Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Аз ҷониби мақомот дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун мукофотҳои пуливу молӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим гардиданд. Дар миёни онҳо донишҷӯёни зерини Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуда, ғолибони ҷойи аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷойи 1-ум
Шаҳзодахон Бурхонова – донишҷӯи курси 2-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номинатсияи 4-ум;
Ҷойи 2-юм
Шабнам Одинаева – донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номинатсияи 4-ум;
Мадина Ҳаитова – донишҷӯи курси 2-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номинатсияи 4-ум;