ИФТИТОҲИ МАРКАЗУ ТОЛОРҲОИ ЗАМОНАВӢ

266

Имрӯз (19.05.2023) барои ҳайати устодону кормандони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллӣ рӯзи хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултет ифтитоҳи якчанд марказу толорҳои таълимӣ-тарбиявӣ: Маркази коршиносиву таҳлилӣ, Маркази ягонаи назорати раванди таълим, Китобхонаи дасхатҳои ниёгони бурунмарзӣ бо таъмири замонавӣ, ҳамзамон, толори Шурои олимони факултет дар фазои кории барҳавою замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи марказу толорҳо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети муносибатҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ҷиҳати беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки Маркази коршиносиву таҳлилӣ, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани таҳлилҳои воқеӣ ва пешгӯии раванду тамоюлҳои таъсиррасон ба сиёсати амалӣ буда, он бо компютерҳову дастгоҳи чопӣ таъмин мебошад.

Зимни ифтитоҳи Китобхонаи дастхатҳои ниёгони бурунмарзӣ, ки бо таъмири замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, таъкид гардид, ки дар китобхона 43 дастхатҳои нодир, ки аз он 10 номгӯи адабиёти авастоӣ ва номгӯи 9 852 дастхати тоҷикӣ, ки дар 20 феҳристи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ шудааст, нигоҳ дошта шудааст. Ҳамзамон, беш аз 2000 китобҳои электоронӣ низ ҷамъоварӣ шудаанд.

Маркази ягонаи назорати раванди таълим аз ҷумлаи марказҳое мебошанд, ки барои назорати ҷараёни таълим ва беҳтар намудани раванди дарсҳо мусоидат менамояд.

Дар зимн гуфта шуд, ки марказу толорҳои зикршуда барои раванди илму таълим ва беҳтар гаштани шароити илмомӯзӣ имконияти хубро фароҳам месозад.

Ёдрас мешавем, ки ташкилу таъмин ва тармими чунин утоқҳои корӣ дар самти беҳтар гардонидани раванди илмомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ судманд мебошад.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таъсиси чунин марказҳоро иқдоми нек арзёбӣ намуда, қайд кард, ки он барои такмили донишҳои замонавӣ, инчунин, пайвастани илм бо амалия саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.