55-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ АРАБШИНОСӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

457

Расо 55 сол қабл (соли 1968) бо ташаббуси бевоситаи дастпарвари Донишгоҳи Санкт–Петербург (собиқ Ленинград) профессор Владимир Павлович Демидчик кафедраи филологияи араб ҳамчун кафедраи мустақил ва аввалин шуъбаи арабшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таъсис дода шуд.

Профессор В.П. Демидчик, то охирин рӯзҳои ҳаёти худ (1987) сарварии кафедраро ба уҳда гирифтаат, ки хизматҳояш дар рушди илми арабшиносии тоҷик сазовори таҳсин мебошад.

Аз соли 1987 то соли 2004 хатмкардаи шуъбаи арабшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград, устоди зиндаёд Ҳусейнзода Матин Шарипович (1939-2004) сарварии кафедраро бар уҳда дошта, дар тарбияи мутахассисони соҳаи арабшиносӣ нақши муҳим бозидааст. Ҳусейнзода М.Ш. доктори илми филология (2000) ва профессор (2002), муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ оид ба таърихи адабиёти асримиёнагии араб мебошад.

Вақте ки ӯ ба кафедраи забони арабӣ сарварӣ мекард (17 сол – аз соли 1987 то соли 2004) ба андешаи соҳибназарон даврони мутахассисони аъло ва шукуфоии кафедра буд. Муаллимони боистеъдод – Исаева Ф.А., Комил Мусофиров, Фарҳод Деҳотӣ, Ҳалим Муъминов, Файзӣ Қодиров, Мирзо Тоҳиров мутахассисону олимон, дипломатҳову рӯзноманигорон ва арабшиносони забардастро ба камол расонданд. Донишҷӯён бо шавқу завқи ҷавонӣ дар дарсҳои устодони мазкур иштирок карда, ба олами сеҳрноки Шарқи Араб шефта мешуданд ва орзуи дидани пойтахтҳхои афсонавии он – Бағдод, Қоҳира, Димишқро доштанд.

Аз соли 2004 то соли 2012 роҳбарии кафедраро доктори илми филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ ба зимма дошта, бо фаъолияти пурсамари худ барои пешрафти кафедра ва самти арабшиносӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошт.

Сайидраҳмон Сулаймонӣ (тав. 10.05.1947 ноҳияи Тоҷикободи Ҷумҳурии Тоҷикистон), забоншинос, номзади илми филология (1979). Дотсент (1980). Доктор (1997). Хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи таърих ва филологияи ДДТ (1969). Аз соли 1972 то соли 1985 ба ҳайси муаллим ва сипас дотсенти кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии ДДТ кор кардааст. Мутарҷими мушовири командири қувваҳои хушкигард дар Ҷумҳурии Арабии Яман  (1970-1971) ва мутарҷими мушовири иқтисодии сафорати СССР дар Ҷумҳурии Ироқ (1980-1983). Ходими калони илмӣ (1985-1992) ва мудири бахши тарҷума ва таҳияи мероси фалсафии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ (1992-2005). Мудири кафедраи филологияи арабии ДМТ (2005-2012). Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ. Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Либия. Аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир ба илмҳои филологӣ. Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. (Ҷумҳурии Мисри Араб). Дорандаи унвони фахрии медали “Хизмати шоиста” (2003) ва “Арбоби илм ва техника” (2011).

Осори илмии устод С. Сулаймонӣ аз китобҳое ба монанди: Ташаккули забони фалсафаи тоҷик. (монография) 1997. Сулаймонӣ. С. Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ (70 000 калима). 2- ҷилд, 2004-2005; Сулаймонӣ. С. Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ (30 000 калима)., 2008. Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ. (Дастури таълимӣ), 1999. Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ. (Таҳқиқ ва тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ), 2005; Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ. (дастури таълимӣ) 2005; Фарҳанги шомили арабӣ – тоҷикӣ (100 000 калима), 2011; Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ – тоҷикӣ – русӣ (120 000 калима), (зери табъ).Тарҷумаҳои илмӣ аз арабӣ ба забони тоҷикӣ: Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к изданию), 2002; Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004; Осори Ибни Сино: «Ҳикмати машриқия», «Ҳидоя», «Ибора» аз «Китобушшифо», маҷмӯи «Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз ҷумла рисолаҳои: «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Андар салот», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Андар ҳузн», «Аршия дар сифоти Аллоҳтаоло» ва ғайра иборат мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки д.и.ф., профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ аз арабшиносони сермаҳсули муосири тоҷик буда, соли 2005 фарҳанги арабӣ-тоҷикиеро таълиф намуд, ки аз 70 000 калима иборат аст ва соли 2012 онро тавсиа дода, дар ҳудуди 100 000 калима бори дуввум ба табъ расондааст. Бояд гуфт, ки соли 2018 ин олими тоҷик барои корномаи хеш дар риштаи тарљума дар чањорумин давраи маросими ќадршиносии донишмандон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ба гирифтани “Љоизаи Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Њамад Оли Сонӣ доир ба тарҷумаҳо ва ҳусни тафоҳуми байналмилалӣ” мушарраф гардид.

Ҳамин тариқ дар тули фаъолияти илмии худ чандин солҳо дар Академияи забони арабӣ дар Ҷумҳурии Миср узвият доштанд. Бо роҳбари устод зиёда аз 12 нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя карда, боз чанд нафари дигаре дар арафаи ҳимоя кардани рисолаҳои худ мебошанд.

Аз соли 2013 то 2016 сарварии кафедра ба дӯши номзади илмҳои филология (2010), дотсент Саломов Аскар буд. Саломов А.Ҷ. дар самти иқтибосоти арабиасос дар “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом медиҳад.

Аз соли 2017 то 2020 мудирияти кафедра ба зиммаи номзади илмҳои филология, дотсент Яқубов Тоҷиддин гузошта шуда буд.

Аз моҳи феврали соли 2020 доктори илми филология, дотсент Раҷабова Марҳабо мудири кафедраи мазкур таъйин гардидааст.

Арабшиносӣ аз ҷумлаи илмҳои вусъатёфта буда, дар тамоми давлатҳои ҷаҳон бо ҳадафҳои гуногун омӯхта мешавад.

Ҷои тазаккур аст, ки  мафҳуми арабшиносӣ ба худи арабҳо чандон мувофиқ нест, вале дар асрҳои миёна ва замони муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ ба он оварда расонд, ки арабшиносӣ аз ҷумлаи илмҳои эътирофшуда дар худи кишварҳои арабӣ ба ҳисоб меравад.

Вожаи “арабшиносӣ” аз калимаи “араб” ва “шинохтан” гирифта шуда, маънояш омӯзиши чизест, ки он ба арабу арабзабонҳо тааллуқ дорад, аз ҷумла: забону адабиёт, таъриху дин, касбу ҳунарҳои гуногун, фалсафа, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра.

Аввалин бор марказҳои арабшиносӣ дар Аврупои Ғарбӣ – Рим, Париж ва Лейден дар охири асри XVI ва аввали асри ХVII расман пайдо гардидаанд. Дар Русия бошад арабшиносӣ тақрибан соли 1827 ба вуҷуд омадааст, ки дар он нақши арабшиносон А.В. Болдирев ва В.Р. Розен хеле равшан мебошад.  

Донишмандон ҳадафҳои “арабшиносӣ”-ро мувофиқ ба матлаби шарқшиносон муайян намуда, ба хулосае омадаанд, ки он бо ҳадафҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. Ҳадафи динӣ.
  2. Ҳадафи сиёсӣ.
  3. Ҳадафи илмӣ.
  4. Ҳадафи тиҷоратӣ.

Дар бораи таърихи “арабшиносӣ” дар Ғарб маълумоти зиёдеро донишманди ғарбӣ Дониел дар китоби худ “Ислом ва Ғарб”, ки соли 1960 нашр намудааст, овардааст.

Арабшиносони Ғарб ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: муғриз ва мунсиф.

Арабшиносони муғриз нисбати мардумони Шарқ адовату душманӣ дошта, мунсифон бошанд дар адои вазифаи худ каме ҳам бошад инсофро риоя намудаанд. Аз ин лиҳоз “арабшиносӣ” танҳо ҷиҳати манфӣ надошта, аз тарафи арабшиносони мунсиф осори зиёде дар бораи грамматикаи забони арабӣ, адабиёт, балоғат, таърих ва ғайра таълиф шудааст. Аз ҷумлаи арабшиносоне, ки таълифоти мунсифона доранд Эрпениюс “Грамматикаи забони арабӣ”, Карл Брокелман “Таърихи адабиёти араб”, Селвестра Десасӣ дастурҳои таълимӣ, Г. Лейн фарҳанги 7-ҷилдаи арабӣ-англисӣ ва дигарон мебошанд.

 Донишмандон натиҷаҳои мусбати “арабшиносӣ”-ро чунин баён кардаанд:

  1. Эҳёи мероси араб.
  2. Кашфи осор ва дастхатҳои таърихӣ.
  3. Таҳқиқоти зиёде дар самти арабшиносӣ.
  4. Рушд ёфтани дарсҳо дар самти забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ.

Интишорёбии “арабшиносӣ” дар Аврупо ба Русия низ таъсири худро гузошт, ки дар натиҷа омӯзиши он дар донишгоҳҳо ва марказҳои шаҳрҳои Петербург ва Маскав ба роҳ монда шуд, вале ба қавли донишмандон арабшиносони рус аз ҷумлаи муғризон набуда, мероси  шарқиёнро ҷузъе аз мероси мардуми худ медонистанд ва ҳадафашон шиносоӣ ва маърифати манотиқи мусалмоннишин буд, зеро масъалаи зиддияти калисо бо мусалмонон дар замони Екетиринаи 2 ҳал гардида, мусалмонони Русия дар дини худ бе мушкили зиндагӣ мекарданд. Инчунин, лозим ба зикр аст, ки барои муносибатҳои байналмилалии Русия “арабшиносӣ” аз тобишҳои сиёсӣ холӣ набуд.

Инқилоби Октябр дар Русия натанҳо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии собиқ Русияи подшоҳиро дигар кард, балки ҳаёти илмии ин мамлакатро сурату сирати дигар бахшид, зеро агар Русия дар давраи пеш аз инқилоб ҳамчун давлати мустақил илму иқтисодиёти худро роҳандозӣ мекард, пас аз инқилоб масъулияти 14 ҷумҳурии мустақил дар дохилии Иттиҳоди Шуравӣ ба зимма гирифта буд. Аз онҷо ки русҳо худ анъанаи ташкил намудани арабшиносиро доштанд ва дар айни замон аксари халқҳое ки дар тобеияти ИШ вуҷуд доштанд, пайравони дини ислом буданд. Аз ин рӯ ИШ маҷбур буд, ки барои мувофиқ шудан бар як сиёсати баробар ба “арабшиносӣ” низ диққати хос диҳад. Баъди ҷудо шудани ҷумҳуриҳо ва пайдо шудани онҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон барои амалӣ гардонидани ин ҳадаф аввалин марказҳои “арабшиносӣ” дар Осиёи миёна кушода шуд. Барои босавод сохтани мардум дар шаҳри Тошканд аввалин донишгоҳи халқӣ ташкил дода шуд ва он барои ба вуҷуд овардани зиёиён нақши арзанда бозидааст.

Дар ташкил намудани самти арабшиносӣ дар кишварҳои Осиёи миёна нақши донишмандон И.Н. Берёзин, Н.И. Весилёвский, В.В. Григорев, В.А. Жуковский, К.Г. Залеман, В.В. Родилов, В.В. Розен, Ф.Н. Френ, Н.В. Хаников ва О.И. Селковский назаррас мебошад.

Дар баробари арабшиносони рус, ки дар пайдоишу пешрафти арабшиносӣ дар кишварҳои Осиёи миёна саҳми калон доштанд, донишмандони маҳаллӣ низ ба ҳайси тарғибкунандагони илму фарҳанги исломӣ ба мисли Абӯсаид Махзум, А. Аскаров, Мирзо Абдураҳмон, Мирзо Бухории Мирзобарот, Сатторхон, Ҳоҷи Юсуф ва дигарон хизматҳо кардаанд.

Машҳуртарин арабшиноси рус И.Ю. Крачковский мебошад, ки пажуҳишҳои ӯ “арабшиносӣ”-и русро ранги дигар бахшида, арабшиносони баъдӣ пайрави мактаби ӯ мебошанд. Асарҳои машҳури И.Ю. Крачковский “Бо дастхатҳои осори арабӣ” ва тарҷумаи Қуръони карим мебошад.

Арабшиносони ИШ таълифоти зиёдеро дар соҳаи забону адабиёт, таъриху фарҳагнигорӣ ва ғайра доранд, ки то ҳол қимати худро гум накарда мавриди истифодаи арабшиносон қарор доранд, аз ҷумлаи он арабшиносон Я.С. Виленчик, И.Н. Винников, Х.К. Баранов, А.Я. Борисов, В.И. Беляев, О.Г. Болшаков, А.В. Болдиреф, Н.В. Юшманов, Н.А. Медников, А.А. Семёнов, А.А. Кавалёв, Г.Ш. Шарбатов, А.Б. Халидов, В.Э. Шагал, А.Д. Мамедов, В.М. Белкин, В.Д. Ушаков, О.Б. Фролова ва дигарон мебошанд.

Аз шумораи кишварҳои Осиёи миёна, ки дар он “арабшиносӣ” мавриди омӯзиш қарор дода шуд, Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон буд. Соли 1958 дар асоси шуъбаи адабиёти классикӣ ва шуъбаи дастхатҳои институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶШТ шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии ҶШТ таъсис ёфт. Инчунин, дар ҳамин сол дар заминаи факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин шуъбаи шарқшиносӣ бо кафедраҳои забон ва адабиёти форсӣ ва забону адабиёти араб таъсис дода шуд.

Аввалин мудири ин шуъба донишманди соҳаи адабиёти советии тоҷик А. Мирзоев буда, аввалин устоди забони арабии он шаҳрванди Ҷумҳурии Ироқ Ҳасан Иброҳими Наққош буд, ки то соли 1986 инҷо фаъолият кардааст.

Арабшиносии тоҷик аслан умри беш аз ҳазорсола дорад, зеро ниёгони мо асарҳои гаронбаҳоеро дар ин самт эҷод намудаанд, ки онҳо безавол мебошанд.

Ҳадаф аз арабшиносӣ дар Тоҷикистон дар замони муосир ин аст, ки фарҳангу тамаддун ва забону адабиёти мардуми арабу тоҷик бо ҳам гусаста буда, бе донистани он дарки мероси гаронбаҳои таърихии тоҷикон номумкин мебошад. Ба андешаи арабшиноси варзидаи тоҷик, доктори илми филология, прфессор Саидраҳмон Сулаймонӣ ҳадафи арабшиносӣ дар ҳоли ҳозир дар се нуқта хулоса меёбад:

  1. Дарку фаҳми забони тоҷикӣ, зеро вожаҳои зиёди таркиби луғавии забони тоҷикӣ арабиасос мебошанд.
  2. Тарҷума ва баргардон кардани мероси гаронбаҳои илмӣ ва фарҳангии ниёгонамон, ки бо забони арабӣ навишта шудааст.
  3. Омода кардани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла тарҷумон ва дипломатҳо.  

С. Сулаймонӣ, бар он аст, ки арабшиносии илмии тоҷик яке аз соҳаҳои ояндадори илм ва фарҳанг дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд: “миллате нест, ки мисли тоҷикон шоҳкориҳояшро ба забони арабӣ навишта бошад, ки бояд онро дастраси хонандаи тоҷик кард.”

Ҳамин тариқ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои зикргардида дар кафедраи филологияи араб мутахассисони варзида кору фаъолият намудаанд. Аз ҷумла муаллима Исаева Фия Абдулбариевна.

Зиёда аз 60 сол аст, ки муаллима Исаева Ф.А. дар кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз забони арабӣ дарс медиҳад. Вай дар давоми ин даҳсолаҳо ба наслҳои зиёди шарқшиносони тоҷик на танҳо ба ҳаёт ибтидо гузошт, балки худаш бо доштани хислатҳои инсонӣ, хоксорию меҳрубонӣ, донандаи касби худ, содиқ ва садоқат ба касб барои онҳо намунаи беҳтарин гардид.

Мактаби арабшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассисон ва донишмандони бо таҷрибаро ба воя расондааст, ба мисли:

Муъминов Ҳалим Қаҳорович

Муъминов Ҳалим Қаҳорович (тав. 15.10.1934 Бухоро, вафот: 04.09.2004 Душанбе)аз ҷумлаи аввалин хатмкардаҳои шуъбаи шарқшиносии ДДТ ба номи Ленин В.И. буда, ҳангоми таҳсил дар курси 4-ум ӯ якумин донишҷӯе буд, ки ба ҳайси тарҷумони як гурӯҳ геологҳои шуравӣ ба Сурия фиристода шуд. Соли 1963 бо даъвати Идораи геологияи ИШ маротибаи дуюм бо як гурӯҳ мутахассисони он ба Яман равон гардид.

Пас аз хатми шуъбаи шарқшиносии ДДТТ соли 1963 Х.К. Муъминов дар кафедраи забони арабӣ ҳамчун муаллими забон ва адабиёти араб ба фаъолият оғоз намуд, ки он 41 сол, яъне то охири умраш ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент давом ёфтааст. Дар фаъолияти худ Х.К. Муъминов дар кафедра аз фанҳои: «Ҷуғрофиёи кишварҳои араб», «Таърихи адабиёти муосири араб», «Таърихи адабиёти тоисломӣ», «Сарчашмашиносӣ», «Муқаддимаи исломшиносӣ», «Ёдгорихои адабиёти араб», ба забони арабӣ дарсҳои назариявию амалӣ мегузашт. Ғайр аз ин, солхои 1970-1992 ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ буд.

Муъминов Ҳ.Қ. рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Михаил Нуайме как теоретик критического реализма в арабской литературе» соли 1974 дар Академияи фанҳои Узбекистон ҳимоя намудааст.

Эҷодиёти устод аз “Матнҳои грамматикӣ” (1969), “Хрестоматияи арабӣ” (1970), “Луғатномаи арабӣ-тоҷикӣ”, “Грамматикаи мухтасари забони арабӣ”, барномаи таълимии “Забони арабӣ” барои синфҳои 5-10-уми мактабҳои миёна (1989) ва ғайра иборат мебошад.

Х.Қ. Муъминов бо медали «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999), нишони сарисинагии «Аълочии мактабҳои олии СССР» (1980), медали «Ветерани меҳнат» (1985) ва медалҳои хотиравии бахшида ба 25 ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии Точикистон мукофотонида шудааст.

Комил Мусофиров (1937-2014). Номзади илми филология (1973). Дотсент (1975). Аввалин хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДТ ба номи В.И. Ленин. (1958-1963) ва муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод (1962-1963). Декани факултаи Шарқшиносӣ (1983-1994). То лаҳзаҳои охири ҳаёташ (2014) дар кафедра ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти араб фаъолият намудааст.

Дорандаи чандин ордену медал ва таърифномаю грамотаҳои Донишгоҳиву  Ҳукуматӣ мебошанд, аз ҷумла: «Нишони аълочии мактабҳои олии СССР», «Медал барои меҳнати шуҷоатнок» ва дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон».

Ба қалами устод бештар аз 50 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва зиёда аз 20 китобҳои тарҷумавӣ (аз арабӣ) ва худӣ таалуқ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо: Китоби дарсии «Забони арабӣ». (1975), «Маҷмуаи ҳикоя ва латифаҳои арабӣ» (1970), «Ҳикояҳои арабӣ» (1985), «Шарораи аввалин» (1988), «Фирор» (роман-1990), «Муҳаббати пок» (роман-1990), китоби таълимӣ «Муколама» (1998), «Арабские анекдоты» (1998), «Латифаҳои арабӣ» (2002), «Латоиф ва амсол» (20004), «Ном ва номгузорӣ» (2007, «Таълими забони арабӣ бе муаллим» (2009), китоби дарсӣ барои синфҳои 10-ӣ мактабҳои Ҷумҳурӣ «Забони арабӣ» (2009), «600 латифа ва ҳикматҳои арабӣ» (2011), «Қонуни табиат» (2013), «Наводир ва ҳикматҳои арабӣ» (2013) ва ғайраро зикр карда метавон.

Тоҳиров Мирзо (1938-2020) зодаи деҳаи Арғанкули ноҳияи Сангвор). филолог-шарқшинос, муаллими забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ. Хатмкардаи шуъбаи шарқшиносии факултети таъриху филологияи тоҷики ДДТ (1966). Муаллими забони арабӣ дар факултети забонҳои Шарқ (1971).

 Дорандаи медали барои «Шуҷоати ҳарбӣ» (1970), медали «Вентерани ҷанги Афғонистон» (1981) ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011).

Раҳимов Ситам (тав. 02. 05. 1940 зодаи деҳаи Саддаҳои ҷамоати Сари Хосори ноҳия Балҷувон). Филолог-шарқшинос. Муаллими калони кафедраи филологияи араб. Хатмкардаи шуъбаи адабии факултети «Таъриху филология»-и Университети давлатии Тоҷикистон  ба номи Ленин В.И. (1959-1964). Лабаранти кафедраи забони арабӣ          (1964). Ассистенти кафедра (1967). Мутарҷим дар Ҷумҳурии Сурия (1968). Хатмкардаи курси ҳарбии тарҷумонии институти Ҳарбии забонҳои хориҷии Москав (1969).  Мутарҷими ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб (1970-1972). Алҳол муаллими калони кафедраи филологияи арабӣ.

 Дорандаи медали барои «Шуҷоати ҳарбӣ» (1970), медали «Ветерани ҷанги Афғонистон» (1981) ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011).

Ба қалами устод китоби дарсӣ барои синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Забони арабӣ» (2010) тааллуқ дорад.

Шукуроева Саидабибӣ (тав. 15. 09. 1942) – филолог-шарқшинос. Дар шуъбаи шарқшиносии ДДТ солҳои 1959-1964 таҳсил намуда, то соли 1974 дар шуъбаи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. рисолаи номзадии худро соли 1971 дар робита ба рисолаи “Ал-Ғуфрон”- Абӯаъло ал-Маарӣ навиштааст. Дар солҳои 1974-1994 дар Донишкадаи шаҳри Кулоб аз фанни матни классикӣ ва адабиёти Шарқ ба донишҷӯён дарс додааст. Муаллима Шукуроева С. дар солҳои 1994-2007 дар вазифаи декани факултети шарқшиносии ДДТ фаъолият намуда, дар тарбияи ҷавонон саҳми арзанда гузоштааст.  Муаллима то соли 2018 дар кафедраи филологияи араб ба ҳайси дотсент ба донишҷӯён дарс дода, сипас ба нафақа баромадааст. Шукуроева С. барои мо ҳамчун муаллимаи  меҳрубону ғамхор буда, бозарофату хандонрӯй ва ҳамеша хушвақт мебошанд. Шукуроева С. муаллифи монография ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмию методӣ, ва илмию оммавӣ мебошад.

Худойдодова Санавбар (26.11.1945, деҳаи Маҳрам, ноҳияи Конибодом), – арабшинос. Солҳои 1963-1968 дар шуъбаи шарқшиносии ДДТ таҳсил намуда,  ходими кабинети забон ва адабиёти ба номи Ҷомии ДДТ (1968-1969), муаллим (1970-1985), муаллими калони кафедраи филологияи араб (1985 то инҷониб), раиси Шурои илмӣ-методии факултети шарқшиносӣ (1998-2009). Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмию методӣ, ва илмию оммавӣ буда, бо ҳамкории устодони кафедра барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии забони арабӣ таълиф кардааст.

Тоҷиддин Мардонӣ (04.12.1947 ноҳияи Ҳисор деҳаи Дурбат) филолог-шарқшинос, номзади илми филология (1986), доктори илми филология (2007). Хатмкарди шуъбаи забони арабии факултаи шаркшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин (1972). Тарҷумон дар давлати Яман (1970 ва 1989-90). Лаборанти Институти шаркшиносии АИ Точикистон (1973-79).  Тарҷумон дар Чумхурии Ироқ (1979-1983). Корманди Институти шаркшиносии АИ Точикистон (1983-89). Ходими калони илмӣ (1990). Раиси девони Вазорати корҳои хориҷӣ, ёвари вазир, сардори раёсати кадрҳо ва иттилооти махсус, ҷонишини вазир (1992-95). Сафири фавқулъода ва Томмулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон (1995-2001) ва дар Туркманистон (2001-2004).

Осори устод аз китобҳое ба мисли “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (2010), Арабо-таджикские литературные связи (2006), Арабско-таджикское двуязычие в поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов IX-X вв. (1993), Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ (2018), Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам (2010), Масъуд Саъд Салман и арабская поэзия (2006), Слово об Абуали ибн Сина (2018), Насир Хусрав и арабоязычная культура (2005) ва ғайра иборат мебошад. [9]

Назрулло Назаров (30.01.1949 вилояти Суғд) -филолог-шарқшинос, аъзои иттифоқи нависандагон. Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шаркшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин (1972). Тарҷумон дар Чумхурии Ироқ (1973-1974). Ходими калони Ассотсиатсияи тоҷикии дӯстӣ бо хориҷиён (1975-1978). Тарҷумон дар Чумхурии Ироқ (1978-1982). Коргари калони шурои оид ба корҳои дин (1982-1987). Ҷонишини раиси кумитаи ҳамфикрии мардумони Осиё ва Африқо (1987-2002). Ҷонишини мудири  шуъбаи Осиё ва Африқои ВКХ (2002-2004). Мудири  шуъбаи Осиё ва Африқои ВКХ (2004-2007). Сафири фавқулъода ва Томмулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии арабии Миср (2007-2014).

Назрулло Назаров суруди миллии Тоҷикистон, чанде аз шеърҳои М. Миршакар, Гулназар К., Гулрухсор ва дигар шоиронро ба забони арабӣ тарҷума карда, китоби президент “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо роҳбарии ӯ дар се ва чор ҷилд дар шаҳри Қоҳира бо забони арабӣ ба чоп расидааст. Соли 2007 бо ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардидааст.

Эркин Раҳматуллозода (тав. 10.05.1953. ш. Исфара) соли 1974 шуъбаи забонҳои шарқи ДДТ-ро бо ихтисоси арабшинос хатм намуда, солҳои 1974-1976 ба ҳайси муаллими мактаби миёна, солҳои 1977-1980 тарҷумони Сафорати ИШ дар Қоҳира, солҳои 1980-1986 корманди дастгоҳи Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1986-1990 ҷонишини якуми Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1992-2001 ҷонишини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2016 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ, солҳои 2016-2023 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон намояндаи доимӣ дар Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва Шурои иҷроияи Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг кору фаъолият кардааст.

Соли 1999 рисолаи номзадиро дар Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи Ломаносов ва рисолаи докториро соли 2008 дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳимоя намудааст.

Китобҳои Э. Раҳматуллозода «Превентивная дипломатия: панацея или мираж?» (Москва, 2008) ва «Миротворчество и превентивная дипломатия Организации Объединенных Наций: Центральная Азия, Таджикистан и Афганистан» (Коста -Рика, 2006, ба забони англисӣ) мебошад.

Шодиев Мирзохуҷа (18.02.1955 ноҳияи Тавилдара деҳаи Лочирки) филолог-шарқшинос, номзади илми филология (1990),  Хатмкарди шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленин (1977). Тарҷумон дар давлати Ироқ (1977-78). Корманди Институти шаркшиносии АИ Точикистон (1979).  Тарҷумон дар Ҷумхурии Либия (1981-1984). Хатмкардаи аспирантура дар назди кафедраи филологияи араб (1984- 1987). Тарҷумон дар Ҷумхурии Сурия (1995-2001). Ёвари вазир ва сардори идораи Вазорати мехнат ва шуғли аҳолии ҶТ (2001-2008). Ҳамзамон дар Донишгохи миллии Точикистон аз фани забони араби дарс  мегуфт. Мушовир Созмони байналмилалии мухоҷират (2008-2009). Аз соли 2009 то ҳоли ҳозир дар Донишгохи миллии Точикистон аз фанни забон ва адабиёти араб дарс мегӯяд.

Шодиев М. зиёда аз си мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ, монография дар мавзуи «Мансури Халлоҷ-шоири мутасаввиф» (2012)   ва як идда маводи таълимӣ барои чоп расондааст.

Баротзода Ф.Б. (тав. 10.02.1962. водии Ҳисор) солҳои 1979-1985 дар факултети забонҳои шарқи ДДТ бо ихтисоси арабшинос хатм намудааст. Бобоев солҳои 1982-1983 дар Ҷумҳурии Либиё ба ҳайси тарҷумон хидмат кардааст. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад. Баъд аз бозгаштан, ӯ соли 1985 бо дипломи аъло Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард. Бобоев дар ш. Красноводски Туркманистон ба сифати тарҷумони забони арабӣ фаъолияти корияшро оғоз бахшида, баъд ба ҷумҳурии Сурияи Араб фиристода шуда, дар ин ҷо ба таҳияи дастури таълимӣ-техникии «Наставление по прорыву укрепленных районов» (Дастуруламал оид ба рахна кардани минтақаҳои истеҳкомӣ) шурӯъ мекунад. Соли 1989 лаборанти калони шуъбаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад. Минбаъд ҳамчун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон машғули тадқиқоти илмӣ будааст. Соли 1995 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таърихномаи Балъамӣ ҳамчун сарчашмаи адабӣ» дифоъ намуд.

Аз соли 2004 то соли 2007 ба ҳайси котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии раёсати АИ ҶТ кор кардааст. Солҳои 2007-2009 докторанти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва солҳои 2009-2011 муовини директори ҳамин Институт оид ба илм буд. Моҳҳои феврал-апрели соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид. Моҳҳои апрел-сентябри ҳамин сол ба сифати ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ оид ба илм кор кардааст. Аз моҳи октябри соли 2011 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи ёвари президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Бо фармони Президенти ҶТ аз 13 феврали соли 2015 директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Метавон чунин хулоса кард, ки хатмкунандагони дигари шуъбаи филологияи араб ба мисли З. Қосимӣ, Х. Нозирӣ, А. Каримӣ, М. Умаров, С. Файзиев, С. Ниёзӣ, М. Шарифов, Ш. Нуриддинова, К. Исмонов, Н. Солиҳов, Додихудоев Р., Ф. Илёсов, А. Сафарализода, Ғ. Тупалов, Ф. Саидова, М. Раҳмонов, М. Маҳмудзода, А. Қамаров ва дигарон дар марҳилаҳои гуногун муддати 55 сол аст, ки дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии кишварамон кору фаъолият доранд.

Ба андешаи профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимов М. “Бо мустақил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди дипломатҳо аз рӯйи тахассусашон арабшинос буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин бахш дар рушди минбаъдаи дипломатияи тоҷик саҳми худро гузоштааст.”

Вобаста ба нақши арабшиносӣ дар омода кардани мутахассисони бо таҷриба дар Тоҷикистон дотсент Самиев Х.Д. – роҳбари Маркази омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин қайд мекунад: “Иттиҳоди Шуравӣ ҷиҳати вусъат додани нуфузи худ дар мамолики араб манфиатдор буд. Аз ин рӯ низоми махсусеро барои омода кардани мутухассисони арабшинос таҳия намуда, ба воситаи он шумораи бузурги арабшинос-тарҷумонҳоро барои фаъолият дар кишварҳои араб тайёр кард, ки тоҷикон дар ин самт пешсаф буданд. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо ба ҳайси тарҷумони Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб – Ҳусни Муборак фаъолият намудани мутахассиси тоҷик Раҳимов Ситам мебошад.”

Ғайр аз Инстути шарқшиносӣ ва факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ шарқшиносӣ) дигар муассисаҳо низ дар ин ришта кору фаъолият доранд, аз ҷумла кафедраи филологияи араби Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, кафедраи навтаъсиси мутолиоти шарқи факултети муносибаҳои байналхалқӣ ва кафедраи филологияи Шарқи наздик, ки аксарияти мутахассисонашон хатмкардаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (шарқшиносӣ)-и ДМТ мебошанд, дар пешбурди арабшиносии тоҷик саҳми арзанда мегузоранд.

Муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқи ДМТ н.и.т. Қамаров А.З.