29 сентябр – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

769

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Тоҷикистон бо пешниҳодҳои созандааш дар сиёсати байналмилалӣ нақшофар астАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аввалин маротиба  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои  сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили   робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дошта, дар ҳамин асос 29 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад.Дар ин робита, хабарнигори “Ҷумҳурият” бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва рушди дипломатияи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад:– Муҳтарам  Сироҷиддин Муҳриддин, боиси ифтихори миллӣ аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Табиист, ки дар роҳи расидан ба чунин нусрат ва эътибори байналмилалӣ Вазорати корҳои хориҷӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, мехоҳам суҳбатро аз дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ оғоз намоем.– Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиёсатро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи ҷомеаи байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Аз пиёдасозии чунин дипломатия то имрӯз натиҷаҳои мусбату дилхоҳ ба даст омада, давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Амрикову Аврупо, Осиёву Африқо робитаҳои мустақими дипломатӣ ба роҳ монд. То имрӯз Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, барои муаррифии боз ҳам бештари симои мусбати кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатӣ ва 10 муассисаи консулии мо дар хориҷи мамлакат фаъолият доранд.Воқеан, боиси ифтихор аст, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Давлати мо бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба раванди ҳамгироии бештар дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар таъмини амнияту оромии минтақа нақши марказӣ дорад. Имрӯз ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар амри субот ва рушди ҳамкориву ҳамгироӣ дар минтақа чӣ гуна баҳо додан мумкин аст?  – Аслан, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳо ва  минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хосса дорад. Нигоҳи Президенти маҳбуби мамлакатро дар масъалаи мазкур мебояд махсусан зикр  кард, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва, бахусус ҳамсоякишварҳоро аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуданд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими давлатдорӣ ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо ин давлатҳо имконнопазир аст.Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бо назардошти муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дарки умумияти проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва амниятиву экологӣ аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии хеш робитаҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чун авлавияти сиёсати хориҷии худ дониста, барои рушду тавсеаи ҳар чи бештари онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад. Маҳз ҳамин талошҳо сабаб шуданд, ки имрӯз дар минтақаи мо фазои ҳамгироӣ ва дарки умумияти тақдиру сарнавишти давлатҳо ва мардумони онҳо торафт тавсеа ёфта, нақши Тоҷикистон дар пойдории субот, рушди ҳамкориҳо ва тавсеаи ҳамгироии созанда дар минтақа эътироф шудааст. Далели ин амр дар он зоҳир мешавад, ки соли ҷорӣ зимни Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин “Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд. Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ин мукофот воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хидматҳои шоистаи ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, арзёбӣ мегардад. – Рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр печидаи авзои минтақа мизбони ду нишасти дорои аҳамияти байналмилалӣ – ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай буд. Натиҷаи ин ҳамоишҳои сатҳи баландро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва он дар имиҷи байналмилалии Тоҷикистон боз чӣ таъсире хоҳад гузошт? – Бале, имсол Тоҷикистон дар ду созмони бузурги минтақавӣ – Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раёсатро ба уҳда дошт ва пойтахти кишвари мо мизбони нишасти ҷашнии Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он ва иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд. Ба ин далел, 16-17 сентябри соли 2021 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуда, дар интиҳо бастаи калони санадҳо, дар маҷмуъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.Пас аз анҷоми кори ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамин ҷо нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.Раёсати Тоҷикистон дар ин ду созмон бо амалӣ сохтани як қатор ташаббусҳои нав ба поён расид. Дар ин замина кори муҳиме, ки анҷом ёфт, ин ташкили нахустин ҷаласаи муштараки сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд, ки дар он вобаста ба вазъи Афғонистон гуфтугӯҳои муфассал анҷом шуд.Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонии чунин нишастҳои сатҳи баланд таҷрибаи нахустин нест, вале дар як вақт доир кардани ин ду ҷаласа бори дигар давлати моро ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мунодии сулҳ дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли башар қарор дод, ки он ба эътибори афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам такони нав бахшид.   – Бешубҳа, дар ҳамаи давлатҳо Вазорати корҳои хориҷӣ яке аз вазоратҳои бонуфуз ба шумор меравад ва шояд аз ин лиҳоз бошад, ки солҳои охир бештари ҷавонон самти дипломатияро интихоб менамоянд. Шумо ҳамчун дипломати варзида ба нафароне, ки соҳаи мазкурро интихоб мекунанд, чӣ тавсияҳо медиҳед?  – Пеш аз ҳама, ҷавонон бояд таъриху фарҳанг, муқаддасоти миллии кишвар, инчунин, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзанд. Дорои донишу малака барои истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хидмати давлатӣ ва дипломатӣ бошанд. Малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ дошта бошанд. Бояд зикр намуд, ки дипломатия самти ҷолиб, вале душвору нозук мебошад. Рафтору тарзи сухангӯии дипломат бояд дар доираи одоби касбии хизматчии дипломатӣ бошад, зеро ҳар рафтору гуфтори ноҷо метавонад на танҳо муносибати шахсро бо шахси дигар, балки муносибати давлатҳоро низ халалдор созад. Бинобар ин, дипломат дар ҳар куҷое, ки бошад, бояд, пеш аз ҳама, ҳисси баланди ватандорӣ ва фаъолияти пурсамарро ба манфиати давлати худ анҷом диҳад ва дар баробари ин, қонунгузорӣ ва расму оини миллии давлати пазирандаро эҳтиром намояд. 

Мусоҳиб Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”

https://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=45167