Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Россия дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай

736

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳочӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо Федератсияи Россия равобити мустаҳками сиёсӣ ва дӯстонаро пеш гирифтааст. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Россия мавқеи муҳим дорад. (Абдунаби Сатторзода. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе: 2006, №3. С-17.)

Дар муносибатҳои байналмиалалиаш Ҷумҳурии Тоҷикиситон Россияро шарики стратегии худ мешуморад. Солҳои охир байни Тоҷикистон ва Россия робитаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ густариш ёфта, ба маҷрои нав ворид гаштааст.

Дар самти ҳамкорӣ бо СҲШ бошад, таҳлили воқеии фаъолияти ин Созмон нишон медиҳад, ки ҳадафи стратегии он ташаккул додани низоми ҷаҳони бисёрқутба дар асоси рақобати созанда мебошад. Ба ибораи дигар, фаъолияти ин Созмон на аз рӯи сенарияи «ҷанги сард» сурат гирифта истодааст, балки кишварҳои аъзои он чӣ тавре ки аз номаш пайдост, ҳамкорӣ бо кишварҳои ғайриаъзоро низ истисно намекунанд. Яъне, заминаи пайдоиши ин Созмон на идеологияи «ҷанги сард», балки тақозои мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва авзои нави геополитики ҷаҳон мебошад.

Ба ибораи дигар, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ заминаро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун фароҳам овардааст, ки дар раванди ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Солҳои охир СҲШ ҳамчун муҳаррики муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бештар ба соҳаи иқтисоду тиҷорат таваҷҷуҳ зоҳир карда истодааст. Ҳанӯз соли 2001 ҳангоми вохӯрии Сарони ҳукуматҳои аъзои СҲШ Меморандум дар бораи аҳдоф ва самтҳои асосии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ ва оғоз бахшидан ба раванди омода сохтани шароити мусоид дар соҳаҳои тиҷорат ва маблағгузорӣ ба имзо расида буд. Дар ин самт соли 2003 аз ҷониби давлатҳои аъзои СҲШ қабул гардидани Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ қадами муҳим мебошад. Дар дурнамои дарозмуддат то соли 2020 Барномаи мазкур ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва маблағгузории мутабодил, ба таври самаранок истифода бурдани захираҳои минтақа ва гузариши тадриҷӣ ба интиқоли озоди мол, сармоя, хадамот ва технологияро пешбинӣ кардааст (Умаров Ф. Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар раванди ҳамгироии минтақавӣ. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе, 2006, №3).

Тавре ки аз таърихи пайдоишу муҳтавои санадҳои мазкур ва баррасии ҷараёни инкишофи фаъолияти СҲШ маълум мегардад, ин Созмон марҳила ба марҳила самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуда, барои амали намудани лоиҳаҳои муштарак сохторҳои мушаххасро ба вуҷуд оварда истодааст, ки заминаи устувори ҳамгироии минтақавӣ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «Форуми Шанхай» фаъолона ҳамкорӣ намуда, чунин фаъолиятро ҳамчун узви СҲШ давом дода истодааст. Моҳи июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе саммити «Форуми Шанхай» баргузор гардид. Аз лаҳзаи таъсисёбии СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми саммитҳои ин Созмон иштирок намудааст. (Умаров Ф. Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар раванди ҳамгироии минтақавӣ. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе, 2006, №3.)

Баъди саммити СҲШ дар Бишкек (16 августи соли 2007) барои давраи пешомад то саммити навбатӣ Раисӣ дар Созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Роҳбарияти ҷумҳурӣ ниҳоят ҷиддан ба ин уҳдадорӣ муносибат намуда, ҳаматарафа ба саммити навбатӣ тайёрӣ медиданд ва барои муҳайё намудани шароити мусоиди баргузории саммит ва таҳияи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби сарони давлатҳо баррасишаванда корҳои зиёдеро анҷом доданд.

28 агусти соли 2008 дар Душанбе ҷаласаи 8 – уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ барпо гашт. Дар кори ҷаласа ҳамаи сарони давлатҳои аъзои Созмон иштирок намуданд.

Дар ин саммит сарони давлатҳо масъалаҳои вобаста ба тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои ояндаи гуногуннақша ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхайро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳуҷҷати асосие, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо қабул гардид ин Эъломияи Душанбеи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Дар Эъломия вазъи кунунии Созмон бо дарназардошти дунёи дигаргуншаванда ва дурнамои он акс ёфтааст. Сарони давлатҳо хамчунин бо қарори худ Низомномаро дар бораи мақоми шарикӣ муколамаи Созмони Ҳамкории Шанхай тасдиқ намуданд. Қарори мазкур барои давлатҳое, ки бо СҲШ мақсади ҳамкорӣ доранд, имконияти комилан васеъро муҳайё месозад.

Ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои муҳими Созмон қабул шуда буданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ҳамчун Раисикунанда вазифаи худро ба таври сазовор иҷро намуд ва баъд самити Душанбе ин эстафетаро Федератсияи Россия қабул кард.

Бояд зикр намуд, ки ба ғайр аз ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, СҲШ барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ кӯмаки воқеӣ расонидааст.

Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, раввобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин, таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони Ҳамкори Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаои зербиноӣ, ҳамкорӣ, дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст. (Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 январи соли 2015, № 3322.).

Узвият дар СҲШ дар баробари Россия ва Чин кафолати онро медиҳад, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби ин ду давлат, ки нуфуз ва обрӯи баланди байналмилалӣ доранд, дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марзи тӯлонӣ ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ басо мушкилеро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, дар самти мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор саҳми бузург мегузорад. Бо назардошти таҷрибаи пешқадами кишвари мо дар ин соҳа, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази СҲШ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор таъсис ёбад. Дар ҷаласаи охирони Шӯрои Сарони давлатҳои СҲШ, ки 15 июни соли 2011 дар ш. Остона баргузор гардид, Стратегия зиддитеррористии СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва Барномаи татбиқи он қабул гардид, ки ин боз як қадами пеш дар ҷодаи амалӣ гаштани ҳадафҳои созмони мазкур мебошад. (Умаров Ф. Нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар раванди ҳамгироии минтақавӣ. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе, 2006, №3.)

 СҲШ, инчунин, имкониятҳои густурдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар самти иқтисодӣ- иҷтимоӣ ба миён меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуд: «Чун сухан дар бораи минтақа рафт, ташкилоти калонтарини он – Созмони Ҳамкории Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рӯзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарӯзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар доираи фаъолияти созмони мазкур дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди дорои хислати умумимиллӣ бунёд шудаанд. (www. Mid.tj.) Аз ин ҷост, ки мо фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи он густариш дода, муносиботи худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой тақвият хоҳем бахшид, ки албатта дар бахши равобити дуҷониба ҳаҷму мазмуни васеътаре хоҳад гирифт».

Дар ин гуфтаҳои Сардори давлат баҳои воқеӣ ба фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай ва муносибати Тоҷикистон ба он дода шудааст. Воқеан ҳам иштироки Хитой дар созмон ва кӯшишҳои ин кишвар баҳри сохтмони шабакаҳои роҳҳои оҳан ва автомобилӣ барои рушди ҳамкории давлатҳои аъзо дар минтақаи СҲШ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки фаъолияти СҲШ асосан ба масъалаҳои сиёсӣ равона гардида, робитаҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ дар доираи Созмон ба дараҷаи лозимӣ рушд наёфтаанд. Вале бо итминони комил метавон гуфт, ки фаъолияти давлатҳои аъзо дар ин самт ботадриҷ тавсеа ва ривоҷ ёфта истодааст. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он то соли 2020 таъмин намудани гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни 8 давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Бо тадриҷ ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва тандурустӣ ривоҷ меёбанд.

Дар тӯли 20 соли фаъолияти хеш сатҳи ҳамгироии давлатҳои аъзо ривоҷ ёфта, гардиши мол дар дохили СҲШ беш аз 10 маротиба афзоиш ёфт.

Яке аз дастовардҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки 53 донишгоҳи маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифтааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.

Дар давоми 20 соли мавҷудияти хеш СҲШ худро ҳамчун фазои босамари мубодилаи афкор, таҳияи мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуктаи назари гуногун нишон дод. Албатта СҲШ аз рӯи ченаки байналмилалӣ ҳоло созмони ҷавон аст ва аз ин ҷиҳат на ҳама нақшаҳо ва барномаҳои он ҷомаи амал пӯшидаанд. Вале барномаҳо ҳамоҳанг гардидаанд ва Нақшаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо то соли 2020 қабул шудааст, ки татбиқи онҳо гарави рушди ҳамкориҳои иҷтисодии минтақаи СҲШ мебошад.

Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Созмон, хосатан дар Шӯрои бозоргонӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ назаррас буда, пайваста дар онҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баррасӣ мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзои ҳамкории Шанхай, ки 15 июни соли 2011 дар ш. Остона баргузор гардида буд, пешниҳод намуд, ки барои рушди минбаъдаи СҲШ Стратегияи он қабул гардад ва дар таҳияи он, дар баробари давлатҳои аъзо, давлатҳои нозир ва давлатҳои шарик оид бо музокирот низ иштирок намоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таҳияи чунин як санад роҳнамои Созмон барои даҳсолаҳои оянда хоҳад буд.

Бо дарназардошти мавқеи Федерасияи Россия дар ҷаҳон ва минтақа, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарокати стратегӣ бо ин кишвар аҳамияти хосса дорад. (Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 январи соли 2015, № 3322.).

Тоҷикистон аз асри 19-ум бо Россия дар фазои умумии геополитикӣ, сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ қарор дорад. Вусъат додани муносибатҳо бо Россия дар асоси баробар, мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар имрӯз ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад. Кишвари мо муҳимтарин нақши созандаи Россияро ҳангоми ҳаллу фасли низоъи дохилӣ дар Тоҷикистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин сарзамин аз ёд набурдааст.

Мо дар оянда низ робитаҳоро дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳем бахшид. Қабл аз ҳама табиист, ки барои тақвияти бештари муносибатҳои иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард.

Ҳарчанд Россия аз нигоҳи гардиши мол бо Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол менамояд, имкониятҳои рушду густариши бештари равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ҳанӯз зиёданд ва мо барои истифодаи онҳо саъй хоҳем кард.

Намунаи беҳтарини алоқаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, мисли нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ки нишонаи нодири ҳамкориҳо дар фазои пасошӯравист, вуҷуд доранд ва мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки чунин намунаҳо ҳарчи бештар бошад. (Х. Зарифӣ. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Душанбе: Ирфон, 2009, – Ҷ. 1. – 296 с.)

Густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо яке аз ҳамсояшарикони бузургамон – Ҷумҳурии Халқии Хитой – аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад.

Дар муносибатҳо бо Хитой солҳои охир намунаи хуби ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд арзи вуҷуд кардааст ва дар ин замина фазои фарохи рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадааст. (www. Khovar.tj.)

Аз ин рӯ, вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо Тоҷикистону Хитой, балки ба нафъи суботу амнияти минтақа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии ҳамкориҳо ҳадафмандона тақвият хоҳем бахшид.

 Тавсеаи муносибатҳо бо Федератсияи Россия дар асоси баробарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшиҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад. (Х. Зарифӣ. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Душанбе: Ирфон, 2009, – Ҷ. 1. – 296 с.)

Ҳамаи авомил ва суханҳои дар боло овардашуда гувоҳи онанд, ки аз ин гуна алоқаҳои бисёрсамта ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Федератсияи Россия манфиатдоранд. Аз ҳамин лиҳоз, барои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия доштани муносибатҳои дипломатии устувор, алоқаҳои зичи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, низомӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба манфиати тарафайн, ба хусус Тоҷикистон буда, сади роҳи ҳар гуна хавфу хатари эҳтимолиро хоҳад гирифт ва Тоҷикистон метавонад дар оянда ба расидан ба аҳдофи стратегии худаш умед бандад.

Хулоса таҷрибаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар мисоли Тоҷикистон (сохтмони роҳҳои автомобилгард ва нерӯгоҳҳои барқӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату амният ва ғайра) далели он аст, ки Созмони мазкур дар раванди минтақагароӣ саҳми назаррас гузошта, дар оянда ин раванд метавонад аз қаламрави кишварҳои аъзо убур намуда, тамоми фазои Аврупоосиёро фаро гирад.

Дар маҷмӯъ равобити кишварҳо ҷавобгӯи манфиати ҷонибҳо буда дорои иқтидори бузург ва дурнамои хуб мебошад. Ба таври умум, муносибатҳои Тоҷикистонро бо СААШ метавон рӯ ба густариш арзёбӣ намуд. Бидуни тардид, заминаҳо ва имконоти рушди чунин муносибатҳо ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фароҳам омада, ба ҳамгироии рӯзафзуни кишвари мо бо ҷаҳони имрӯз мусоидат мекунанд.

Розиқов Ф.М., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ