Ғалабаи донишҷуйи факултет дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман”

597

Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №АП-1335 аз 5 феврали соли 2020 ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман” доир мегардад. Мақсади гузаронидани ин озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон. Тайи солҳои охир иштироки донишҷуёни факултет дар ҳама гуна озмунҳои сатҳи донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ назаррас ба чашм мерасад. Дар ин замина, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ Асомуддинзода Масрур дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар жанри анъанавии “Номинатсияи навозанда” иштирок намуда  сазовори диплом гардида, ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифт. Дар ҷаласаи садорати факултет Асомудинзода Масрур барои ишғоли ҷойи ифтихори ва соҳиби дипломи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  гардиданаш соҳиби ифтихорномаи садорат ва туҳфаҳои хотирмон гардид.