Аз паём то паём- таҳлили баъзе аз ҷанбаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он

972

Дар шароити муосир бо назардошти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии бесобиқаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ, масъалаи ҳамқадам будан бо замон яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус роҳбари он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи вазъи минтақа ва ҷаҳон ба самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон василаи муҳими таҳлилу баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муайян намудани рушди минбаъдаи масъалаҳои алоқаманд бо онҳо дар кишвар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад. Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат фарогири рушди соҳаҳои мухталиф, муайян сохтани норасоиҳо дар бахшҳои гуногун ва дурнамои рушди мамлакат, инчунин мутобиқ сохтани меъёрҳои дохилӣ ба сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Паёмҳои солонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ намунаи олӣ ва одилонаи ҳисоботи роҳбари як кишвар ба мардуми мамлакат вобаста ба фаъолияти солонаи Ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз асли миллати куҳанбунёд ва таърихан давлатдори тоҷикон дарак медиҳад. Маҳз дилсӯзӣ ва миллатдӯстии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон аз эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба миллат мебошад, ки инъикоси худро дар Паёмҳои солона ёфтааст.

Дар мақола Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 26.01.2021 ва 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳлилу баррасӣ гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Паёми имсола, бо якчанд хусуссият аз паёмҳои дигар фарқ менамуд. Аввал, он ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар он нишондодҳои давраи мазкур ба таври дақиқ таҳлилу баррасӣ гардиданд, ки маълумоти васеъро фаро мегирад. Дуюм, дар Паёми имсола дар баробари таҳлилу баррасии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дурнамои рушди панҷ ва ҳафтсолаи кишвар муайян гардид. Сеюм, бо дарназардошти ҳадафи нави стратегӣ дар кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар, стратегия ва барномаҳои мушаххс пешниҳод гардиданд. Дар ин радиф, таҳлили муқоисавии рушди солонаи кишвар ва дастовардҳо дар самти татбиқ ва дастёбии аҳдофи стратегии кишвар ва дурнмои рушди Тоҷикистон анҷом дода шудааст.

Пеш аз ҳама бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир дар сиёсати хориҷии худ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст, ки нишондоди мазкур дар соли 2020 ба 178 адад баробар буд. Инчунин, дар асосии усули «дарҳои кушода», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтааст, роҳандозӣ ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф метавон гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми назаррас дорад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудани як платформа гувоҳ аз саҳми бузурги кишвари мо дар самти мушкилоти об дар ҷаҳон мебошад, ки кишвари моро ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Зиёда аз ин, дар соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ – Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт. Маҳз дар замони раёсати Тоҷикистон дар ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ санаи 17 сентябри соли 2021, ки таърихан фоли нек дорад, аз таъсисёбии он бист сол сипарӣ гардид.

Баргузории ҳамоишҳои СҲШ дар Тоҷикистон ба сифати яке аз муассисони Созмон, ки махсусиятро аз назари тавсеаи аъзогӣ доро мебошад ба кишвари мо имкон додааст то дар пешрафту такомули он саҳми босазо гузошта бошад. Аз ин рӯ, дар ҳамоиши СҲШ Изҳороти Душанбе қабул гардид, ки дар он фаъолияти бистсолаи СҲШ ва масоили калидии сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ инъикос ёфтааст. Бешубҳа Изҳорот роҳи бемайлони рушди созмонро дар ояндаи наздик муайян месозад. Зиёда аз ин дар раванди ҳамоиши душанбегӣ, қарор дар бораи оғози тартиби аъзогии ҶИЭ ба сифати аъзои комилҳуқуқи СҲШ қабул гардида, Арабистони Саудӣ, Миср ва Қатар мавқеи шарикон оид ба гуфтугӯро соҳиб шуданд. Бо ин ҳол ҳайати СҲШ тавсеа ёфта аз 18 то ба 21 давлат мерасад.[1]

Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Дар ин радиф таъкид гардид, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди кишвари мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат мегиранд.

Роҳбарияти олии кишвар, бахуссус Пешвои миллат Э. Раҳмон зиёда аз бист сол мешавад, ки аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.

Ҷониби кишвари мо ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломадаро гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон намедонад, балки онро натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он меҳисобад, ки зиёда аз 40 сол идома дорад.

Дар ин замина, миллати тоҷик натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро ҳаргиз фаромӯш намекунад, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ва ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар, инчунин ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид.

Бо сабақ аз чунин таҷрибаи талхи таърихӣ Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунад ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори он аст, ки дар Афғонистон сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва тавонад бо ин кишвар дар фазои ҳамсоягии нек ҳамкорӣ ва фаъолияти созанда дошта бошад.

 Дар алоқа бо ин яке аз принсипҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила ба ҳисоб меравад.[2] Аз ин рӯ Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.

Бо ин ҳол мавқеи кишвари мо низ дар самти сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсиро роҳи ягонаи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон медонад.

Дар робита ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон зарур шуморидани кумакҳои башарии мақсаднокро ба ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимтарин масъалае буд, ки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон иброз намуданд. Дар ин радиф ба Ҳукумати Тоҷикистон оид ба чораҷӯӣ намудан ва дар доираи имкон расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон ва дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкониятҳои васеи логистикии худро пешниҳод намудан, нишонаи мавқеи башардӯстонаи кишвари мо мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон фаъолият менамояд.

Дар воқеъ, вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро маҳз Тоҷикистон бо Афғонистон тули 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.

Бо ин ҳол, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар Афғонистон муҳимтарин масъала дар раванди ироаи паёмҳои Пешвои миллат, Э. Раҳмон ба ҳисоб мерафт.

Масъалаи рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор мегиранд. Аз ин рӯ, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз ва аз он зиёд таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Новобаста аз шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешид, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид.

Вобаста ба дурнамои рушди иқтисодии кишвар дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Дар зарфи 30 соли Истиқлолият маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар идомаи ин раванд, соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Масъалаи дигари рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз пешбинӣ гардидааст. Нишондои мазкур дар соли 2020 аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар буд.

Дар заминаи рушди ҳаёти иҷтимоии мамлакат ҳамасола таваҷҷӯҳи  Ҳукумати кишвар ба мунтазам боло бурдани сатҳи музди меҳнати кормандони касбу кори гуногун равона мегардад. Дар алоқа бо ин барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуда буд.

Дар паёми навбатӣ низ беҳтар намудани масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафт.

Аз ин рӯ,  бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям: аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида ва ҳадди ақалли музди меҳнат 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар оянда низ масъалаи фарогирии аҳолӣ ба кор ва таъмини ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ дар Паёми соли 2020 пешниҳод гардид, ки дар мамлакат Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд. Илова ба ин, зарур шуморида шуд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ин муҳимтарин василаи рушди ҳаёти иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро соҳибкасб будани аҳолӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ризқу рузии худро дарёфт намуда, ҷиҳати пешрафти мамлакат таъсир расонад.

Масъалаи дигари рушди иқтисодии кишвар ва ба даст овардани яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ алоқамандӣ дорад. Бо назардошти рушди ин соҳа метавон қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи нишондодҳои соли 2021 зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Аз ҷумла, барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.

Масалан, соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 расида, ин арқом нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд гардидааст.

Дар соли 2020 истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзудааст ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020-ум нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.

Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, ки мутаносибан 60 баробар кам шудааст. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.

Бо ин мақсад, минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр муҳим буда, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оила даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо ин ҳол метавон иброз дошт, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон қарор дошта сол то сол имкониятҳо дар самти таъмини бозори ватанӣ бо маҳсулоти худӣ беҳтар мегардад.

Дар маҷмуъ, бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардида буд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Дар натиҷа соли 2021 истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Муҳимтарин масъалаи дигаре, ки дар паёмҳои солҳои 2021 ва 2022 ироа гардида буданд, масъалаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба ҳисоб мерафт. Қайд гардид, ки барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Нишондоди мазкур дар соли 2020 ба 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ ва беш аз 2200 километр роҳҳо баҳогузорӣ гардида буд.

Бояд зикр намуд, ки бо амалӣ намудани корҳои зикргардида Тоҷикистон соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил дод. Ҳоло тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудааст.

Дар паёми соли 2021 қайд гардид, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.

Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ, корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Масъалаи дигаре, ки дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат ба унвони масъалаи калидӣ ёдоварӣ мегардад ва он дар воқеъ омили рушди минбаъдаи кишвари мо дониста мешавад, масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Дар паёми соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра дар Тоҷикистон беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ истеҳсол шудааст. Таъкид гардид, ки дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон низоми ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон ҳаноми ироаи паём ба Парлумони мамлакат дар соли 2021 таъкид намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Тибқи маълумотҳои соли 2020 дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.

Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад то дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне  ба истиқлолияти комили энергетикӣ дастёб гардад..

Дар соли 2020 аз ҷониби Президент ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо назардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.

Соли 2020 Президенти мамлакат Э. Раҳмон иброз дошта буданд, ки мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар кишвари мо ҳадафи нави стратегӣ раванди саноатикунонии босуръати кишвар идома дорад.

Мутобиқи маълумоти соли 2020 ҳангоми ироаи паёми Президент гуфта шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Инчунин, соли 2021 дар паёми Президент омадааст, ки бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Мутобиқи маълумотҳои соли 2021 гуфта мешуд, ки ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Зиёда аз ин бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод ардид, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Дар соли 2021 рушди иқтисодӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ин давра қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфта ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вобаста ба ин гуфта шуд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Агар дар соли 2020 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуда бошад, ин нишондод дар соли 2021 бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, ба беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 тақрибан 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад.

Бо ин ҳол дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки корҳоро доир ба ҷалби маблағҳои имтиёзнок тақвият бахшида, дар 5 соли оянда ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Дар маҷмуъ, дар паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ гуфта шуд, ки бо назардошти корҳои анҷомшуда соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли он дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар маҷмуъ, агар ба таносуби нишондиҳандаҳои рушд дар си соли Истиқлолият ва аз паём то паём, яъне ду соли охир назар афканем тағйиротҳои назаррас ба чашм расида, рушди устувори мамлакат дар доираи нақша ва барномаҳои қабулгардида таъмин шудааст. Дар зимн, вобаста ба рушди минбаъдаи инфрасохтори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мамлакат заминаҳои мусоид гузошта шудааст.

н.и.т, муаллими калони кафедраи Минтақашиносии хориҷӣ Шарипов С.С.


[1] Норов В: Решения, принятые на саммите ШОС в Душанбе, имеют эпохальное значение и открывают новую веху в поступательном развитии Организации. 2021 / 10 / 12. http://rus.sectsco.org/archive_news/20211012/784476.html.

[2] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27январи соли 2015, №332. https://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston.