(бахшида ба ворид шудани Ёдгории таърихӣ-фарҳангии “Хутали Қадим” ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО)
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 11 марти соли 2026 мизи мудаввари илмиву назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи дипломатияи фарҳангӣ дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ворид шудани Ёдгории таърихӣ-фарҳангии “Хутали Қадимқ ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО доир гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳайати устодону кормандон, коршиносону мутахассисон ва донишҷӯёну магистрантҳои факултет иштирок намуданд. Дастовардҳои дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд гардида, инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, аҳамияти таърихӣ ва нақши Ёдгориҳои “Хутали Қадим” дар таърихи ташаккули халқи тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти чорабинӣ декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент С.Х. Ҷаъфарзода, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ, профессор П.А. Муҳамадзода, профессорони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ А. Сатторзода ва Э. Раҳматуллозода, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, дотсент Х.Д, Самиев, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ Анвари Сафарӣ баромад намуда, нақши 11 Ёдгориҳои “Хутали Қадим” – Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш; Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ; Шаҳристони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ; Шаҳраки Манзаратепа дар ноҳияи Восеъ; Қалъаи Золи Зард дар ноҳияи Данғара; Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара; Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ; Шаҳристони Золи Зар дар ноҳияи Фархор; Корвонсаройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор; Шаҳртеппа дар ноҳияи Фархор; Дайри Буддоии Хишттеппа дар ноҳияи Ховалингродар ташаккули дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Илова бар ин, иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ оид ба Паёми навбатии Президенти кишвар ҳамчун омили муҳими пешбурди дипломатия фарҳангӣ, зарурати пешбурди дипломатифи фаъоли фарҳангӣ дар сиёсати хориҷӣ дар шароити кунуни муносибатҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои дипломатияи фарҳангии кишвар дар даврони Истиқлол суханронӣ намуданд.










