Баргузории сеюмин мизи мудаввари «Бозгашт ба Ватан: ганҷинаи парокандашудаи ниёгон»

559

18 марти соли равон дар «Китобхонаи дастхатњои ниёгони бурунмарзї»ии кафедраи минтаќашиносии хориљии факултети муносибатњои байналхалќї сеюмин мизи мудаввари «Бозгашт ба Ватан: ганљинаи парокандашудаи ниёгон» баргузор гардид. Брои баргузории ин мизи гирд аз ҷониби  мутахассисони соҳҳаи таърих аз қабили: кафедраи минтаќашиносии хориљи,  таърихи халќи тољик ва кафедраи дунёи кадим ва асрҳои миёнаи факултети таърих брагузор гардида  дар кори он як гуруњ олимони соња ширкат варзиданд.

Дар оғози кори мизи гирд мудири кафедраи минтакашиносии хоричи дотсент Розиков Ф. М ҷаласаро хусни оғоз бахшида ҳозиринро хайру мақдам намуд ва пеш аз баромади маърузачиён   дотсенти кафедра Мамадазимов А  њозиринро бо дастовардҳои китобхонаи ҷадид, ки аз 41 номгуи китобҳои нодир, дастхатњо, китобҳои чопи сангин ва 19 фењрист, ки дорои 9850 номугуи дастхатњои тољикї (дари-форсї), ки аз фондњои донишгоњњо ва марказњои илмии Њиндустон овардашуда аст, муаррифи  намуд.

 Бромади нахуст аз ҷониби Профессори кафедраи минтакашиносии хориҷи  Рахматшо Махмадшоев дар мавзӯи  “ташаккул ва рушди њамкорињои фарњангии Хуросонзамин бо Њиндустон буд . Тибќи тањќиќотњои устоди мутахассиси афѓонистон робитањои хуросон аз давраи ќадимтарин оѓоз ёфта то имруз идома дорад.

Профессори кафедраи таърихи халќи тољик Бањром Ќурбонов дар мавзӯи  “таъсири давлати Ѓуриён ба таконбахшидани робитањои илмиву-фарњангии тољикон ва њиндуњо” устод Қурбонов Б оид ба љанбањои норавшани он бо фактҳои ҷолиб суханрони намуданд .

Суханронии профессори кафедраи минтаќашиносии хориљї Музаффар Олимов дар мавзӯи “ Ҳолати кунуни ва дурнамои њиндушиносї дар давраи шўравї ва замони муосир дар Тољикистони соњиб истиќлол” бахшида шуда, як силсила тавсиањо оид ба пурзўр намудани ин тањќиќотњо пешнињод гардид.

          “Зикри Њиндустон ва мардуми он дар таърихи Байхаќї” маърузаи профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна Сайфулло Муллоҷонов буд, ки мавзӯи баромад намудаи мавсуф ба мероси адабии ин муаррихи бузурги халќи тољик бахшида шуда, тавсифи ин кишвари бузургро дар бар мегирифт.

Дотсенти кафедраи таърихи халќи тоҷик  Юсуф Шодипур дар мавзӯи “дастовардњои нав дар сарчашмањои хаттї оид ба масалањои сомони шиносї” маълумоти илмї дода, устод Шодипур  бори дигар  Сомонхудот, ки ба давлати бузурги миллиамон ҳамчун як тоҷики асил номи  худро додааст, аз хонаводањои асили тољикї буданашро такя ба сарчашмањои боэътимод, таъкид намуд.

Дотсентони кафедраи минтаќашиносии хориљї Абдуѓанї Мамадазимов ва Фарњод Розиќов дар мавзуи «Султонати Бангола ва Куня чун њавзаи бузурги эљодии мутаффакирони тољик» баромад намуда,оиди бузургии њавзаи эљодии мутафаккирони тољик, ки  аз халиљи Бангола то гулугоњи Босфор фарогирифта буд, маълумотњои тару тоза доданд.

Профессор Маќсудов, аз кафедраи таърихи адабиёти тољик ҳамчун иштирокчии марказ, мисолњои зиёд аз њаёт ва эљоди мутафаккирони Вароруд ва Хуросон, ки дар Њиндустон, Осиёи Наздик ва Қафќоз умр ба сар бурданд, бо истифодаи намунањои асарњои назмї оварданд.

Дар љамъбасти кори мањфили илмиву тањлилї аз ҷониби маърузачиён  пешнињод гардид, ки кори мизи гирд идомаёфта ва дигар пањлуњои тањќиќногаштаи он аз ҷониби мутахассисҳои илмҳои дигар  (њуќуќ, иќтисод ва ѓ.) дарбар хохад гирифт.

КАФЕДРАИ МИНТАҚАШИНОСИИ ХОРИҶӢ