ДАРСИ КУШОДИ УСТОДИ КАФЕДРАИ МУТОЛИОТИ ШАРҚ

329

Санаи 15–уми октябри соли 2022 мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дарси кушоди н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш. баргузор гардид.Дотсенти кафедраи мутолиоти шарқ Тупалов Ғ.Ш. дар курси 2-юми ихтисоси сиёсати беруна ва дипломатия аз фанни “Забони хориҷии дуюм” дарс мегӯяд. Дарси кушоди н.и.ф., дотсенти кафедра Тупалов Ғ.Ш. дар ин курс дар мавзӯи “Феъл ва замонҳои он” доир гардид. Дар раванди дарси кушоди н.и.ф., дотсенти кафедра Тупалов Ғ.Ш. мудири кафедра, н.и.ф., дотсент Раҳмонов М., намояндаи садорати факултет, н.и.т. Мирзоев Ҳ.Т., ҳайати устодони кафедра ассистенти кафедра Маҳмудзода Мунир ва дигарон иштирок намуданд.Раванди дарси кушод тавассути презентатсия ва бо усулҳои муосир ба роҳ монда шуда буд. Баъд аз фаҳмондадиҳи намудани дарс аз ҷониби устод оид ба мавзӯи дарсӣ байни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронида шуд. Инчунин, дар раванди дарс устод аз усулҳои муосири забондонӣ истифода бурда, бо донишҷӯён бо забони хориҷӣ суҳбат менамуд. Дар замони ҷаҳонишавӣ қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад. Махсусан, донистани забони арабӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналхалқӣ зарурати воқеии давру замон аст.