Дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон

1710

Сиёсати хориҷӣ ин ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ба манфиати кишвари худ: самти умумии кишвар дар умури байналхалқӣ ба шумор меравад. Сиёсати хориҷӣ равобити кишвари мазкурро бо кишвар ва халқҳои дигар мутобиқи асл ва ҳадафҳои он танзим менамояд, ки тавассути истифодаи усул ва василаҳои мухталиф ба даст меояд. Воситаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дипломатия маҳсуб мегардад.

Сиёсати хориҷӣ бо сиёсати дохилӣ алоқамандии зич дорад.[1].

Сиёсати хориҷии ин ё он кишвар принсипҳои асосии сиёсати байналхалқии давлатро муаррифӣ менамояд, ки аз ҷониби вазорати корҳои хориҷӣ (ё идораи мутаносиби сиёсати хориҷӣ) ба таври мушаххас ва амалӣ татбиқ гардида, ҳадафи инъикоси манфиатҳои миллиро дорад.

Мавзӯи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аслан манфиатҳои миллии давлат мебошанд, ки алоқаи наздики онҳоро исбот месозад [7].

Ҳамагон медонанд, ки ҳадафи ниҳоии ҳар як сиёсати давлатӣ – ҳифзи манфиатҳои миллии давлат мебошад. Аз ин рӯ сиёсатшиносони воқеӣ бояд дар миқёси давлатӣ тавозуни одилона ва оқилонаи манфиатҳои гуногунҷонибаи давлатҳоро ёбанд [4. С. 119].

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва муаррифии давлати тоҷикон дар саҳнаи байналхалқӣ равона гардидааст. Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли си соли истиқлолият сиёсати хориҷии кишвари мо марҳилаҳои ташаккул, рушд ва таҳаввулро сипарӣ намудааст, ки бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Тайи ин муддат дар самти сиёсати хориҷӣ ва дипломатия тоҷикон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд.

Агар мо хоҳем, ки дастовардҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи халқи тоҷикро дар даврони истиқлолият баррасӣ намоем, пас метавонем ба чунин натиҷагирӣ расида бошем:

Дастоварди якум – Касб ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар шароити мураккаби шиддати муносибатҳои байналхалқӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва осебпазириии кишварҳои миллӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар воқеъ, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Имрӯз дар саҳнаи ҷаҳонӣ халқу миллатҳое мавҷуданд, ки таърихи бою куҳан ошта, барои касби истиқлолият садсолаҳо мубориза мебаранд, вале аз ин неъмати илоҳӣ бархурдор нестанд. Аз ин рӯ, мебояд ба қадри истиқлолияти давлатӣ расида, тамоми кӯшиш ва талоши худро барои ҳифзи ин неъмати воло равона намоем;

Дастоварди дуюм – Эътироф дар саҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дарёфти ҷойгоҳи хосса дар он. Миллати тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати иштирокчии комилҳуқуқ фаъолият намуда, орзуву ормони ҳазорсолаи халқашро амалӣ менамояд. Аз замони дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узвият ба Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол расман эътироф кардааст[3. С. 16]. Ворид шудан ба саҳнаи ҷаҳонӣ аз Муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон[5. С. 6] маншаъ гирифта, ҳадафҳои дар он муайяншуда пайгирона ва тадриҷан амалӣ мегарданд. Зиёда аз он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 зимни баромади нахустин аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад[2]. Маҳз ин арзишҳо заминаи рушди сиёсати хориҷии кишвар ва эътирофи он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дастоварди сеюм – Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Яке аз омилҳои асосии хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат мебошад, ки истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва таҳкими ваҳдати миллиро ҳамчун ҳадафҳои олӣ қарор дода буд. Дар раванди татбиқи ин ҳадафҳои олӣ сарвари давлат иродаи қавӣ, мардонагӣ, ҷасорати бемаҳдуд ва дурандеширо ба хотири миллат нишон дод. Ҳамагон медонанд, ки зимни музокироти байни тоҷикон таҳдиду суиқасдҳои зиёд аз дохилу хориҷ, хатари табдили кишвар ба майдони рақобати мансабталошон ва бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ возеҳ буд. Устуворӣ ва қатъият новобаста аз душмании рӯйрости қувваҳои дохиливу хориҷӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин дар Кобулу Хусдеҳ, гузашт ба хотири миллат аз нотакрории шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон шаҳодат медиҳад[8. С. 293]. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст[2]. Ҳамчун нишони эътирофи ин заҳматҳо раёсати ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон вогузор гардид[9. С. 85].

Дастоварди чорум – Интихоби дуруст ва пешбурди сиёсати хориҷии “дарҳои боз”, ки расман аз 31 декабри соли 2002 эълон гардидааст. Зарурати эъломи он бо омилҳои зерин алоқаманд буданд: -мавқеи муҳимми стратегии кишвар, ки яке аз нуқтаҳои калидии фазои Осиёи Марказиро дар бар гирифта, баъди оғози амалиёти байналхалқии зиддитеррористӣ дар Афғонистон мақоми хосса касб менамояд; – зарурати ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ дар шароити мураккаби муносибатҳои байналхалқӣ, умқи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва зуҳури хатарҳои муосири ҷаҳонӣ; – инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷии кишвар; – нигоҳ доштани тавозун дар самти афзалияти самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар;- ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ барои эҳёи иқтисоди кишвар ва татбиқи ислоҳот дар самти рушди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон. Ба шарофати сиёсати «дарҳои боз», ки ҷавҳари сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшад. Натиҷаи ин сиёсати воқеъбинона дар истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо 179 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 30 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 50 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон[6], мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо 100 кишвари ҷаҳонӣ (нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст) ва аз ҳама муҳим ироаи ташаббусҳои байнамилалӣ ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад. Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад[2].

Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Зиёда аз он ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар ва ҳамчун бренди миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани “Раванди Душанбе” [6]; натиҷаҳои дигари сиёсати дарҳои боз бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба шумор мераванд.

Дастоварди панҷум – Ташаккули хадамоти дипломатии касбӣ дар кишвар. Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия, тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи ташаккули халқи тоҷик буданд. Вале бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби истиқлолияти давлатӣ ба даст омад. Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Маҳз дар зимни ташаккули ин мактаби дипломатӣ чунин дипломатҳои забардаст, аз қабили Эмомалӣ Раҳмон, Талбак Назаров, Рашид Олимов ва дигарон ба саҳна омаданд, ки бо маҳорати дипломатӣ ва хусусиятҳои фардӣ намунаи дипломатияи муваффақ дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Яке аз заминаҳои устувори рушди хадамоти дипломатии тоҷик дар даврони истиқлол ин эътироф ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва хадамоти дипломатии Тоҷикистон мебошад. Ҳамроҳ шудан ба Эъломияҳои байналхалқӣ дар самти равобити дипломатӣ ва консулӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (солҳои 2002, 2014 ва бо тағйироти нав дар соли 2019) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2001, 2013 ва 2016) дар таҳрири нав қабул гардиданд. Барои тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №332 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он бо дарназардошти таҳаввулоту тағйироти дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудаанд[3. С. 17]. Аз ҷониби дигар, бинобар возеҳ гаштани нақши иқтисод ва тиҷорат дар сохтори Вазорати корҳои хориҷии кишвар Раёсати иқтисодӣ ташкил шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №657, аз 30.12.2019 дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №593, аз 26.12.2006 “Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Инчунин, вобаста ба намояндагони тиҷоратии ҶТ дар хориҷи кишвар қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 қабул гардид, ки махсусиятҳои муосири рушди касбӣ-соҳавии анвои гуногуни хадамоти дипломатӣ ва заминаи ҳуқуқии рушди онро инъикос менамоянд.

Дастоварди шашуми дипломатҳои тоҷик ин эъломи 29 сентябр ба унвони “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” дар Тоҷикистон мебошад, ки далели нуфузи соҳа, эътирофи он дар низоми хизмати давлатии кишвар мебошад[10. С. 14]. Дар баробари ин, хадамоти консулӣ ҳачун ҷузъи таркибии хизмати дипломатӣ рушд намуда, инкишофи он дар заминаи узвият ба Эъломияи Венагӣ оид ба раовбити консулӣ, қабули Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз 30 июли соли 1998 ва таҳаввули хизмати консулӣ бо роҳандозии шабакаи электронии фарогири масоили додугирифти раводид ва рафтуомади шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ пайгирона ба назар мерасад. Ҳамчунин, дар ин радиф барномаи судури раводиди электронӣ (e-visa) ба кор андохта шуд, ки айни замон шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё метавонанд аз он истифода кунанд. Ин иқдом дар ташаккули имиҷи мусбати кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии давлат нақши бузург дорад[3. С. 18].

Дастоварди ҳафтум ташаккул ва рушди дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дар зимни ташаккули дипломатияи касбии тоҷик, нақши ҷанбаи фарҳангии он возеҳ мегардад. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши арзишҳои ғарбӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои миллӣ – ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Дар ин қарина дипломатияи фарҳангии тоҷик бо сарварии Пешвои миллат бо муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ алоқаманд мебошад. Ин дастовардҳои мардуми тоҷик аз ҷониби ниҳоди бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар самти илм,маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО эътироф шуда, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии он ворид гардиданд. Дар ин радиф, ворид шудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат далели ҷавҳари фарҳангии миллати тоҷик, моҳияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи он маҳсуб мегардад.

Дастоварди ҳаштуми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба узвияти 57 созмони минтақавию байналхалқӣ пазируфта шуда, яке аз муассисони Иттиҳоди далватҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, ва Раванди Истамбул ба шумор меравад. Табдили шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ироаи ташаббусҳои муҳим дар самти пешгирии хатарҳои муосир, эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон, баргузории ҳамоишҳои илмиву амалӣ дар самти мубориза бо падидаҳои номатлуби муосир далели эътирофи кишвар ба ҳайси муайянкунандаи мавзӯи рӯз дар самти мубориза алайҳи хатарҳои муосир ва меҳвари афкори байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дастоварди нуҳум, ин ташаккули сатҳи нави ҳамкорӣ – шарикии стратегӣ мебошад, ки аз самаранокии сиёсати хориҷии кишвар ва дипломатии мо дарак медиҳад. Ташаккули тадриҷии муносибатҳо бо кишварҳои дӯст ва ҳамсоя заминаи ба сатҳи стратегӣ расидани шарокати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Беларус гардиданд, ки аз оғози марҳилаи нави сифатӣ дар самти таҳкими муносибатҳои мутақобила ва сиёсати дӯстона бо ин давлатҳо шаҳодат медиҳад. Дар ин радиф як нукта боиси тазаккур аст, ки маҳз сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар муносибат бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз Муроҷиатномаи аввалин ба мардуми шарифи Тоҷикистон ибтидо ёфта, тадриҷан дар асноди дуҷониба ва меъёрӣ –ҳуқуқии кишвар дар қиболи Консепсияҳои сиёсати хориҷӣ ва Паёмҳои солона ифода меёфт, изҳори анъанаҳои ҳамсоягӣ ва камоли инсонӣ зимни вафоти аввалин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ширкат дар маросими такфини ӯ аз суннатҳои неки мардуми тоҷик шаҳодат медод, ки минбаъд заминаи то сатҳи стратегӣ расидани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардиданд.

Дастоварди даҳум – ин ташаккули дипломатияи устувор, пайгирона, шинохтанӣ ва қобили пешгӯйӣ мебошад. Тавре маълум аст, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муайян гардида, моҳияти он дар Конститутсияи кишвар дар моддаи 11-уми ифода ёфт. Дар даврони истиқлолият бо назардошти рушди низоми ҳокимияти сиёсӣ ва таҳаввулоти бунёдӣ дар саҳнаи байналхалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба тағйирот ворид гардида бошад ҳам, онҳо ба моддаи марбут ба сиёсати хориҷӣ дахл надоштанд. Зиёда аз он авлавиятҳои кишвар дар суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар муайян гардида буд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мекард. Тавре таҳлили раванди минаъдаи ташаккули сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқии кишвар шаҳодат медиҳад, афзалияти мазкур то ҳол ҳифз гаштааст.

Мавқеи Пешвои миллат дар самти равобити мутақобила бо кишварҳои ҳамҷавор, пешбурди сиёсати ҳусни ҳамсоягӣ ва вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳон дар даврони истиқлолият яксон боқӣ мондааст. Усули сиёсати хориҷии мо, ки аз баромади аввалин дар Маҷмааи Умумии СММ сулҳҷӯёна арзёбӣ мегардид, то ҳол баръало возеҳ мебошад. Дар рафти муносбат бо кишварҳои минтақа маҳз устувории дипломатияи тоҷик дар симои Пешвои он заминаи рушди тадриҷии ҳамкориҳо гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба вазъи фалокатовари Афғонистон, хусусан мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хатари режими асримиёнагии «Толибон» ҷалб менамуд. Боиси таъкид аст, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати “Толибон” ба тозагӣ пайдо нашуда, балки дар тӯли биступанҷ сол ташаккул ёфтааст.

Агар раванди дипломатияи ҷаҳониро баррасӣ намоем, пас айни замон дар дунё кам кишваре пайдо мегардад, ки дорои мавқеи устувор ва қобили эътимод бошад.

Дастоварди ниҳоӣ ин оромӣ, субот ва амнияти фарогир дар шароити тағйиротҳои бунёдӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ бо ивазшавии усулҳои рақобати абарқудратон ва минтақаҳои геополитикӣ; – зуҳури ғояҳои нави ифротӣ ва иртиҷоӣ, аз қабили ифротгароии динӣ, миллатгароии нав (неофашизм) ва осебпазирии давлатҳои миллӣ, терроризми дорои инфрасохтори давлатӣ ва худкифо (аз раванди ҷаҳонишавӣ бештар созмонҳои ғайридавлатӣ ва террористӣ истифода бурда, мутобиқ шудаанд); – таъсири манфии хатарҳои иттилоотӣ (шустушӯйи мағзҳо, ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва паҳн намудани ғояҳои ифротии динӣ) ба шумор меравад. Тавре маълум, ташкили Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ аз сифр оғоз шуда, фаъолияти муваффақ ва ҳамоҳанги он бо сохторҳои иҷтимоӣ тадриҷан заминаи ба як кишвари амнтарини ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ва ба сегонаи аввалин давлатҳои амни ҷаҳон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ворид гаштани он ба шумор меравад.

Миллати мо тӯли солҳои истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд[2].

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

Дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёданд, вале инъикоси самти сиёсати хориҷии онҳо далел аз самаранокии дипломатияи тоҷик, талоши ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эъмори давлати пешрафта шаҳодат медиҳад. Новобаста аз ин, мо набояд ба ин дастовардҳо иктифо намуда, барои рушди бештари кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии он талош ва афзоиши нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи ҷаҳонӣ талош намоем.

Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек – ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем.

Шарипов А.Н. дотсенти кафедраи Дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ.

Рӯйхати сарчашмањо ва адабиёти истифодашуда

  1. Внешняя политика. Электронный ресурс. URL https://ru.wikipedia.org/wiki/Внешняя_политика (санаи муроҷиат 11.02.2020)
  2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон[манбаи электронӣ] URL: https://mfa.tj/tg/main/view/12/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston (санаи муроҷиат 26.05.2021)
  3. Муҳаммадзода П. А. Малангова И. И. Таҳлили дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 //Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир. 2020, №4(72) С.15-23
  4. Рахмонов Э. Независимость Таджикистана и возрождение нации. Том первый – Душанбе 2004, 358 с.
  5. Рахмонов Э. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносии миллӣ – Душанбе, 1995,
  6. Си дастоварди муҳимми Тоҷикистон дар сӣ соли истиқлоли давлатӣ. [манбаи электронӣ] URL: https://khovar.tj/2021/06/vymyvmiys-dastovardi-mu-immi-to-ikiston-dar-s-soli-isti-loliyat-davlat-mutahassisoni-markazi-tad-i-oti-strategii-nazdi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-on-oro-zikr-kardaand/(санаи муроҷиат 06.11.2021)
  7. Тюрина И.А. Системный подход к изучению взаимосвязи внешней и внутренней политики Электронный ресурс. URL https://cyberleninka.ru/ article/n/sistemnyy-podhod-k-izucheniyu-vzaimosvyazi-vneshney-i-vnutrenney-politiki (санаи муроҷиат 12.05.2021)
  8. Шарипов А.Н. Махсусият ва омилҳои маҳбубият касбнамудаи Пешво.// Паёми ДМТ. №1, 2019, С.292-296.
  9. Шарипов А.Н. Марҳалаҳои асосии ташаккули сиёсати хориҷии ҶТ. .//Маводи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тавсеаи сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон дар шароити муосир”. Душанбе, 11 декабри соли 2019. 256 с. –С.79-88.
  10. Шарипов А.Н. Ташаккули хизмати дипломатӣ дар Тоҷикистон//Ба қуллаҳои дониш. №15-16 (1443), 4 октябри соли 2018, С-14.