ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ – ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

121

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити мураккаби таърихӣ ташкил ёфт ва ҳаёти нави худро оғоз намуд, вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ гирдиҳамоии шадидро ба вуҷуд оварда,соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хатар гузоштанд.

Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъият зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи таъсис ёфтан ва ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид.

Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоб – ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Эмомали Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, қасам ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад. Пас аз ба охир расидани Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз намуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣмуаррифӣ намуд.

Орзӯи халқи тоҷик дар бобати барпо намудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷомаи амал пушид ва аз соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ваҳдату ягонагӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад.

Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиятҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣасос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.

Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад бар ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 32-солагии онро ботантана чун иди умумимиллӣ таҷлил мекунанд.

Барои омӯхтани таърихи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки асарҳои илмӣ, маводи гуногуни таърихӣ ва сарчашмаҳои фаҳангиро самаранок истифода баранд.

Бо гузашти 32 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон, метавон хулоса намуд, ки ин иҷлосия, дарвоқеъ барои миллати соҳибтамуддуни мо тақдирсоз буд.

Саидова Ф.Ҳ. дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ

Маҳмудзода М.Қ. муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ