиқони соҳаро мебояд, ки мақолаҳои илмиро бо фарогирии андешаҳои тозаву дархӯр дар самти ҳифзи пиряхҳо таълиф созанд ва бо забонҳои гуногун дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва пойгоҳии хабарӣ-илмии пурнуфуз дар олами интернет ба нашр расонанд.Албатта, барои Тоҷикистон талош барои омода кардани мутахассони варзидаи соҳаи пиряхшиносӣ амри ногузир аст, зеро вақте ки Сарвари як давлат аз ҳифзи пиряхҳо ҳарф мезанад, бояд дар канораш олимони варзидае бошанд, то бо ироаи роҳкорҳои дархӯр барои ҳифзи пиряхҳо аз нобудӣ ин ташаббусро дар олам боз ҳам бузургтар ҷилва диҳанд;

2.Муҳим аст, ки Тоҷикистон ба унвони пешоҳанги ин ташаббус дар интернет пойгоҳи ягонаи хабарӣ-илмӣ ё Агентии миллии хос барои тарғиби ҳамаҷонибаи ҳифзи пиряхҳо фаъол созад.Дар тамоми анвои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ саҳифаи ин пойгоҳро мебояд роҳандозӣ намуд;

3.Таҳия ва пешниҳоди филмҳои ҳуҷҷатӣ, илмӣ, таърихӣ, бадеӣ ва дигар корҳои ҳунарӣ перомуни пиряхҳои Тоҷикистон бо зернависи англисӣ;

4.Омода кардани суруд (гимн)-и хоси “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо истифода аз забонҳои расмии дар СММ тасдиқшуда;

5.Таҳия ва нашри маҷаллаҳои атласӣ бо ҷой додани тасвирҳо аз пиряҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон;

6.Дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳифзи табиат роҳандозӣ кардани озмунҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар робита ба ҳифзи пиряхҳо (бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон, фонди махсуси СММ, созмонҳои байналмилалии ҳифзи табиат);

7.Таъмини иштирок ва суханронии олимони пиряхшиноси тоҷик дар телевизионҳои байналмилалие, ки ба таҳия ва нашри вежабарномаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи табиат, махсусан ҳифзи пиряхҳо аз нобудӣ машғуланд;

8.Дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба хонандагону донишҷӯён ҳифзи пиряхҳоро чун ҳадафи бузурги миллӣ ва умумибашарӣ маънидод кардан;

10.Дар яке аз воҳидҳои асъор (пул)-и миллӣ ҷой додани рамзи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

11.Насби тасвирҳои хосу ҷаззоб аз пиряхҳои Тоҷикистон дар экранҳо (табло)-ҳои тарғиботии шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе;

Дар тақвияти пешниҳодоти ироашуда дар интиҳои ин матлаб бояд қайд намоем, ки пешниҳоди ташаббуси тоза дар соҳае ҳоло ибтидои роҳ аст. Ташаббуси пешниҳодшуда он замон бузуртару фарогир ва байналмилалитар мешавад, ки дар амалӣ кардани он беш аз дигарон худ пешоҳангу раҳнамои мамолики олам бошем.

Асламшозода Фотима,муаллимаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ,

Назарова Хайринисо Акрамовна,омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии педагогика