ЧИН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ. САТҲИ НАВИ ҲАМКОРИҲО

487

Осиёи Марказӣ таърихан аҳамияти бузурги иқтисодӣ, геополитикӣ ва мавқеи хуби стратегиро доро буд. Аз қадимулайём минтақа ҳамчун пайвандгари Роҳи бузурги Абрешим ва ҳамзамон тамаддуни Шарқ ва Ғарб буда, маҳз тавассути он дастовардҳои бузурги Чин (борут, қутбнамо, дастгоҳи чопӣ) ба Аврупо роҳ ёфтааст. Инчунин минтақа дар ҷавори тамаддунҳои славянӣ, конфутсия, буддоия ва ҷаҳони ислом қарор дорад.

Баъди касби истиқлолияти кишварҳои минтақа, Ҷумҳурии Мардумии Чин фавран оид ба эътирофи онҳо изҳор дошта, алоқаҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодиро бо онҳо оғоз намуд. Далели он боздиди Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Пэн дар соли 1994 ба Тошканд мебошад. Зимни сафар ӯ чор самти рушди алоқаҳоро бо кишварҳои минтақа муайян намуд:

1) Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ манфиатҳои бисёри умумӣ доранд, ки метавонанад асоси равобити дӯстона гарданд;

2) Рушди ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муқобили кишварҳои сеюм равона нашудааст;

3) Чин нияти рақобат дар минтақа бо Россияро надорад;

4) байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ манфиатҳои ғаразнок набуда, он ба кишварҳои минтақа таҳдид наменамояд.

Дар тӯли истиқлолият дидору мулоқот ва машваратҳо дар шакли “+Осиёи Марказӣ” ё “Осиёи Марказӣ+” аввалин маротиба аз ҷониби Ҷопон соли 2004 роҳандозӣ гардид. Баъдан, соли 2007 сатҳи мазкур бо Кореяи Ҷанубӣ рӯйи кор омад. Иттиҳоди Аврупо соли 2013 чунин сатҳро ба роҳ монд ва Амрико аз соли 2015 онро тарзи мунтазами муколама оғоз бахшид (аксари коршиносони фурсатталаб сатҳи мазкурро эҷоди Амрико медоданд, ки комилан ғалат аст). Соли 2018 аз ҷониби Ҳинд, тобистони соли 2020 аз ҷониби Чин, тирамоҳи соли 2020 аз тарафи Россия, тирамоҳи соли 2022 аз ҷониби кишварҳои арабии Халиҷи форс чунин сатҳҳо роҳандозӣ шуданд ва дар назар аст, ки муколамаи Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором + Осиёи Марказӣ ба наздикӣ баргузор мешавад.

Санаи 18-19 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур аввалин маротиба дар чунин сатҳ баргузор гардида Чин модели нави ҳамкориҳои худро дар самти давлатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд. Намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин чанд рӯз қабл аз баргузории ин саммит ба хабарнигорон гуфта буд, ки саммити Чин-Осиёи Марказӣ аҳамияти даврониро хоҳад дошт ва саҳифаи навро дар рушди равобити кишварҳо заминагузорӣ мекунад.

Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод намуд, ки Чин барои пурзӯр намудани ниҳодикунонии минбаъдаи ин шакли ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ӯ изҳор намуд, ки Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард юан ҷудо хоҳад намуд. Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои иштирокчии ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш инъикос шуданд. Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардидандИмрӯз, мақоми Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин хислати муҳим дошта, ҳамкорӣ бо он таъмини манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятии ин кишварро фароҳам меорад. Ҳамзамон истифодаи дурусти иқтидори сармоягузорӣ ва иқтисодии он дар баробари пеш гирифтани сиёсати мутавозини хориҷӣ омили таъминкунандаи манфиатҳои мутақобила буда, ба нафъи ҷонибҳо хизмат менамояд. Аз ҷониби дигар, муносибат бо Чин барои ҳар як кишвари минтақа бо назардошти иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории он муҳим мебошад.

Ҷаъфаров С.Х. – декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ