ИҶЛОСИЯ – ТАҶРИБАИ НОДИР ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲ

101

Имсол аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, 32 сол пур мешавад. Ин чорабинии сиёсӣ барои давлату миллати мо моҳияти сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашиҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони тоҷикон буд. Иҷлосия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаву муҳим, гардиши куллӣ, таҳаввулоти ҷадид ва нақши тақдирсоз гузош. Воқеан Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуд, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид. Ба назари мо, дар мавриди аҳамият ва мақоми Иҷлосия зикри фақат ҳамин як калима кофист, ки ҷойгоҳу таъсири он дар зиндагии мардуми тоҷик дарк гардад: тақдирсоз.

Бузургтарин ва муҳимтарин нақши Иҷлосия барои халқи тоҷик ҳамин буд, ки он ҳамчун анҷумани саодати халқ тавонист вазъи муташанниҷи сиёсиро ба эътидол оварда, умеду боварҳои мардумро барои сулҳ ва таъмини суботи сиёсӣ таҳким бахшад.

Маҳз дар доираи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимми ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Аз ин рӯ, ин рӯйдоди таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз мақому ҷойгоҳи махсус ва мондагорро соҳиб аст.

Бузургтарин ва шоистатарин коре, ки вакилони халқ амалӣ гардониданд, ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани ҷавони кордону ботаҷриба, нотарсу меҳнатқарин аз ҳама муҳим, ватандӯсту ҳақиқӣ, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи овоздиҳии пӯшида аз 196 нафар вакил, яъне 186 дарсади вакилон ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ овоз доданд. Зимнан дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла; 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ кардаанд.

Маҳз, дар ҳамин Иҷлосия эҳё ва таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид. Масъалаи қабули Конститутсияи нав ҳамчун шоҳсутуни давлат дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба миён омад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба ҳисоб рафта, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Дар он маҷмуи низому талабот ва меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҷассум ёфтаанд.

Ба дурустӣ, Иҷлосияи XVI барои кулли сокинони мамлакат ҷашни дар ҳақиқат бузург ва рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин ташаббуси созанда барои халқи тамаддунофари тоҷик ҳадяҳои нодиру арзишмандеро эҳдо бахшидааст, ки ворид шудани шахсиятҳои созандаи арсаи сиёст дар мисоли Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз аз шарофати ҳамин воқеаи сарнавиштсоз ибтидо мегирад.

Пешвои муаззами миллат дар таърихи 12 декабри соли 1992 дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Таърих ва ҷомеаи ҷаҳон шоҳид гардид, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ваъдаи худ садоқат, ҷасорат ва матонат зоҳир намуда, барои халқи азияткашида ва ҷафодидаи тоҷик олитарин ва нодиртарин дастовард – сулҳро эҳдо бахшиданд.

Сарвари муаззами миллат дар лаҳзаҳое ба майдони давлатдорӣ ворид шуданд, ки мардум аз тарси ҷон на парвои мансаб доштанду на вазифа, гузашта аз ин, ҳеҷ касе ҷасорат надошт чунин як масъулияти бузургро, ки кафолати зинда монданро надошт, ба дӯш гирад. Маҳз дар чунин вазъият дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи дурахшон ифтитоҳ ёфт, ки дар меҳвари он Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макони муқаддас – Қасри Арбоб ироа гардид, дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати созандаест, ки моро аз таҷрибаҳои таърихӣ сабақ дода, дар роҳи ҳифзи сулҳ, истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам. Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем”.

Сиёсати Президенти мамлакат сиёсати созанда аст, сиёсате, ки машъали боварҳоро ба фардои аз имрӯз ободтар ва дурахшон фурӯзон нигоҳ медорад, сиёсате, ки дар меҳвари он ибтикороту ташаббусҳои навину судманд ба хотири зиндагии шоистаи ҳар як сокинони Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки мардуми саодатманди тоҷик аз хурду бузург ҳама ҷонибдору пайравони сиёсати ояндаафрӯзи Садри аъзаму маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Дар ин радиф мо бо як ифтихори баланд гуфта метавонем, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати мо нақши муҳимеро иҷро намуд. Иҷлосия барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи ҳазорсолаи халқи мо баъди пош хӯрдани давлати Сомониён буд, бо роҳбарии бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба амал бароварда шуд.

Имрӯз бо гузашти 32 сол барои мо, сокинони сарбаланду шарафманди Тоҷикистон шароити муносиб фароҳам омадааст, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сабақ омӯхта, ҷиҳати таъмини пешрафти Ватани азизамон ва расидан ба дастовардҳои тозаву навин, музаффариятҳои арзанда ва натиҷаҳои баланди тараққиёт тамоми дониш, нерӯ ва иқтидори худро равона намоем.

Фарҳод Розиқов, Ҷамшед Абдуллоев,дотсентони кафедраи минтақашиносиихориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ