АҲАМИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ БАРОИ ТОҶИКОН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

430

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қонун дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул гардид. Бад-ин васила орзуб армони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ шуда, марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ оғоз гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ арзи ҳастӣ дорад, ки боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.

Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби беш аз 190 давлати ҷаҳон эътироф гардида, бо 180 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити дипломатиро барқарор намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар 30 давлати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии 23 кишвари хориҷӣ ва беш аз 20 ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмиллалии молиявӣ фаъолият доранд.

Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ мушкилоте зуҳур намудаанд, ки ба соҳибихтиёрии давлат ва истиқлолияти он таҳдид менамоянд.

Дар шароити имрӯза, бинобар тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ дар назди давлатдории миллӣ хавфу таҳдидҳои нав ба вуҷуд омадаанд.

Барои муайян кардани соҳибихтиёрии давлат ва истифодаи ин мафҳум дар амалияи хукуқӣ мафҳуми давлатро дарк кардан лозим аст. Ба маънои умумӣ давлат як навъ созмонест, ки дорои дастгоҳи махсуси маъмурӣ буда, қонунҳоеро нашр мекунад, ки барои ҳама одамон ҳатмӣ мебошад ва дар саросари кишвар қудрати олии сиёсӣ дорад. Мақсади асосии давлат идораи ҷомеа мебошад.

Самаранокии идоракунии ҷомеа пеш аз ҳама ба сифати сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ вобаста аст. Барои он ки умури дохилию хориҷии давлат хислати мустақил дошта бошанд, соҳибихтиёрӣ лозим аст, ки ҳамчун гарави масунияти давлат аз кишварҳои дигар баромад мекунад.

Одатан истиқлолият ҳамчун волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили худи кишвар ва истиқлолияти он аз таъсири беруна фаҳмида мешавад.

Соҳибихтиёрӣ сифатест, ки давлат мустақилона ва новобаста аз ҳар кишвари дигар вазифаҳои худро ҳам дар қаламрави худ ва ҳам берун аз ҳудуди он ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ амалӣ менамояд.

Соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат ва ҳокимияти сиёсӣ дар фаъолияти онҳо, мустақил будан хам аз созмонҳои сиёсии ин давлат ва ҳам аз давлатҳои хоричи ва созмонҳои байналмилали зохир мегардад.

Истиқлолияти давлатӣ аз чунин усулҳои бунёдӣ, аз қабили ягонагии қаламрав ва сарҳад, дахолатнопазирии сарҳади давлатҳо ва дахолат накардани ба корҳои дохилии он иборат мебошад.

Агар ягон давлат ё қувваи берунии дигар сарҳади давлати дигарро вайрон кунад ё онро ба қабули қароре водор намояд, ки ба манфиатҳои миллии ин давлат ва халқи он мувофиқ набошад, пас ин вайронкунии соҳибихтиёрии давлат аст. Пас ин аз заъфи давлат, нотавон будани он дар таъмини соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллию давлатии он шаҳодат медиҳад.

Дар асоси Оинномаи СММ, ки давлатҳои аъзои он 26 июни соли 1945 дар Сан-Франсиско кабул кардаанд, пешбинӣ мегардад, ки «ҳамаи аъзои СММ бояд дар муносибатҳои байналхалқии худ аз таҳдид ё истифодаи зурӣ ҳам ба муқобили тамомияти арзӣ ва ҳам истиқлолияти сиёсии ин ё он давлат ё бо ягон роҳи дигар худдорӣ намоянд, ки ба ҳадафҳои СММ мувофиқ нест».

Бо вуҷуди ин, бо дар назардошти суръати ҷаҳонишавӣ, давлатҳои муосир ба иттиҳодияҳои байнидавлатӣ ворид мешаванд, ки масъалаи маҳдудкунии эҳтимолии соҳибихтиёрии давлатро ба миён меорад.

Ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳон дар ниҳоди давлат дигаргуниҳои ҷиддиеро ба бор овардааст. Ҷаҳон бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, бӯҳрони инсониро аз сар гузаронидааст, ки дар табаддулоти давлатӣ, гирдиҳамоиҳо, талафоти инсонӣ зоҳир мешавад. Ҳамаи ин ходисахо ба зуҳуроти буҳрони институти давлат ва соҳибихтиёрии давлат табдил ёфтанд.

Аз ҷониби дигар, ҷаҳонишавӣ ба пояҳои давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии он таҳдид менамояд. Ҳамаи ин моро водор мекунад, ки нақши давлатро дар ҷаҳони муосир аз нав андеша кунем.

Бо шиддат гирифтани ҷаҳонишавӣ, давлатҳо ҳарчи бештар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба дахолат ва фишори хориҷӣ дучор меоянд. Имруз аксарияти давлатҳо «расман» соҳибихтиёр буда, ба фишори чиддии давлатҳои дигар, блокҳои ҳарбӣ, созмонҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ дучор мешаванд.

Бо рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ майдони амали давлатҳо танг мешавад. Дар сиёсати хориҷӣ эҷоди муносибатҳои байнидавлатӣ бе иштироки кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ амалан ғайриимкон аст. Мухолифати байни ду давлатро бе дахолати тарафи сеюм тасаввур кардан мумкин нест. Масъалаҳои сиёсати дохилӣ бошад, аз чаҳорчӯбаи дохилӣ берун шуда, ба сатхи байналхалқӣ бароварда мешаванд.

Дар дарки мафҳуми соҳибихтиёрии давлат дар соҳаи иқтисод низ тағйирот ба амал меояд. Соҳибихтиёрии давлат дар соҳаи иқтисод аз он иборат аст, ки сиёсати соҳибихтиёрона ва мустақили иқтисодиро пеш барад. Вобастагии афзояндаи иқтисоди миллӣ ба он мусоидат мекунад, ки иқтисоди давлатҳо ба хам зич алоқаманд буда, аз якдигар вобастагии мутақобила пайдо мекунанд.

Рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бозорҳои миллиро барои ширкатҳои хусусӣ дар сатҳи фаромиллӣ боз мекунад. Ҷиҳатҳои нави муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ — ширкатҳои фаромиллӣ ба майдон омада, ахамияти ташкилоту ширкатҳои байналхалқӣ афзуд. Иқтисод ҳарчи бештар ба вазъи хориҷӣ, ба нархи нафт, қурби асъорҳои ҷаҳонӣ, нишондиҳандаҳои биржаҳои ҷаҳонӣ ва ғайра вобаста мегардад.

Давлатҳо бояд бо чунин воқеият муросо кунанд, ки як қисми маҳсулот дар зери назорати ширкатҳое сурат мегирад, ки манфиатҳояшон на ҳамеша бо манфиатҳои давлат мувофиқат мекунанд, ки ин маҳдудияти соҳибихтиёрии давлат мебошад. Дар шароити муосир соҳибихтиёрии давлатӣ ахамияти калон дошта, кафили муайяни мавҷудияти давлатҳои мустақил мебошад.

Дахолати дигар ба соҳибихтиёрии давлат таъсир ба фазои иттилоотӣ ва мафкураи шаҳрвандони он дар шароити рушди технологияҳои коммуникатсионӣ ва ташаккули шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба шумор меравад, ки мавҷи бузурги ахбори мухталиф ва муттазодро дар бар мегирад.

Дар ин ҷараён наметавонад ҳеҷ давлате аз дастрасӣ ба он худдорӣ намояд, зеро худдорӣ аз ин раванд маънои аз пешравии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии давлат дасткашиданро дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ дар ташаккулёбии тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавонон таъсир намуда, хатар ба амнияти милӣ ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки хатари асосии нестшавии ҳар як миллату давлат дар коста гардидани идеологияи миллии ҷавонони он ба шумор меравад. Ҷаҳонишавӣ яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба шуур, махсусан, ба шаклҳои шуури ҷамъиятии наврасону ҷавонон алалхусус, ба ахлоқ, дин, ҷаҳонбинӣ мебошад, ки ин шаклҳои шуури ҷмъияти идеологияи шахсро муайян менамоянд. Ба ибораи дигар, барои ғасби мафкураи ҳар як нафар мубориза ҷараён дошта, кишварҳои абарқудрат бо талқини низоми давлатдорӣ ва тарзи зиндагӣ ҷавононро мағзшӯйӣ намуда, бо ҷойгир намудани арзишҳои бегона онҳоро ба манқурт табдил медиҳанд. Зиёда аз он, зимни тарғиби “арзишҳои умумӣ” меъёрҳои ғайриахлоқӣ ва фаҳш ҳамчун нишонаи фарҳанг ва ҳуқуқ озодиҳои инсон тарғиб мегарданд, ки пояҳои ҷомеаҳои миллиро хароб менамоянд.

Ба ақидаи сиёсатшиноси америкой Ҷ. Розенау “дар раванди ҷаҳонишавӣ вайрон шудани соҳибихтиёрии мавҷудаи миллӣ ва сарҳадҳои миллӣ боиси пайдо шудани шакли нави анархия мегардад”. «Дар натиҷаи суст шудани ҳукумати собиқи марказӣ, тақвияти муносибатҳои фаромиллӣ, кам шудани аҳамияти монеаҳои байни миллатҳо ва таҳкими ҳама чизе, ки сарҳади давлатиро ба осонӣ убур мекунад».

Бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ҳамин тариқ, раванди ҷаҳонишавӣ ба соҳибихтиёрии давлат ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ таъсир расонида, боиси тағйироти назаррас дар рушди давлат мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи маҳдудкунии эҳтимолии соҳибихтиёрии давлатӣ барои Тоҷикистон, ки дар раванди ташаккули сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди миллӣ фаъолона иштирок мекунад, аҳамият пайдо мекунад.

Дар шароити муосир бо шиддат гирифтани таъсири омилҳои таъсиррасонӣ ба сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ ва мафкураи ҷомеа аҳамияти истиқлол ҷиҳати нигоҳ доштани забон, хотираи таърихӣ, асолати миллат ва фарҳанги миллӣ ниҳоят муҳим буда, ояндаи миллат ва мавҷудияти давлати тоҷикон бо истиқлоли сиёсӣ ҳаммаъно мебошад.

Дар баробари ин яке аз омилҳои асосии ҳифзи истиқлол, ин дарки аҳамияти он, омӯзиши роҳи таърихии тайкардаи мардуми тоҷик баҳри дастёбӣ ба соҳибихтиёрӣ, аз худ намудани мероси бузурги фарҳангӣ, адабӣ ва илмии халқи тоҷик ва талқини он ба хурдсолону ҷавонон ҷиҳати ташаккули ҳувияти милллӣ зарур мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад».

Аз ин рӯ моро мебояд, то дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида ба хотири рушди давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолият якҷоя амал намоем.

Шарипов АМРИДДИН, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муоносибатҳои байналхалқӣ

Саидзода ҲАЛИМ, д.и.ф., профессори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ