Форуми онлайнии “Муколамаи Минск” “Бӯҳрони Белоруссия: ангораҳои (контур) номуайянӣ дар амнияти минтақавӣ” 25-27 ноябри соли 2020

437

Санаи 25-27 ноябри соли 2020 Форуми навбатии «Муколамаи Минск» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур, ки аз соли 2015 ҳамасола баргузор мегардад намояндагони марказҳои зеҳнӣ, муассисаҳои таҳлиливу тадқиқотӣ, дипломатҳо, сиёсатмадорон ва мутахассисони пешбари риштаи равобити байналмиллал ва амният ширкат меварзанд.

Соли ҷорӣ Форум дар шакли онлайн баргузор гардида, ба мавзӯи “Бӯҳрони Беларус: ангораҳои (контур) номуайянӣ дар амнияти минтақавӣ” бахшида шуда буд ва тавонист коршиносони давлатҳои гуногунро ба кори худ ҷалб намояд.

Роҳбарияти Лоиҳаи байналмилалии GCFR COMPASS имсол низ сексияи алоҳидаро бо иштироки аъзоёни Лоиҳа аз Британияи Кабир, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон баргузор намуд.

Сесияи GCFR COMPASS  таҳти унвони “Буҳрон дар Беларус: таъсири он ба амнияти минтақавии Авруосиёи Бузург” рӯзи 27 ноябри соли 2020 доир гардид. Дар он Виктор Шадурский (декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Беларус) Чолпон Турдалиева (профессори Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ, Қирғизистон), Фаррух Салимов (дотсенти Донишоҳи миллии Тоҷикистон), Улуғбек Ҳасанов (мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дапломатия, Узбекистон), Анар Валиев (Декан, Мактаби муносибатҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқии Академияи дипломатии Озарбойҷон), Монту Саксена (Директор, Форуми Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ, Британияи Кабир) баромад намуданд. Барандаи конфронс профессор Елена Користилева (Директори Маркази Аврупои глобалӣ, Донишгоҳи Кент, Британияи Кабир).

Дар рафти баромади худ маърузачиён доир ба буҳрони Беларус ва таъсири он ба равандҳои сиёсии, амнияти миллӣ ва минтақавӣ, фаъолияти неруҳои сиёсӣ дар кишварҳои паҳнои Авруосиё фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Маълумотнома

оид ба “МУКОЛАМАИ МИНСК”

“Муколамаи Минск” кори худро дар аввали соли 2015 дар шакли ташаббуси коршиносон (Track-II) оғоз кард. Миссияи “Муколамаи Минск” – ташкил намудани платформаи кушоди касби бидуни хатҳои ҷудоии геополитикӣ барои таҳқиқотҳо ва муҳокимаҳо оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва амният дар Аврупои Шарқӣ. Чорабиниҳои мунтазами “Муколамаи Минск” коршиносони байналмилалӣ, инчунин шахсони баландпояи давлатӣ ва дипломатҳоро гирд меоранд.

Коршиносони “Муколамаи Минск” маводҳои таҳлилӣ ва гузоришҳоро аз рӯи натиҷаҳои чорабиниҳо ва таҳқиқотҳоро омода намуда онҳоро байни ҷонибҳои манфиатдори амнияти минтақавӣ маҳн менамоянд. Ҳама нашрияҳои таҳлилӣ ва маводҳои конфронсияҳо дар сомонаи www.minskdialogue.by дастрасанд.

Моҳи майи соли 2018 аввалин Форуми “Муколамаи Минск” баргузор гардид. Он беш аз 500 коршинос ва дипломатонро аз 59 кишвари ҷаҳон гирд овард. Моҳи октябри соли 2019 дар Форуми дуввуми “Муколамаи Минск” зиёда аз 700 нафар иштирокчиён аз 63 кишвар, аз ҷумла мансабдорони баландпоя ва мутахассисони варзидаи байналмилалӣ ширкат варзиданд.