Дипломатияи оби Президенти кишвар дар муддати даҳсолаҳо қотеъона ҳадафҳои сулҳи пойдор ва рушти устуворро пайгирӣ мекунад. Имрӯзҳо мо шоҳиди ба амал омадани ташаббуси нави Президенти кишвар дар ташкил намудани конфренсияи байналмиллалӣ бо номи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 2025” мебошем. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат дар ин самти кори хеле арзишманд ба аҷдодони ориёии худ пайравӣ мекунад ва ҳамзамон дар кори созандагӣ ба ояндагон илҳом мебахшад. Чунонки маълум аст, тамаддуни тоҷикон, қавмҳои қадими ориёии мансуб ба Эрони шарқӣ ва ҳалқҳои дигари ҳамҷувори минтақаи мо дар заминаи обу ободониҳои соҳили рӯду дарёҳои Варорӯд, байни ду рӯди бузург Сирдарё ва Амударё, ки охирӣ дар гузаштаи дур номи Вахш (машҳур бо номҳои Балх, Окс, Ому, Ҷайҳун, дар қадим – дарёи Ватхи-дата ё Ардвесура, ё ба қавли Берунӣ, чун Олиҳаи об ва рӯду дарёҳо)-ро дошт, ба вуҷуд омадааст. Ин тамаддуни зироаткорӣ ва фарҳанги бои маънавӣ буд, ки сабаби фосила гирифтани ақвоми эронии бумӣ аз ақвоми кӯчии эронии шарқӣ (тӯронӣ) гардид. Ориёиҳо ё эрониҳои бумии зироаткор ҳанӯз дар аҳди қадим аз тарзи ҳаёти кӯчӣ (тамаддуни чорводорӣ ва тасарруфи фазоҳои нави ҳаёт) даст кашиданд ва дар соҳили ин ду дарё ва шахобҳои шодоби он маскан гирифтанд ва дар ин ҷо бо истифода аз нерӯи об дар заминаи рушди зироат ва ҳунармандӣ ва баъдан илму адаб беҳтарин шоҳкориҳои тамаддуни ҷаҳониро бо номи “Тамаддуни ҳавзаи Амударё” ба вуҷуд оварданд. Ин тамаддун неъматҳои зиндагиро аз як ҷо, бе забту забткорӣ пайдо мекунад. Намунаи ин гуна шаҳкориҳо аввалин китоби осмонии ақвомии эронӣ “Авасто” аст, ки дар Балх ба вуҷуд омада буд, ки мардумро ба сулҳу ҳамкорӣ даъват мекунад ва дар он бахшҳои муҳим ба тараннуми замину обу ободониҳо бахшида шудааст.
Халқи тоҷик ва кишвари имрӯзаи мо Тоҷикистон, ба мисли собиқ, дар саргаҳи яхҳои бузурги кӯҳҳои осмонбӯс (ба қавле кӯҳи Меру) ва руду дарёҳои азим қарор дорад. Дар ин ҷо зиёда за 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ тавлид мешаванд, дар ҳоле, ки худи Тоҷикистон аз онҳо истифодаи камтарин дорад. Муттассифона имрӯзҳо яхистони бузурги мамлакати мо дар ҳоли обшавӣ карор дорад. Ин як таҳдиди бузург барои ватани мо ва насли ояндаи мо хоҳад буд. Аз мушоҳидаҳои худам медонам, ки чӣ гуна чашмаҳои бисёр дар кӯҳистонҳои тоҷик хушк мешаванд. Дар айни замон худам ҳам дар соҳили дарёи бузург Амударё (Панҷ), дар як деҳаи сероб ба дунё омадаам, аз бузургиву азамати обу ин дарё, имкониятҳои ҳаётӣ ва энергетикии он огоҳам. Ишораи ман ба нақшаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум аст.
Аз васоити ахбор ва мутолиаи китобҳо шахсан медонам, ки захираҳои оби минтақаи мо ҳоло ҳам чун шарти рушди устувор, аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ пураҳамият ва муҳим шуморида мешаванд. Бояд гуфт, ки дар байни масъалаҳои об, ғизо, амнияти озуқаворӣ ва нерӯи барқӣ, ки аз об тавлид мешавад ва барои рушди иқтисодиёту кишоварзӣ сарф мешавад, робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад. Яке аз дигаре ҷудо нестанд. Зеро барои ирригатсия, равон кардани об ба талу теппаҳо, ба заминҳои ташналаб қувваи барқ зарур аст, ки он ҳам аз об тавлид мешавад. Вале ҳоло дар истифодаи обу захираҳои он дар минтақа то ҷое ноустуворӣ дар идоракунӣ ва номуайяниҳо ва хатарҳое вуҷуд доранд, ки ба тағйирёбии иқлим, вайрон шудани экосистемаҳои марбут ба об, эрозияи замин мерасонанд. Аз қабили чунин мисолҳо истифодаи беҳудуд ва бебаркаши об барои истеҳсоли пунбадона (пахта) дар ҷумҳуриҳои поёноб ва сохтани каналу обанборҳои бешумор барои захираи он, ки бештар бе назардошти технологияи навтарини илмии захиракунӣ ва нигоҳдошти он мебошанд. Ин гуна каналҳо бе истифода аз бетон ба пайдо шудани ботлоқзорҳо, туғайзорҳо ва баромадани намак ба рӯи замини зироатӣ сабаб мешаванд ва тавлиди ғизову хурокиҳоро ба зери хатар мегузоранд. Онҳо мардуми атрофи онро ба маризӣ ва ба бебизоатӣ мувоҷеҳ мекунанд. Зарур аст, ки технологияи навтарини истифода об, аз ҷумла, обрасонии қатрагӣ дар ҳамаи хоҷагиҳо ҷорӣ шавад.
Ба ҳамин мақсад, барои пешгирии ин гуна хавфу хатарҳо ва барои таъмини зиндагии сазовор ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон Президенти кишвари мо бо панҷ ташаббуси беназир дар сатҳи ҷаҳонӣ баромаданд. Аз ҷумлаи онҳо, ташаббуси соли 2003 эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005 -2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии рушди “Об, 2018-2028” ва ниҳоят “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхо дар соли 2025” мебошанд. Дар муносибат ба саҳми Президенти мо ва ташаббусҳои рӯзмарраи онҳо Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ менависад:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об ва ҳафзи пиряхҳо дар ҷаҳон пешсаф аст. Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони Миллали Мутаҳид ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузи назаррас ва нақши барҷаста дорад. (Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, Душанбе, 2024).
Дар конфронси байналмилалии “Дипломатияи оби Эмомалӣ Раҳмон”, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии кишвари мо ташкил шуда буд, Ли Ҷунхуа, муовири Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар паёми видеоии худ чунин иброз дошт: “Ман шодам, ки дар конфронси байналмилалии “Дипломатия оби Эмомалӣ Раҳмон: аз қадами аввал то шарикии глобалӣ” суханронӣ мекунам. Ҳамчун муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ман шахсан дар Конфронси об дар соли 2023 аҳамияти аввалиндараҷаи ҳамкориҳои глобалии обро дидам.
Дар робита ба ин, раҳбарияти Президенти дурандеши Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро, ки обро дар масъалаи иқлим дар садри рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор додаанд, ва онро барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, ташаббуси мусоидат ба таҳқиқоти муштарак барои эҷоди иқтидор ва мубодилаи маълумот, дипломатияи об ҳамкориҳои глобалӣ ва минтақавиро роҳандозӣ ва дастгирӣ мекунад, табриқ мекунам. Бо ин роҳ ӯ ба мамлакатҳо ва ҷамоатҳои гуногуни одамон дар мутобиқ шудан ба тағйири иқлимӣ ва бунёди абзори илмӣ дар дастрасӣ ба об кӯмак мекунад ва ҳифзи дарозмуддати экосистемаҳои оби тозаро пешниҳод ва таъмин мекунад. Ин боиси табрику таҳният мебошад.”
Воқеан, чоряк аср боз, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон – ташаббуси “Об” дар ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо карда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва он ба системаи ҷаҳонии шарикии об табдил ёфт. Ташаббуси “Дипломатияи об”- и Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар китоби ӯ бо унвони “Таърихи дипломатия об” бо иловаи суханрониҳо ва санадҳои байналхалқӣ ҳоло мавриди назари муҳаққиқони ватанӣ ва ҷаҳонӣ аст. Ин китоб ба тозагӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин омодаи нашр гардидааст. Ҳамин тариқ, ташаббуси Пешвои миллати мо нақши муттаҳидкунандаи тамоми миллатҳои ҷаҳонро ба даст овардааст. Он ба муколама ва гуфтушуниди пурсамари умумиҷаҳонӣ дар соҳаи таъмини сулҳи пойдор дар соҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи обу ободониҳо, ки заминаи рушди устувори минтақавву ҷаҳон аст, табдил ёфтааст.
Дар хотима бояд гуфт, ки ин ташаббус боиси ифтихори мо, тоҷикон аст, ки моро бо арзишҳои гузаштаву ояндаи мо мепайвандад. “Об рушноӣ аст”, мегӯянд тоҷикон. Илова мекунем, ки об боз гармии хонаҳо ва дилҳо аст.
Умриниссо Ашурмамадова, Устоди калони кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон