ДИПЛОМАТИЯИ ТАШАББУСКОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ МУАРРИФИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

166

Имрӯз (22.05.2025) дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ Ҳамоиши илмию амалӣ дар мавзуи “Дипломатияи ташаббускоронаи Пешвои миллат омили муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ” доир гардид, ки дар он коршиносон, мутахассисон, омӯзгорони байналмилалшинос, меҳмонон ва донишҷӯёну магистрантҳои факултет иштирок намуданд.

Дар ибтидои чорабинӣ декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, н.и.т., дотсент Ҷаъфарзода С.Х. дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори СММ” суханронӣ намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии раванди тағйирёбии иқлим, дипломатияи оби Пешвои миллат ва махсусан пешниҳоди ташаббуси глобалии “Ҳифзи пиряхҳо” баромад намуданд.

Сипас, доктори илмҳои фалсафа, профессор Фаттоҳзода Саидмурод Самад, дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим” баромад намуда, доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, раванди тағйирёбии иқлим ва мушкилоти беҳдоштӣ, нақши Пешвои миллат дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим, ташаббускориҳои сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои обу иқлим суханронӣ намуд.

Дар идома профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ Муҳаммадзода П.А. дар мавзуи “Нақш ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, вобаста ба муҳиммияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҳифзи пиряхҳо, хусусияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо, талошҳои Тоҷикистон барои муттаҳидсозии тарафҳои манфиатдор барои корбурди Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 ва танзими мушкилоти обшавии пиряхҳо суханронӣ намуд.

Зимнан, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Шарипов А.Н. дар мавзуи “Ҳадаф ва вазифаҳои ташаббуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маърӯза намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи обу иқлим, обшавии сареи пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон, коҳиши сарчашмаи обҳои ошомиданӣ ибрози андеша намуда, дипломатияи ташаббускоронаи Пешвои миллатро василаи муҳимми танзими мушкилиҳои мазкур номида шуд.

Дар охир, миёни иштирокдорони Ҳамоиши илмию амалӣ доир ба саҳмгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва дипломатияи ташаббускоронаи Пешвои миллат табодули афкор намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонӣ қайд карда шуд.