Гузориш аз рафти конференсия дар кафедраи мутолиоти Шарқ

377

Тибқи анъана ҳамасола дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳафтаи охири моҳи апрел ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявии устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои донишгоҳ баргузор мегардид.

Барномаи имсолаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ДМТ ба ба “Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)” ва “Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” бахшида шудааст.

Вобаста ба ин рӯзи 21-уми апрели соли 2022 соати 09:00 дар синфхонаи №215 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии устодони кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ бахшида ба “Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)” ва “Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” бургузор гардид.

Дар конференсияи мазкур мудири кафедра дотсент Раҳмонов М.А. ҳамроҳ бо устодони кафедра дар ҳузури донишҷӯён вобаста ба мавзуъҳои мубрами муносибатҳои байналмиллалӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.