ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

196

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун рӯйдоди беназири сиёсию иҷтимоӣ сиккаи зари холисро мемонад, ки дар як тарафи он анбӯҳи пурсишҳои ҳалталаб ва дар тарафи дигари он дурнамои посухҳои умедбахш ҳаккокӣ шуда буд. Андаруни рӯйхати ҳамин пурсишҳо дарёфти сохти давлатдории навин дар кишвари мо ба гунае барҷаста бозгӯ гардид. Пӯшида нест, ки масъалаи интихоби ояндаи давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ баробари мақомоти мавҷудаи сиёсӣ боз ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад, ки мавқеъгирии онҳо бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва динӣ омезиши шадиди меъёрҳои демократию теократӣ ва дунявию ухравӣ дошт. Ин қувваҳои нави сиёсӣ саъю талош мекарданд, ки анде­ша­ҳои худро талқин намуда, пешоҳангиро дар масъалаи муайян кардани сохти давлатдории ҷумҳурӣ тасарруф намоянд. Илова бар ин, эълони истиқлолият вазъияти сиёсиро мураккаб гардонида, беқонунию бенизомӣ ва буҳрони идоракунии давлатиро ба вуҷуд овард. Ин ҳолат ба беқурб шудани қонунҳои пештар амалкунанда ва ҳанӯз таҳия нагардидани қонунҳои нав пайванди ногусастанӣ дошт. Муяссар нагашта­ни қабули саривақтии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурии моро дар солҳои 1990-92 ба вазъияти кишварҳои ҷангзада сахт монанд карда буд. Вазъи пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҳам барои баргузор намудани ҳар гуна чорабинӣ созгор набуд.

Аз ин рӯ, даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози таҳаввулот ва гардиши куллӣ дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Ин иҷлосия мебоист ба ду масъала ҷавоби сазовор ва боэътимод медод: якум, оё вазъи ногувори сиёсию иҷтимоӣ, ҷангҳои бародаркушии дохилӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кардани мардум ва равандҳои ҷудоихоҳӣ идома меёбад ё ба он хотима дода мешавад; дуюм, шакли давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Дар посухи ҳамин ду масъалаи печида Сарвари анҷумани ра­ҳо­ибахши Шӯрои Олӣ бо таъбири «Ман ба шумо сулҳ меорам» ҳамаро ҳуш­ёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханонро ончунон па­зи­руф­танд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ нишасти бози давлат мегӯянд. Ин падида дурахши шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад. Сарвари ҷавони тоҷикон дар баробари нияти сулҳоварӣ 19-уми ноябри соли 1992 ҷасурона изҳор доштанд, ки роҳи мин­баъда ва сохти давлатдории ояндаи Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ва бо ҳамин мавқеи устувор тақдири давлатдории навинро аз нигоҳи назарияи сиёсӣ поягузорӣ намуданд, ки он гарави саодати миллати тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистон гардид.

Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз се марҳалаи муҳимми рушди кишвари мо – оғози берун омадан аз буҳрони амиқи сиёсию идеологӣ, расидан ба сулҳи пойдору ваҳдати миллӣ ва пазируфтани фарҳанги созандагию бунёдкориро ҳамчун кафили бақои сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт зина ба зина муҳайё сохт. Вазъи печида ва буҳронии ҳамон солҳоро Пешвои миллат ба муносибати сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ёдовар шуда, чунин баён карда буданд: “Давраи аввали соҳибистиқлолӣ ба замоне рост омад, ки қувваҳои исломгарои радикалӣ ҷунбишҳои навзуҳури демократиро таҳти нуфузи худ қарор дода буданд. Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд. Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимми дигарро низ хотиррасон бояд кард, ки роҳбарони аввали кишвар, мақомоти он ва сарварону кормандони сохторҳои ҳизби ҳокими вақт натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд».

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи таърихӣ дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат – беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид. Баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сангини таърихӣ – гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид гардидани давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба зиммаи худ гирифтанд.

Воқеан, дар ҳамин иҷлосия роҳбарияти нав интихобшудаи давлату Ҳукумат 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карданд, ки ҳамчун санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои бақои миллат зарур буданд ва умеде барои расидан ба сулҳу субот ва сарҷамъ наму­да­ни мардуми кишвар пайдо шуд. Ҳуҷҷатҳои муҳимми дар он рӯзҳо қабулшуда якбора имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи писандида тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷи­кис­тон ҳамзамон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибис­тиқ­лоли тоҷиконро ба миён овард. Дар он давраи ноором ҳамзамон ҳайати нави Комис­сияи конститутсионӣ тасдиқ гардид ва ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин раванд яке аз масъа­ла­ҳои муҳимме, ки қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бояд ба он посухи муътабари ҳуқуқӣ медод, мавзӯи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар шароити рушди мустақилонаи давлати ҷавони тоҷикон буд. Номуайянӣ дар фаҳмиши ин масъала бархӯрди манфиатҳо ва тақвият ёфтани таассуби диниро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ буҳронӣ нигаҳ дошта метавонист, ки сабаби суиистифодаи неруҳои таъсиргузори беруна мешуданд. Хушбахтона, дар матни моддаҳои 1, 8, 26, 30 Консти­тут­сияи замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқии таҳияи қонунҳои вобаста ба ин самти фаъолияти шаҳрвандӣ поягузорӣ гардид.

Рушди минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар нишон дод, ки роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар фаъолияти худ таъмини принсипҳои усулии дар моддаи 1-уми Конститутсия баёншударо дар матни тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати дав­латӣ дар бахши дин пайгирона татбиқ намуд. Ҳамин буд, ки бо гузашти айём Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 26-уми марти соли 2009, №489 қабул гардид, дар масъалаи озодии виҷдон баёни возеҳи фар­ҳанги таҳаммулпа­зи­рӣ ва ҳамзистиро дар пешгуфтори худ ғунҷоиш дод ва дар муайян намудани ҳудуди муваффақонаи арзишҳои миллӣ ва динӣ нақши мондагор гузошт. Ва ба қавли маъруф, мӯйро аз хамир моҳирона ва эҳтиёткорона ҷудо кард. Дар пешгуфтори Қонуни мазкур баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

Ҳамин марҳилаи тайшударо давраи эҳёи сиёсиву маънавии миллати куҳанбунёд ва давлатдории навини тоҷикон номидан мумкин аст. Дар тӯли бештар аз сӣ сол дар Тоҷикистон фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва ташаккули созандаи мафкураву ҷаҳонбинии мардум фароҳам омад, раванди созандагию ободонӣ густариш ёфт, манфиатҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ҳимоя гардиданд, забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонӣ шуд, арзишҳои волои маънавӣ бар хурофот боло гирифт.

Раванди ҷусторҳои асолати давлатдории миллӣ андаруни мероси маънавӣ буд, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги гузашта, бегонапарастӣ ва таассуб тадриҷан заиф гардида, ойини ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тақвияти бесобиқа пайдо кард. Ҳамин дигаргуниҳои хушоянд боис гардиданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи арзандаи худро дар раддаи давлатҳои мутамаддин пайдо намояд ва парчами он дар пештоқи созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ парафшонӣ кунад. Имрӯз забони шевои тоҷикӣ аз  минбари Созмони Милали Муттаҳид аз сулҳу дӯстӣ ва ҳадафҳои ҳамкорию ҳамдилии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз забони Сарвари сулҳофараш ҳикоят мекунад. Ва боз имрӯзу ҳар рӯз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати тоҷикон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ, ҳамовозӣ ва қабули барномаҳои вежа ҷиҳати татбиқи онҳо қарор мегиранд.  

Сазовори гуфтан аст, ки маҳз иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонати Пешвои миллат ва пазируфтории мардум бақои давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ устувор кард ва амалӣ намудани ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таъмини мудирияти комили амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳимояи марзу буми Ватан тавассути таъсиси Артиши миллӣ, эълони ҳадафҳои стратегӣ ва дар маҷмуъ, зина ба зина беҳтар шудани некӯаҳволии мардумро имконпазир гардонид. Гузашти беш аз сӣ соли сипаришуда ва баҳраи таҷрибаи рӯзгор бо тамоми тазодҳои ҳусну қубҳ, сабукию мушкилӣ, осонию вазнинӣ, дастоварду нокомӣ, фаҳмидану нофаҳмиданҳо, роҳёбию гумроҳӣ, худшиносию бехудӣ, садоқату хиёнат, имондорию куфрпешагӣ, умеду навмедиҳо ва сулҳу ҷанг хостанҳо собит намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо шаъну шарафи безавол шиори «Тоҷикистон ба пеш»-ро мақсаду мароми худ ихтиёр карда, зери сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди мукаммали фарҳанги ободонию созандагиро андаруни эҳёи давлатдории навини тоҷикон рӯйи кор овард. Ҳамин платформаи давлатдории санҷидашуда ва мутавозин дар фазои сиёсии мо бархӯрди сахти ҷаҳонбинии дунявӣ ва ухравиро бартараф намуда, барои ташаккули давлати дунявии усулан ва моҳиятан миллӣ пойдевори матин гузошт. Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ, вохӯрию мулоқот ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият эътиборан аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад. Дар шароити кунунӣ навгониҳо ва тарҳи нав дарандохтани инфрасохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон ташаббусҳои тоза ба оғӯш гирифтани дӯстони ҳамзабон ва шарикони ҳаммаромро рӯйи кор овард ва ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи он барои кишвари мо ҳамвор кард. Ин дастовардҳои беназир ва дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат гарави таъмини сулҳу субот, истиқрору оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони биҳишосо хоҳанд буд. 

Файзулло БАРОТЗОДА – дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, узви фраксияи ҲХДТ.