ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИР ВА РАВАНДИ ГЕОПОЛИТИКӢ

442

Имрӯз бо ибтикори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити навини геополитикӣ ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дипломатӣ ва илмии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дурнамои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бунёдгузори мактаби нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон, мушкилот ва дурнамои сиёсати «Дарҳои кушод», самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзуҳое буданд, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳа дар ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор доша, Тоҷикистон дар ин самт пайваста бо дастовардҳои назаррас ноил мегардад.