ДИПЛОМАТИЯИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

43

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ, 23.09.2025)

22 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ ба кори худ шуруъ намуд, ки мавзуи асосии кори иҷлосия таъмини амнияти байналмилалӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувори СММ, пешгирии фалокати башардӯстона дар Фаластин ва дигар масъалаҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар рафти баргузории иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт. Рӯзи 23 сентябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ дар мусоҳибаҳои иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалии муосир, равандҳои муҳимми минтақавӣ ва мавқеъгирии сиёсати хориҷии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар ибтидои суханронии хеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ ёдовар шуд ва бояд гуфт, ки ҳоло ҳам таъсири рӯзафзуни пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ ҳоло ҳам ба кишварҳои зиёд таҳдид менамоянд.

Аз ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста ишора намуда, пешниҳод намуд, ки “Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад”.

Ин ташаббус ҷиҳати риояи қатъии қонуну меъёрҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф зарур шуморида мешавад.

Масъалаи дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳ намуд, ин сиёсати пайгирона аз дипломатияи об буд. “Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем”, – таъкид дошт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ибтикори навбатии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тадбирҳои амалии андешидаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҷалб намуда, аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.

Мавзуи дигар дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешбарии дипломатияи сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ аст. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарӣ дар кишвар, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ буда, дастгирии раванди сулҳсозиро дар тамоми гушаву канори олам пуштибонӣ менамояд.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пешниҳоди нави худ дар бораи қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.

Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза, ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард ва дар баробари ин, нишонаи татбиқи пайгиронаи дипломатияи сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар охир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи фалокатбори башардӯстона дар Фаластин, вазъи муракати сиёсӣ дар атрофи Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷангзада таваҷҷуҳ намуд.

Аз ҷумла, Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи Фаластин ва сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои СММ ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст. Дар ин зимн, Роҳбари давлати мо даъват намуданд, ки “дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад”.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон мебошад. Дар баробари ин, аз “Паймон ба хотири оянда” ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол карда шуд.

Бо ин тартиб, метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мусоҳибаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ аз усулҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, афзалияти дипломатияи башардӯстона, дипломатияи об ва дипломатияи сулҳофарии кишварро бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Бо такя ба далелҳои боло, самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда миёнамуҳлат мушаххас гардидааст.

Анвари Сафарӣ – н.и.т., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ