Сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар муносибат бо кишварҳои ИДМ

619

Лаҳзаҳои душвор инсонҳои қавиро ба вуҷуд меоранд, инсонҳои қавӣ заминаи фаро омадани лаҳзаҳои хуб мешаванд, лаҳзаҳои хуб инсонҳои заифро ба вуҷуд меоранд, инсонҳои заиф сабаби омадани лаҳзаҳои душвор мегарданд – Ҳикмати шарқӣ

Халқи тоҷик дар таърихи даврони истиқлолият шоҳиди воқеии амалӣ гаштани ин ҳикмати санҷидашуда гардид. Маҳз бо талошу заҳмат, мардонагӣ ва ҷонфидоии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, заминаи ваҳдати халқи тоҷик ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам омад.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки охири соли 1991 дар мавҷи тағйиротҳои умумиҷаҳонии геополитикӣ бунёд ёфт, ба ҳалли масоили мураккаби вобаста ба фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ташаккули кишварҳои тозаистиқлол, ҳифз ва рушди минбаъдаи алоқаҳои таърихан ташаккулёфтаи кишварҳои он мусоидат намуд.

Бо шарофати Иттиҳод равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба пояи бозорӣ гузашта, муколамаи доимии сиёсӣ, ҳамкорӣ дар таҳкими амният ва субот, дар соҳаи гуманитарӣ ба роҳ монда шуд. ИДМ барномаи ягонаи ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми соҳаҳо ба шумор меравад.

Иттиҳод роҳи мураккаберо аз таъсис, ташаккул, даст кашидан аз интизориҳои зиёд, ҷустуҷуи роҳҳои оқилонаи ҳамкорӣ, мутобиқшавии ниҳодҳои он ба талаботҳои ҳамкории бисёрҷониба тай намудааст. Дар натиҷа низоми муассири мақомотҳои оинномавӣ ва соҳавӣ, созмонҳои базавӣ дар соҳаҳои мухталиф ва Маҷмааи Байнипарлумонӣ ташаккул ёфт. Механизми назорати интихоботу райъпурсиҳо дар чаҳорчӯбаи ИДМ роҳандозӣ гашта, амсилаи ҳамкории гуногунсатҳа ба вуҷуд омад, ки ширкати интихобӣ в чобукии кишварҳои аъзоро баҳри расидан ба консенсус тақозо менамояд.

 Дар шароити муосир барои касби мақоми шоиста дар саҳнаи ҷаҳонӣ,  ҳифзи давлат ва истиқлолияти миллӣ, таъмини амният ва рушди кишвар татбиқи сиёсати хориҷии дурусту мутавозин ва муайян намудани афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеӣ зарур мебошад. Бо назардошти таърихи 70 солаи ҳамкорӣ, ташаккули ҳамкориҳо дар даврони истиқлолият, зуҳури хатар ва таҳдидҳои муосир, зарурати ҳамгироӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилот, набудани артиши муназзам додани афзалият ба самти ИДМ дар сиёсати хориҷӣ яке аз заруратҳои аслии кишвари мо ба шумор меравад.

Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат дар Муроҷиатномаи аввалини хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро изҳор намуд, ки дар он асли «мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба давлатҳои муштаракул манофеъ, пезш аз ҳама бо давлатҳои Россия Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон» нақши муҳим дошт[1].

Ин самт аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Э.Раҳмон расман изҳор гардид. Бо ибтикороти дурнигаронаи ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи аввали таъсисёбии ИДМ, узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои появии онро эътироф менамояд ва мушорики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад.

Пешбурд ва таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо кишварҳои аъзои ИДМ бар асоси эҳтироми мутақобила, манфиатҳои муштарак, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳое, ки дар аҳдномаҳо ва созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дарҷ гаштаанд, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ, инчунин талошҳои пайваста ҷиҳати коҳиши ташаннуҷу ихтилофҳо дар арсаи минтақавию байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва раванди ҳамгироии иқтисодииминтақавӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошанд[2].

Аз ин ҷост, ки дар сиёсати хориҷии Пешвои миллат ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа дода мешавад.

Боиси таъкид аст, ки кишварҳои аъзои иттиҳод дар маҷмӯъ 16,3% ҳудуди ҷаҳонӣ, 10% истеҳсолоти саноатӣ, 12% иқтидори илмӣ-техникӣ, 10% молҳои захиравӣ, 25% захираҳои табиӣ ва 10% коркарди қувваи барқи ҷаҳониро соҳибанд. Аз ин рӯ, танзими муносибатҳои аъзоён, таъсиси ниҳоду механизмҳои мушаххас баҳри фаъолияти муътадили созмон нигоҳ доштани ҳаракати озод дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини иштирокчиёни созмон ба шумор меравад[3].

Солҳои 1991-1992 дар таърихи Иттиҳод аз ҳама сермаҳсул ба шумор мераванд. Тайи ин муддат зиёда аз 241 масъала баррасӣ гардид, ки барои ҳалли онҳо кишварҳои аъзои ИДМ 8 маротиба ҷамъ омаданд, сарварони ҳукуматҳо бошанд дар шаҳрҳои Москва, Минск, Тошканд, Киев 6 маротиба вохӯрданд[4]. 22 январи соли 1993 дар шаҳри Минск Шӯрои сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳод Оинномаи ИДМ-ро қабул намуд. Дар он ҳадафҳо ва усулҳои ҳамкории байнидавлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, алоқаҳои бақнипарлумонӣ муайян гардида, баробарии ҳамаи кишварҳои аъзо мустаҳкам шудааст. Таъкид гардидааст, ки кишварҳои узви Иттиҳод иштирокчиёни мустақил ва баробари ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор мераванд[5].

Яке аз омилҳои татбиқ нагаштани ҳадаф ва нақшаҳои ИДМ буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад, ки дар солҳои аввали истиқлолият кишварҳои аъзо бо он рубарӯ гаштанд.

Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти ИДМ ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои он дар сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданаш мавқеи афзалиятнокро ишғол менамояд. Дар ин қарина, ӯ 29 сентябри соли 1993 зимни нахустин суханронии худ аз минбари Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз намуд, ки «дар хусуси иштироки мо дар ИДМ сухан ронда бояд таъкид кунам, ки Тоҷикистон … барои таҳкими ин Иттиҳод сайъу кӯшиш мекунад»[6].

Ҳамзамон сардори давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил шуда, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳавзаи аввалини сиёсӣ мебошад[7]. Ба таъкиди Пешвои миллат «Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад». Ӯ чунин авлавиятро дар мисоли ҳамкориҳо бо кишвари меҳварсози ИДМ – Федератисияи Россия шарҳ дода, қайд намуд, ки ба ривоҷу равнақи онҳо ду омил мусоидат мекунад:

1. Сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, ки бо назардошти аҳамияти стратегии худ сарҳади ИДМ эълон шудааст ва аз тарафи сарҳадбонон ва Қувваҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи ИДМ посдорӣ мешавад[8];

2. Пайвастагии гуногунҷиҳатаи иқтисодӣ бо хоҷагии халқи Россия.

Ҳамзамон силсилаи омилҳои дигар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавҷуд буданд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳдории робитаҳои қаблиро дар фазои пасини он тақозо менамуд. Зеро якбора ва қатъан канда шудани робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ барои халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ва ниҳодҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагидори онҳо, ки муддати даҳсолаҳо ба ҳам печида, ташаккул ёфта буданд, мушкилоти зиёдеро эҷод менамуд. Дар як он, ба таври барқосо канда шудани риштаи муоширати ҳазорҳо одамону оилаҳо, ҳамкориҳои мутақобилаи судманди садҳо корхонаҳои саноативу кишоварзӣ, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ ва илмӣ метавонист ба фоҷиаи бузурге табдил ёбад, ки ислоҳаш имконнопазир бошад.

Ин пухтакорӣ сабаби мустаҳкам гаштани ҳамкории байниякдигарӣ, ҷалби кишварҳои аъзо ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ширкати онҳо дар рафти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳади ҷанубии Иттиҳод ва кафолати онҳо аз иҷрои нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гардид. Чунин ҳолат аз вобастагии мутақобила, таърихӣ ва манфиатҳои умумии кишварҳои ИДМ бо Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

24 марти соли 1994 тибқи қатъномаи 48/237 Маҷмааи умумии СММ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси нозир пазируфта шуда, 3 августи соли 1994 мувофиқи моддаи 102 Оинномаи СММ, Оинномаи ИДМ ба ҳайси созишномаи байналмилалии бисёрҷониба дар Котиботи СММ ба қайд гирифта шуд. Тибқи ин ҳуҷҷат Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун созмони минтақавии байналмилалӣ эътироф гардида, имрӯз он дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъол дорад.

Ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод тавассути мақомоти олии оинномавии он, аз ҷумла, Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ва шӯъбааш дар шаҳри Москва ҷойгир шудаанд.

Дар қатори мақомоти дар боло зикргардида, дар ИДМ зиёда аз 70 сохтори соҳавӣ вуҷуд дорад, ки робитаҳои муштараки давлатҳои узвро дар соҳаҳои муҳими фаъолияти ИДМ ҳамоҳанг менамоянд. Мувофиқи Оинномаи ИДМ ҷаласаҳои мақомоти олии Иттиҳод – шӯроҳои сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо ва шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мунтазам на камтар аз ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд[9].

Бо дар назардошти ширкат дар рафти ташаккул ва таҳаввули созмон, сиёсати пайгирона оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯбаи он, ироа ташаббусҳои созанда ва аз ҳама муҳим устуворӣ дар самти мазкур метавон Сарвари давлати тоҷиконро яке аз асосгузорони ва ташаккулдиҳандагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил номид.

Минбаъд низ самти тавсеаи муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои ИДМ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бемайлон идома дода шуда, ӯ ҷиҳати тақвияти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи он тасмимҳои мушаххас манзур менамуд. Моҳи июни соли 1996 ӯ дар посух ба мухбири маҷаллаи «Российская Федератсия» иброз намуда буд, ки «роҳбарияти Тоҷикистон ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳои ИДМ-ро на танҳо дастгирӣ мекунад, балки ба инкишоф ва тавсеаи он дар ҳамаи соҳаҳо, яъне соҳаҳои иқтисоду сиёсат, мудофиа, фарҳанг, дастраси ҳамдигар гардонидани маълумот ва ғайра умед дорад».

Дар баробари инкишоф додани робитаҳои дуҷониба кишварҳои пасошӯравӣ ба мақсади коҳиш додани мушкилоте, ки дар баробари соҳибистиқлол шудан ба миён омаданд, ҳамчунин ба мақсади ривоҷу равнақи ҳамкориҳо чанд иттиҳодияи байнидавлатӣ таъсис доданд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Тоҷикистон ба ин созмонҳо низ шомил буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии онҳо фаъолона кор мебарад[10].

Маҳз кишварҳои узви Иттиҳод – мусоидакунандагон ба оғози раванди музокироти байнитоҷикон, макони баргузории гуфтушунид, кишварҳои нозир дар раванди музокирот, кафилони иҷрои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дар оғози асри XXI дар шароити тағйирёбии бунёдии низоми муносибатҳои байналмилалӣ – 24 сентябри соли 2002 аввалин санади муҳимми муайянкунандаи сиёсати хориҷии кишвар – Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он мақоми кишварҳои ИДМ баланд буда, зарурати рушди ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо онҳо дар боби алоҳида (боби дуюм) таъкид мегардид.

Марҳилаи муҳими ташаккули Иттиҳод бо қабули Консепсияи рушди минбаъдаи созмон аз 7 октябри соли 2007 (дар шаҳри Душанбе) ба шумор меравад. Дар он дурнамои рушди созмон, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо дарки ҳадафи асосӣ – ташаккули иттиҳоди ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки рушди самараноки ҳар як аъзоро таъмин намояд, инъикос гаштаанд. 

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои боварибахш ва созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳод талош варзида, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо онҳо ба мақсади ҳалли ҳарчи тезтари масъалаҳои мавҷуда ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар фазои ИДМ ҳамкориҳои мушаххасро ба роҳ монад. Ин сайъу талошҳо дар Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2011 ҳамаҷониба инъикос гардиданд[11].

Дар оғози даҳсолаи дуюми асри навин ҳаводиси нави муносибатҳои байналмилалӣ, ба хусус «Баҳори араб», буҳрони Ироқ ва Сурия, зуҳури ДИИШ ва масъалаи Украина воқеиятҳои наверо барои ҷаҳониён возеҳ намуданд, ки бо зуҳури хатарҳои нав ва шиддат гирифтани хатарҳои маъмулӣ алоқаманд буданд. Хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ҳамқадам бо раванди ҷаҳонишавӣ буда инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо усулҳои нав ва муассир зарур мебошанд. Тавре маълум, яке аз самтҳои муваффақи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод – ин ҳамкории мутақобила дар самти пешгирии хатарҳои муосир, ташаккули ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Таҳлили равандҳои муосири байналмилалӣ аллакай на танҳо муносибати геополитикӣ, балки геоиқтисодиро тақозо менамояд. Имрӯз кишварҳои миллиро мебояд дар қиёс бо замон пешин ҳар чи бештар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба инобат гиранд.

Бо назардошти воқеиятҳои муосир зарурати қабули чораҳои махсус, асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ваҳдати талоши кишварҳои минтақа возеҳ мегардад. Тоҷикистон низ бо сарварии Пешвои хирадманд Э.Раҳмон барои пешгирии хатарҳои муосир ва муайян намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ чораҳои муайянеро меандешид. Дар ин самт яке аз асноди муҳим Консепсияи сиёсати хориҷӣ мебошад.

Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад.

Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокдори он аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ-ро дар ҳифз ва рушди робитаҳои анъанавии давлатҳои иштирокдори он дар заминаи усулан нав ва бар пояи консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ баланд арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятӣ дар заминаи ИДМ, аз қабили, Фазои Ягонаи Иқтисодӣ, Иттиҳоди Гумрукӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақозои айнии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ медонад ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ҳадафи истифодаи имконоту иқтидорҳои созандаи онҳо ба нафъи кишвар ба рушду такомули ин равандҳо мусоидат мекунад[12].

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамагон медонанд, ки амалӣ намудани чунин сиёсат аз ҷасорату намунаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

Давлати мо дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳасана бо кишварҳои ИДМ равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.

Дар ин қарина ИДМ ба ҳалли масъалаҳои мураккабтарине, ки ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста буданд, инчунин ба ташаккули давлатҳои соҳибистиқлоли аъзои он, мусоидат намуд. Иттиҳод тавонист пошхӯрии номуташаккилонаи низоми робитаҳои таърихиро дар фазои пасошӯравӣ, ки метавонист ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ оқибатҳои гарон ба бор оварад, пешгирӣ намояд.

Алҳол аҳамияти ИДМ дар самти муташаккилона ва бидуни оқибатҳои харобиовари геополитикӣ сурат гирифтани раванди ташаккули истиқлолияти давлатҳои навтаъсис шубҳанопазир аст.

Вале бояд дар назар дошт, ки дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта, дар ҳоли муташанниҷии вазъи кишвар ва фишорҳои мухолифони оштинопазири дохиливу қувваҳои мухталифи берунӣ, барои ба ҳайси авлавият қарор додани ин самт иродаи қавӣ ва зиракии сиёсӣ зарур буд. Ба бахти миллати тоҷик, Сарвари Тоҷикистон аз чунин сифатҳои давлатмадорӣ бархурдор буд ва вақт дурустии роҳи интихобнамудаи ӯро собит сохт.

Дар маҷмӯъ, оид ба аҳамияти ИДМ ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки он рушди робитаҳои анъанавии кишварҳои иштирокдори худро дар заминаи нави принсипиалӣ таъмин намуд. Муносибатҳои қаблии тиҷоратию иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ, робитаҳои иҷтимоӣ-гуманитарии кишварҳои пасошӯравӣ асосан бо шарофати ин созмон нигоҳ дошта шуда, мунтазам мукаммал гардонда шуданд. Ҳамкорӣ дар самти таҳкими субот ва амният ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ барои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд заминаи ҷиддии меъёриву ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуд. Механизмҳои ҳамкориҳои дастҷамъона дар соҳаҳои таъминоти иҷтимоӣ, фарҳанг ва маориф, муҳоҷират, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду ситезаҳо аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир мисоли равшани амали ин замина маҳсуб мегардад.

Ҳамзамон таъмини амният дар асоси дастаҷамъона, пешгирии бархурдҳои мусаллаҳона яке аз афзалиятҳои кишварҳои аъзо мебошад

Сарвари Тоҷикистон дар давраи сипаришуда дар доираи ИДМ ба тавсеа ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои аъзои он низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамуд. Дар ин росто, бо тамоми кишварҳои иштирокдори Иттиҳод, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Украина, Ҷумҳурии Озорбойҷон ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст[13].

Тоҷикистон феълан ҳамкории хориҷӣ ва равобити дӯстонаро бо панҷ кишвари Иттиҳод (Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Беларус) дар асоси шарикии стратегӣ амалӣ менамояд, ки ин раванд ба манфиати ҳамаи давлатҳо мебошад.

Сарвари давлати тоҷикон дар баромади худ аз 11 октябри соли 2017 изҳор дошт, киМо бо ҳар тарз ба татбиқи амалии қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ доир ба мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо, ки дар доираи Иттиҳод қабул шудаанд, мусоидат мекунем.

Ин, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошанд.

Дар самти мукаммал сохтани фаъолияти мақомоти ИДМ кор дар асоси Дастурамали умумӣ дар бораи мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ ва татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳо доир ба мутобиқсозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеиятҳои муосир идома дода мешавад.

Дар самтҳои зикршуда мо ният дорем, ки бо ҳамаи кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамгироии мутақобилаи зич ба роҳ монем.

Изҳори боварӣ менамоям, ки кӯшишҳои муштараки мо ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон дар доираи Иттиҳод мусоидат хоҳанд кард[14].

Агар мо аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ИДМ дар солҳои истиқлолият натиҷагирӣ намоем, пас мо бояд як нуктаро дарк намоем, ки дар охири асри ХХ ва оғози асри XXI дар шароити осебпазирии кишварҳои миллӣ ва шиддат гирифтани хатарҳои муосир дар нимаи дуюми асри XXI нигоҳ доштани истиқлолият, ҳифзи субот ва амният яке аз дастовардҳои асосии кишвар ва натиҷаи фаъолияти Пешвои миллат ба шумор меравад. Дар ин самт таҷрибаи талхи Украина барои кишварҳои собиқ Шӯравӣ намунаи ибрат мебошад.

Шиддати хатарҳои муосир ва тағйири вазъи Афғонистон зарурати умқи ҳамкориҳоро бо кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама дар самти амният возеҳ месозад.

Аз ҷониби дигар, муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Имрӯз истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 179 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узвият дар 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ дастовардҳои сиёсати дарҳои кушод мебошанд, ки самти ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ дар қатори афзалиятҳо қарор дорад.

Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромии кунунӣ ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Дар ин самт рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳод дар қаринаи афзоиши хатарҳои муосир, ба хусус ба марҳилаи нав ворид гаштани қазияи Афғонистон муҳим боқӣ мемонад.

Шарипов А.Н. дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориљии Донишгоњи миллии Тољикистон.


[1] Раҳмонов Э. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 1, Душанбе, 2002, С- 6

[2] 25 қадам дар паҳнои олам, Зери назари Сироҷидин Аслов Душанбе: Ирфон, 2016, – 220с – С. 50

[3] Искандаров А. Государства Центральной Азии в интеграционных процессах. Душанбе, 2007. С. 46

[4] Оймаҳмадов М. Муртазоев М. Иқтисодиёти ҷаҳон. – Теҳрон,2001, – С 247

[5] Правовая основа СНГ. http://www.refu.ru/refs/65/39242/1.html

[6] Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.(Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, 272 с. С.87

[7] Э. Рахмонов. Точикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. – Душанбе, 1995, С-79

[8] Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, – С.87

[9] Искандаров А. Государства Центральной Азии в интеграционных процессах. Душанбе, 2007. С. 28

[10] Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ, Душанбе: «Ирфон», 2011, 340 с. – С.6

[11] Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, – С.89

[12] Консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, №332 тасдиқ шудааст. http://mfa.tj/?l=tj&cat=109&art=1072

[13] Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). – Душанбе. «Ирфон», 2012, – С.92

[14] Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои cарони давлатҳои ИДМ дар ҳайати васеъ. 11.10.2017 17:46, Россия http://www.president.tj/node/16369