Дипломатияи рақамӣ: мафҳум, усулҳо ва таҷриба

949

Дар муносибатҳои байналмилалии муосир нақши дипломатия ҳамчун абзори татбиқи сиёсати хориҷии давлат хеле назаррас гардидааст. Чункӣ дар шароити тағйиротҳои нави умумиҷаҳонӣ (паҳншавии COVID-19, буҳронҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва энергетиӣ, ҷангҳои шадиди минтақавӣ ва кушиши тағйири низоми муносибатҳои байналмилалӣ) дипломатия ба як қатор таҳдидҳо ва чолишҳо рӯ ба рӯ гардидааст.

Бинобар ин дар дипломатияи муосир низ тағйиротҳои калидиро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар қиболи хатарҳои нав сохтор, усулҳо ва равишҳои дипломатия дигаргун гардида, соҳаҳои мухталиф дар чаҳорчғбаи он падид омада истодаанд [4, С. 264-276].

Аз ин рӯ, таҳқиқ ва омӯзиши паҳлуҳои гуногуни дипломатия нишон медиҳанд, ки имрӯз дар илм истифоаи мафҳуми “дипломатияи соҳавӣ” ба ҳукми анъана даромадааст. Ин омил аз он гувоҳи медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо ҳамчун бахш ё соҳаҳои калидии дипломатӣ, махсусан дипломатияи иқтисодӣ, мардумӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, иттилоотӣ, пешгирикунанда, обӣ ва ғайра эътироф гардидаанд ва зимни таҳлили консепсияҳои сиёсати хориҷии давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин соҳаҳо дучор омадан мумкин аст.

Дар ин миён, яке аз соҳаҳои муҳимми “дипломатияи соҳавӣ” – ро дипломатияи рақамӣ ташкил менамояд. Сабабҳои зуҳури дипломатияи рақамиро дар таҳаввули фазои иттилоотӣ, паҳни чорабиниҳои маҷозӣ, афзудани вохӯриҳои онлайнӣ (on line), ҷамъоварӣ, коркард ва ирсоли теъдоди зиёди иттилоотӣ, истифодаи сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пайвастани бесобиқаи намояндаҳои ВАО ба муносибатҳои байналмилалӣ, рақамикунонии идораи ҳокимият ва иқтисод, истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ-таҳлилӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои иттилоотӣ ва ғайра дидан мимкин аст.

Ҳоло дипломатияи рақамӣ дар сиёсати хориҷии аксари давлатҳо (махсусан кишварҳои Иттиҳоди Аврупо) ҳамчун афзалияти сиёсати хориҷӣ эътироф шудааст ва усулу фишангҳои онро барои расидан ба ҳадафҳои байналмилалӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз ин хотир, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам ҷиҳати дарки усулу равишҳои дипломатияи рақамӣ аҳамияти хосса дорад.

Чунончӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Испанияро “дипломатияи мардумӣ ва рақамӣ” (Public and digital diplomacy) ташкил менамояд. Дар ин самт, дар афзалиятҳои сиёсати хориҷии Испания қайд гардидааст, ки дипломатияи рақам ҷузъи таркибии дипломатияи мардумӣ буда, ҳардуи он – таъмини алоқаи стратегии мақомотҳои сиёсати хориҷӣ ва шахсони мансабдори давлатиро ба афкори ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин менамояд [2].

Илова бар ин, таъмини алоқаи рақамӣ (Digital communication) яке аз усулҳои калидии фаъолияти дипломатии давлат ба ҳисоб меравад ва он аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкорӣ дар сомонаҳои расмӣ (websites) сомонаҳои иҷтимои (social network profiles) – и вазорат тавассути шабакаҳои миссияҳои дипломатӣ татбиқ карда мешавад.

Дар баробари оне, ки дипломатияи рақамӣ ба сифати афзалияти сиёсати сиёсати хориҷиидавлатҳо қарор гирифтааст, инчунин омили муҳимми дигар дар тавсеаи ҷойгоҳи дипломатияи рақамӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ – ин афзоиши шумораи шабакаҳои инфиродӣ (network profiles), пайвастшавӣ ба шабакаҳои ҷамъиятӣ (social network), пайгирии афкори шабакавӣ ва пурзургардии шабакакунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд [1].

Мавқеъгирии дипломатияи рақамӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳо асосан аз ибтидои асри XXI оғоз гардидааст. Бинобар ин раванди коркарди усулҳо ва восиатҳои истифоаи он зимни дастгирӣ ва татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти байналмилалӣ идома доранд. Ҳарчанд дипломатияи рақамӣ (Digital Diplomacy) қисми таркибии дипломатияи мардумӣ (Public Diplomacy) эътироф гардида бошад ҳам, вале паҳлуҳои нави худи дипломатияи рақамӣ аз қабили “дипломатияи шабакавӣ” (Net Diplomacy), “дипломатияи сомонавӣ” (Web 2.0.), “дипломатияи электронӣ ё интернетӣ” (Е- Diplomacy) [3, 5], “дипломатияи ZOOM”, “дипломатияи Twitter” ва ғайра дар илм истифода мегарданд. Аз ин рӯ, масъалаҳои мазкур гуногунрангӣ ва мубрамияти мавзӯи мазкурро нишон дода, заруруати омӯзиши дипломатияи рақамиро бештар мегардонанд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ

  1. Hoffman A. S. International Communication and The New Diplomacy // Indiana UP. February 1969. – 206 р.
  2. Ministry of Foreign Affairs, the European Union and Cooperation of the Kingdom of Spain // Public and digital diplomacy https://www.exteriores.gob.es/en/PoliticaExterior/Paginas/DiplomaciaPublicaDigital.aspx
  3. Reshetnikova L. e-Diplomacy as Instrument for Establishment of Interethnic Relations // SHS Web of Conferences 50, 01144 (2018). – 5 p. https://www.shs-conferences.org/articles/shsconf/pdf/2018/11/shsconf_cildiah2018_01144.pdf
  4. Заемский В. Ф., Карпович О. Г. Цифровая дипломатия – дипломатия будущего // Дипломатическая служба. – 2021. – № 3. – С. 264-276.

Анвари Сафарӣ – н.и.т., муаллими кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон