ДИПЛОМАТИЯИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН РУШД МЕЁБАД

568

8 –уми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд, ки ба рушди дипломатияи парлумонии Тоҷикистон низ мусоидат намуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ назария ва амалияи дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар он истилоҳи “дипломатияи соҳавӣ” чун дигар давлатҳои ҷаҳон тақвият пайдо намуд. Моҳияти истилоҳи “дипломатияи соҳавӣ” дар он зоҳир мегардад, ки соҳаҳои алоҳида аз қабили дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи ҳарбӣ, дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи мардумӣ ва ғайра ҳамчун афзалияти сиёсати хориҷии давлат қарор дода мешавад.

Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ аз 27 январи соли 2015 расман пазируфта шуд, зеро дар ин санади калидӣ дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, дипломатияи фарҳангӣ ва дипломатияи иттилоотӣ (дипломатияи башардӯстона ва рақамӣ низ ишора шудааст) ҳамчун афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дода шудаанд.

Ҳарчанд дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи парлумонӣ ба таври алоҳида зикр нашуда бошад, вале имрӯз усулҳои дипломатияи парлумонӣ дар таҷрибаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешаванд.

Дар ин замина, бояд мафҳуми дипломатияи парлумонӣ бар пояи усулҳои умумии дипломатия омӯхта шавад. Дар адабиёти илмӣ мафҳуми дипломатия дар се ҷанбаъ баррасӣ мегардад, ки ба шарҳи дипломатияи парлумонӣ низ мусоидат менамоянд:

– воситаи татбиқи сиёсати хориҷӣ – имрӯз дипломатияи парлумонӣ дар симои вакилони парлумон низ метавонад ҳамчун намояндаи давлат дар робитаҳои хориҷӣ баромад намоянд;

– ҳамчун фаъолити расмии сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, мақомотҳои махсус, ки ба самти коркард ва татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат, ниҳоду шаҳрвандони он дар хориҷа – дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, вазифаҳои хориҷии вакилони парлумон низ муайян шудааст, ки дар баробари дигар ниҳодҳо дар коркард ва татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии давлат тавассути қабули қарорҳо, муайянсозии буҷаи сиёсати хориҷӣ, иштирок дар ҷаласаҳои байнипарлумонӣ, тасвиби шартномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ бевосита иштирок менамоянд;

– санъати дастёбӣ ба ҳадафҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тавассути усулҳои дипломатӣ (сулҳона) – дипломатияи парлумонӣ ҳамчун санъати таъминкунандаи иртибот ва алоқамандии мақомотҳои қонунбарори давлатҳои ҷаҳон баромад менамояд.

Дар таҷрибаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фишангҳои дипломатияи парлумонӣ рӯи кор гирифта мешавад. Мисолҳои зерин далели гуфтаҳои боло мебошанд:

1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ шуд. Аз ҷумла, ба Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз соли 1992); Иттиҳоди Байнипарламентӣ (аз соли 2005); Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз соли 2006); Иттиҳоди Парламентии Созмони ҳамкории исломӣ (аз соли 2007); Ассамблеяи Парламентии Осиёгӣ (аз соли 1999); Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (аз соли 2010) шомил буда, дар доираи онҳо фаъолияти пурсамар бурда мешавад.

2. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷиро дар асоси Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси миллӣ аз 9-уми декабри соли 2020 таҳти №98 қабул шудааст, ба роҳ мондааст.

3. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо ин роҳ дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда истодааст.

Чунончӣ, 8 –уми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, аз рӯи натиҷаҳои сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмӯъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷратии байни Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳанд кард.

Аз ҷумла, зимни вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф – “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон” ба имзо расид.

Санади мазкур нишонаи тақвияти дипломатияи парлумонии Тоҷикистон буда, дар самти рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, таъсиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии кишварҳо, гурӯҳҳои кории вакилони мардумии ду давлат, табодули таҷрибаи қонунгузории парлумонҳои ҳарду кишвар ва мувофиқакунии стандарту меъёрҳо, талаботҳои раводидӣ ва гумрукӣ мусоидат хоҳад намуд.

Анвари Сафарӣ – номзади илмҳои таърих, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ