Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ

843

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ огоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳуриҳои шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо огоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминай сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ ва ғайра шомил шуд.

Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардид, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Огози муқовиматҳои ҳарбӣ сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ, садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Ва бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат  шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.

Дар иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва баъдан аксар қумандонҳои тарафҳои даргир иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мам­лакат буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва хукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Зеро роҳбарияти вақти сиёсӣ қудрати идора кардани мамлакатро надошт. Ҳукумат фалаҷ ва корношоям шуда буд.

Баъди муҳокимаи гузориши Раиси вақти Шӯрои Олӣ                                А.Искандаров оид ба вазъи сиёсии кишвар масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуд. Ба мақоми Раиси Шӯрои Олй номзадии вакили халқ, раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонй Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба тарафдории ӯ аз 197 депутат 186 нафар овоз доданд. Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошй, ростгӯй, серталабӣ ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои олй нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии сарвари давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти ҷамъиятии худи ӯ буд. Дар суханронии аввалини худ Эмомалй Раҳмон чунин гуфт: «…Ман кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократи ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимият, ки аз суханҳои ӯ бармехест дар дили мардум тухми умед ва боварй ба фардоро пошид.

Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии сарвари давлат Эмомалй Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш. эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистй дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорй, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимой, дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд. Бо назардошти вазъи сиёсй ва бо мақсади таъмини суботи сиёсй иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентй даст кашида бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурй ҷорй намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуда, Раиси Шӯрои Олй сарвари давлат ҳисобида мешуд. Ҳамчунин дар иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олй, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Иҷлосия Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Масъалаҳои баргардонидани гурезагон ва таъмини онҳо бо манзили зист, авфи иштирокдорони муқовиматҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ аз масоили дигари муҳими иҷлосия маҳсуб мегардиданд.

Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатии он халқи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар иҷлосия барои аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошт.

Дар маҷмӯъ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод:

– роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалй Раҳмон интихоб намуд;

– сохтори конститутсиониро дар мам­лакат барқарор сохт;

  • хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирй намуд;
  • тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсй, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;
  • самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд;
  • мавқеи байналмилалй ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.

Аз баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои олӣ 29 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат дар ҷумҳурй дастовардҳои бузурги сиёсӣ Конститутсияи ҶТ қабул гардида, рукнҳои нави давлатӣ, парламенти касбӣ ва доимоамалкунанда ташаккул ёфтанд. Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги шаҳрвандӣ хоима ёфт. Ҳазорҳо гурезагон ба Ватан баргаштанд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб афзуд. Бунёди корҳои азим-Нерӯгоҳҳои барқии Сангтуда 1 ва 2, Помир 1, Нақбҳои «Истиқлол», «Шар-шар» ва «Шаҳристон», бунёди садҳо корхона ва муассисаҳои хурду миёна, таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо ва ғайра намунаи музаффариятҳои соҳаи иқтисодии кишвар дар ин солҳо аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли чор масъалаи муҳими стратегии аср-баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ба рӯзномаи сиёсати дохилии худ гузошта марҳила ба марҳила дар иҷрои он муваффақ мегардад.

Таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналхалқӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои муаззами миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстре­мизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз  аз тарафи 179 кишвари дунё шинохта шудааст. Тоҷикистон узви беш аз 50 созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамасола дар шаҳри Душан­бе доир гардидани форум ва ҳамоишҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё ва ҳайъатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ ба Тоҷикистон аз эътибори баланд ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ башорат медиҳад.

Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадан боқӣ хоҳад монд.

Ҳабибҷон  Мирзоев