ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ МУАРРИФИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

14

Дар ҳақиқат яке аз марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатории миллӣ ва соҳибихтиёрии тоҷикон ба баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост меояд. Бояд иброз дошт, ки пас аз барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани давлатҳои иттифоқӣ Тоҷикистон ҳам ба мисли дигар акторҳои сиёсӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Вале мутаассифона нигаҳдошти ин падидаи нодир ба осонӣ муяссар нагардиду ҷомеа ба буҳрони сиёсӣ гирифтор шуд. Тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар боиси ташаккули ҳизбу ҳаркатҳои мухталиф гардид, ки ҳадафи аксари онҳо ҳокимияти олӣ буд. Аз хориҷ гуруҳҳои мушаххас сарпарастии ҳаракатҳои тундарвро дар Тоҷикистон ба душ гирифта, ба маркази амалӣ гардидани ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии хеш табдил додани он талош намуданд. Пояҳои ҳукумати кишвар аз боиси фалаҷ гардидани аксар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ заиф гардид. Хатарҳои зиёд ба тамомияти арзии давлат ва Истиқлоли миллӣ таҳдид мекард. Дар чунин марҳилаҳи сарнавиштсози миллату давлат бо ташаббуси қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳи миллат зарурати даъвати Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ пеш омад.

Аз санаи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия аз 236 нафар 193 нафар ширкат намуда, 23 масъалаи муҳиму зарурии ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии раванди баргузории иҷлосия инбихоби Раиси Шӯрои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ниҳоят 19-уми ноябр аз ҷониби ҳайати вакилони мардумӣ раиси вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Вазъи минбаъдаи мамлакат бори дигар собит намуд, ки интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дурустарин қарори ҳайати валкилони халқ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар воқеъ гардиши куллие дар таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосия намояндагони халқи кишвар ба умеди раҳоӣ ёфтан аз парокандашавии давлат тақдири онро ба чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд. Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медид ва барои дар амал татбиқ намудани ин заҳмати зиёд кашид. Роҳи сулҳу ваҳдати миллиро дар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва бахшиши ҳамдигар медид. Дар чашми миллат нобоварӣ ба оянда медурахшид. Аммо ин ҳама бадбахтии ба амаломадаро Худованд тавассути як фарзанди ин диёр, писари деқон, заҳматпеша ва аз ғами халқу миллати хеш бохабар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баратараф намуду ба миллати тоҷик имкони ҳастӣ ва давлатдорӣ ато намуд. Пешвои миллат сарварест, ки 6 сол ҷони худро дар хатар монду ҳайати мухолифинро ба имзои созишномаи сулҳ ва ризояити миллӣ розӣ кунонид.

Роҳи 33-соли сипаринамудаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки ӯ ба боварии на танҳо намояндагони халқ, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён сазовор гардид. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат исбот намуд, ки он ба ҳайси як давлати миллӣ арзишҳо ва манофеи миллиро аз ҳамаи дигар арзишҳову манфиатҳои фаромилӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динию мазҳабӣ воло дониста, дар ҷойи аввал гузошта, ҳамеша барои беҳбудӣ, пешрафт ва сарбаландии тоҷикону Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додааст.

Омили асосии муваффақияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудиҳши ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва наҷоти давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эсос кардан ва ба халқ такя кардани ӯ мебошад. Пешвои миллат дар тамоми марҳалаҳои гуфтушунид бо ҳайати мухолифин дар самти ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот ба ягон гуруҳи мушаххаси сиёсӣ ва қудратӣ хориҷӣ такя накард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонист, халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонад ва давлатро аз вартаи нобудӣ берун кашад. Пешвои миллат, ки аз байн халқ баромада буд, аз дарду талаботи ҷомеа ба хубӣ огаҳ буд ва дарк мекард, ки ба миллати тоҷик чи лозим аст ва чи бояд кард, ки сулҳу оштиро миёни миллат ба вуҷуд овард.

Мардумӣ будани ин фарзанди фарзонаи миллат то имрӯз собит шуда истодааст. Ӯ ягона шахсияте буд, ки дар чунин ҳолати вазнину марккаби ҷанги шаҳрвандӣ ба халқ такя карду манфиати эшонро ҳимоя намуд. Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки бештар диққати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаи сарнавиштсоз ҷалб карда буд, баргардонидани муҳоҷирони иҷбории ба Афонистон рафта буд. Аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин мамлакати ҷангзада Сарвари давлатро бештар нигарон кард. Аз ин рӯ ӯ яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таҳкими боварии тарафайнро дар Тоҷикистон пеш аз ҳама дар баргардонидани муҳоҳоҷирон медид.

Бо ибтикори Сарвари давлат аркони муҳимми давлатӣ ба монандӣ сохторҳои қудратӣ, Конститутсия, артиши миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ташкил ва қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо дар амал татибиқ шуду Истиқлоли давлатӣ аз зери хавфу хатар ва таҳдидҳои бемаҳал ҳифз карда шуд. Танҳо рамзҳои давлатӣ соҳибихтиёрии миллату давлати тоҷиконро муаррифӣ карду артиши миллӣ пояҳои истиқлолро ҳифз намуд. Конститутсия бошад, мавқеи ҳар шахсро дар ҷомеа ва дар назди давлат муайян карду рушду дурнамои давалатдории тоҷиконро мушаххас ва равашан намуд. Танҳо ҷуръати инсонӣ ва тасмими қавии ин фарзанди фарзонаи миллат, ки бори гарони бунёди давладории миллиро ба душ гирифт, худ қаҳрамонӣ ва корномаи беҳамто аст. Ӯ бе дудилагӣ, бо тасмими мардонагӣ ва шуҷоати фавқулода ба души худ масъулияти вазнину мураккаби хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, эъмори пояҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдории миллиро гирифт.

Роҳи таърихие, ки мардуми тоҷик пас аз Истиқлол ба даст овардан тай намуд, шоҳроҳи ҳамвор набуд. Душвориҳои амалӣ дар роҳи рушд ва эътирофи он аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири касби мақоми шоиста дар арсаи байналхалқӣ ва муаррифӣ аз миллат ва фарҳанги Тоҷикистон аз лаҳзаи касби Истиқлоли сиёсӣ возеҳ шуданд.

Ворид шудан ба Созмони Милали Муттаҳид – ин қадами аввалин барои воридшавӣ ба маҷрои ҷаҳонии муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Аз ин рӯ бо касби Истиқлол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ворид гаштан ба ин созмони универсалии байналхалқӣ буд.

Ба маврид аст, ки ин усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистон минбаъд такмил ёфта, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлат ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушод” интихоб карда шуд, ки минбаъд ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳхоҳ амал карда, натиҷаҳои дилхох дод ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муайян кард. Дар айни замон бо интихоби сиёсати воқеъбинона, дурандешона ва пешбурди низоми пешрафтаи давлатдорӣ Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар раванди ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод шинохта шудааст.

Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон таъкид намудааст, ки “Сиёсати хориҷии “дарҳои кушода”-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтааст”.

Бояд тазаккур дод, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишон додани ҳадафҳо ва усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Иҷлосия дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид. Дар он муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тарҳрезӣ шуданд:

• Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;

• Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои мутақобила ҳамкорӣ кунанд;

• Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ;

• Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон;

• Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории мутақобила, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо;

• Дарёфти ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Таҳаввули тадриҷии ин усулҳо дар асарҳо, мақолаҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ инъикос ёфтаанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат пойгоҳи мустаҳками амалисозии сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, ки самтҳои зеринро дар бар мегирифт;

1. Ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.

2. Мушаххас намудани салоҳияту мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ.

3. Рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои дипломатии хориҷи кишвар.

4. Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ.

5. Фароҳам овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшаҳои созанда ва ҳадафҳои сулҳомез, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои дӯсту сулҳдӯсти ҷаҳонро пешниҳод намуд. Ин суханронӣ аслан пешниҳоди шакли мухтасари қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI ба кишварҳои аъзои СММ буд, ки татбиқи пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо кишвари моро ҳамчун давлати дорои ташаккули дипломатияи устувор, пайгирона, шинохтанӣ ва қобили пешгӯйӣ муаррифӣ намуд, ки дар тӯли солҳои Истиқлол даҳҳо маротиба тасдиқ гардидааст.

Ҳамчунин, дар заминаи муқаррароти асосии Иҷлосияи XVI санади сарнавиштсози даврони Истиқлол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Дар моддаи 11 он моҳияти сиёсати хориҷии кишвар дар заминаи сиёсати сулҳхоҳонаи ҷумҳурӣ, ки аз Иҷлосия манша мегирифт чунин муайян шудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Боиси таъкид аст, ки бинобар таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва рушди дохилӣ мардуми мо ба Конститутсия се маротиба тағйирот ворид намуданд. Вале моҳияти моддаи марбут ба сиёсати хориҷӣ як хел боқӣ монда, сулҳҷӯйӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва тамаддуни тоҷинро инъикос менамояд.

Вақте тамоми талошу заҳматҳо ва дастовардҳои даврони Истиқлолро ба таври объективӣ натиҷагирӣ менамоем ба боварии комил метовон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих шарафмандона иҷро намудааст. Ана ҳамин талошу заҳматҳо ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки аввал хатарҳои давлати нав ба истиқлолрасида бартараф гардиду, пояҳои устувори рушди бомароми Тоҷикистон гузошта шуд.

Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Замина ва асоси тамоми дастовардҳои даврони Истиқлол ва давлатдории миллли Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи XVI ва қарорҳои қабулнамудаи тақдирсози он, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари давлат, муайян гаштани моҳият ва усулҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор мераванд.

Ҷаъфарзода Сайҳомид Хайриддинн.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ