ИҶЛОСИЯИ XVI – ОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

12

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, ҷанги таҳмилии бародаркуш ва оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Иҷлосия асолати таърихии миллати тоҷик – инсондӯстӣ, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро барқарор намуда, дастархонашро бо умед ва баракат пур кард.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хирад, ирода ва ҷасорати худ тавонистаанд, сарнавишти халқу Ватанро тағйир диҳанд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимнан Иҷлосияи XVI Шӯрои оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро бо хусусиятҳои хоси худ ишғол менамояд. Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдории он халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз бурҳони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат, наҷот додани он аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа асос гузошт.

Маҳз ба бахти миллати бузурги тоҷик, таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату бофарҳанг ва бонангу номуси тоҷик муяссар гардид.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, инчунин таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки ба бахти мардуми шарифи тоҷик ҷавонмарди далеру ғаюр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат аз аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар саргаҳи ин муборизаҳо қарор дошт ва ниҳоят ба шарофати талошу ҷоннисориҳо ба чунин рӯзҳои нек мушарраф гардидем, ки аз ин падидаи нодири таърихӣ ҳамагон мудом шукргузор бояд бошем.

Президенти Федерaтсияи Русия Влaдимир Путин, доир ба ин шахсияти бузург чунин иброз дошта буд, ки “Эмомaлӣ Рaҳмон яке aз симоҳои бaрҷaстa будa, бaйни сиёсaт – мaдорони Иттиҳоди Дaвлaтҳои Мустaқил мaвқеи нaмоёнро ишғол мекунaд. Ин беҳудa нест. Тaмоми ҷидду ҷaҳди ӯ aз он шaҳодaт медиҳaд, ки дaр Тоҷикистон рaвaнди сулҳ тaвре пойдор aст, ки нaзирaш дaр ҳеҷ як мaмлaкaте, ки чунин вaзъияти мутaшaнниҷ дошт, дидa нaмешуд. Ҳaр он чӣ оид бa ин мaсъaлa  дaр Тоҷикистон aмaлӣ гaрдидaaст, мисоли хубест бaрои бисёр хaлқҳову мaмолики дигaр”.

Воқеан ҳам мо ба масири сиёсати сулҳу ваҳдатофарии Пешвои миллат аз замони ба сулҳу суботи комил расидан як назари иҷмолӣ андозем, пас маълум мегардад, ки маҳз бо сабру таҳаммул ва ҳамзамон дурандешӣ ва саъю талошҳои хастанопазиронаи ӯ давлату давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт.

Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи навини Тоҷикистон, ин саҳифаи сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Бо ташаббусу ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз солҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми тоҷик ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расиданд. Бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид. Ин воқеа поёни ҷанги хунин ва оғози марҳалаи нави таърихи Тоҷикистони муосир гардид. Аз ҳамон замон кишвар ба роҳи рушди устувор, оромӣ, ваҳдат ва суботи сиёсӣ ворид шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои хирадмандона нишон доданд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ арзишмандтарин неъмати иҷтимоиву сиёсист ва дар тамоми суханрониҳояшон таъкид мекунад, ки: «Сулҳ беҳтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик аст ва ҳифзи он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд мебошад».

Ҳамин андешаи ватандӯстона ба сиёсати дохилии кишвар рӯҳ бахшида, онро ба сӯи субот ва ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ намуд.

Матонат ва иродаи қавию дурандешии Пешвои муаззами миллат буд, ки зимни баргузории Иҷлосияи XVI- уми тақдирсози миллат, мавсуф аз ҷумла чунин иброз намуда буданд: “Мақсади асосию ягонаи мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем!”.

Бешубҳа Пешвои миллат дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба Пешвои миллат на ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёси, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкори, созандагӣ ва хештаншиносиро фароҳам оварда шуд. Имрӯз бо қаноатмандии комил гуфта метавон, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро дар сатҳи баланд ташкил ва арзёбӣ намуд.

Иҷлосия барои ҳамаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, марҳалаи ибратомӯз ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба волоияти қонун ва иҷрои нақшаҳои азими созандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста дар амал татбиқ меёбанд.

Ҷамшед Абдуллоев, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултетимуносибатҳои байналхалқии ДМТ