ГУФТУШУНИД ВА МИЁНҶИГАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”: ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ УСТОДОН ДАР МГИМО

354

Аз 13 то 16 ноябри соли равон номзади илмҳои таърих, дотсент Фаррух Салимов ва номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калон Шералӣ Ризоён – устодони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар барномаи такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) дар мавзуи “Гуфтушунид ва миёнҷигарии байналмилалӣ” ширкат карда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ширкат дар такмили ихтисос аз ҷониби ректори МГИМО супорида шуд.

Дарсҳои такмили ихтисоси мазкур аз ҷониби профессорон, докторони илмҳои сиёсӣ Марина Лебедева ва Елена Зиновева баргузор шуда, 16 соати академикиро ташкил дод. Зикри он муҳим аст, ки М.М. Лебедева ва Е.С. Зиновева аз пажуҳишгарони шинохтаи паҳнои пасошӯравӣ дар риштаи гуфтушунид ва миёнҷигарии байналмилалӣ мебошанд ва дар ин самт китобу мақолаҳои арзишманд таълиф кардаанд. Иштирокдорони такмили ихтисоси мазкур ба таври зинда ва маҷозӣ ҳузур доштанд ва танҳо ба онҳое шаҳодатнома супорида шуд, ки дар ҳамаи дарсҳо фаъолона ширкат карданд.

Қобили зикр аст, ки миёни кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи сиёсати ҷаҳонии МГИМО робитаҳои илмӣ роҳандозӣ шуда, устодон мақола ва китобҳоро дар ҳамқаламӣ таълиф мекунанд. Масалан, соли 2021 монографияи дастаҷамъӣ бо унвони “Социально-гуманитарная трансформация современного мира: монография / под ред. М.М. Лебедевой, Л.Р. Рустамовой. -Москва: МГИМО-Университет, 2021. -279с.” ба нашр расида буд. Дар назар аст, ки соли 2024 перомуни назария ва таҷрибаи гуфтушунид ва миёнҷигарӣ дар паҳнои пасошӯравӣ монографияи дастаҷамъӣ таълиф мешавад, ки муаллифи бобҳои алоҳидаи он устодон Фаррух Салимов ва Шералӣ Ризоён мебошанд.