Гузориш аз конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI»

518

Санаи 6-уми октябри соли 2021 Кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI» баргузор намуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур дар кори он олимон ва мутахассисон аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораву муассисаҳои давлатӣ даъват гардид.

Дар рафти конференсия мазкур дар ибтидо ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, инчунин аз фаъолияти Факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар гузаронидани чорабиниҳои сатҳи, байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин радиф декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х.Д., баромад намуда, аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти ДМТ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабиниҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимни баргузории конфронс таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин сурат гирифт:

  1. Зарурати рушди равобити минтақавӣ дар ибтидои ҳазораи нав;
  2. Таҳлили самаранокии омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлати кишварҳо дар ибтидои асри XXI;
  3. Мушкилоти минтақагароӣ: аз назария то амалия;
  4. Нақши қудратҳо дар таҳкими равобити минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: мушкилот ва дурнамо;
  5. Самти минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамои рушд.

Конференсия дар се бахш, бахши пленарӣ, бахши якум ва бахши дуюм гузаронида шуда, дар кори он олимону мутахассисон, аз қабили  Самиев Х.Д., Нуриддинов Р.Ш., Олимов М.А., Розиқов Ф.М., Мамадазимов А.М., дар бахши пленарӣ, Баротзода Ф., Салимов Ф.Н., Шарипов А.Н., Мирсаид Р., дар бахши аввал  ва Ҷаъфаров С.Х., Абдуллоев Ҷ.Т., Шарипов С.С., Мирзоев Ҳ.Т., Соҳиби Б., Ёров Ш.Н., Талбаков С., ва Нигораи А., дар бахши дуюм, оид ба масоили муҳими минтақавӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии  минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ намуданд. Баъди анҷоми ҳар як бахш миёни иштирокчиён ва маърузачиён саволу ҷавоб дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ чунин конференсияҳо бо ҷалби доираҳои гуногуни илмӣ баргузор карда мешавад.