БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ

264

Дар доираи ҳафтаи илм имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати магистрантону донишҷӯёни кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.

Дар он аз тарафи магистрантон 5 маърӯза ва аз тарафи донишҷӯён 15 маърӯза пешниҳод карда шуд, ки ба мавзуъҳои мубрами сиёсати хориҷӣ, усулҳои муосири дипломатия, равандҳои муосири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, таҳдиду хатарҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бахшида шуда буданд.

Дар рафти конференсия донишҷӯён ва магистрантон маърӯзаҳои хешро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни баргузории конференсия миёни донишҷӯён ва магистртон андешарониҳо, ибрози назар, баррасиҳо ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.