Эмомалӣ раҳмон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ: робитаҳои байнифарҳангии ИДМ ва СҲШ
Ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони, 25-солагии Шӯрои ҷамъиятӣ (ШҶ) бо сарпарастии Пешвои миллат ва Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар қатори ҷамъомадҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва дар ҳамбастагии сулҳу субот дар ин кишварҳо, барои устуворӣ ва рушди робитаҳои байнифарҳангии муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Агарчӣ мақоми СҲШ дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ аз тарафи мутахассисон ва сиёсатмадорони калидӣ аз назари сиёсӣ, иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар як қатор китобу мақолаҳо таҳлилу баррасӣ гашта аст, иқтидори ин созмони бонуфуз барои рушди робитаҳои байнифарҳангии ҷаҳон дар замони нав, ки бо пандемия “Ковид-19” парешон гашта аст, нигоҳи нави замонавиро талаб карда истодааст. Мақсади мақолаи мазкур ба доираи баҳсу музокираҳои ҷомеъаи илмӣ-маърифатии ҷаҳонӣ кашидани иқтидори ИДМ ва СҲШ дар пурқувват намудани устувории ҷаҳони имрӯз буда, равшан намудани мақом ва мартабаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонист. Яке аз усулҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон қонунӣ гардонидани иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва донишмандону мутахассисони муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти робитаҳои байнифарҳагии муносибатҳои байналмилалист. Агарчӣ ноустувории робитаҳои байнифарҳангӣ, ки дар чорчӯбаи Аврупомарказхонии асри 20 ташаккул ёфта, зери тозиёнаи танқиди муҳаққиқони Аврупо ва Осиё қарор гирифта аст, [Gillian Tett. https://insights.som.yale.edu/insights/can-you-work-without-silos] ҷамомадҳои ИДМ ва СҲШ, ки ин навбат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъ мешаванд, метавонад барои ҳалли ин масъала саҳми арзанда гузоранд.
Таҷрибаи беш аз 40-солаи тадқиқотҳои тадбиқии адабӣ-фарҳангии Шарқу Ғарбро бар уҳда дошта, фаъолияти илмии хешро аз таҷдиди назар ба бурду бохти шарқшиносии Бритониёи Кабир ҳануз дар солҳои 70-ум оғоз намуда будам. Вале фақат соли 2011 имкон ба даст омад, ки бозёфтҳои илмии худро дар Кембриҷ, ки аз асрҳои 18-20 ба яке аз марказҳои шарқшиносии ҷаҳонӣ табдил ёфта буд, ба таваҷҷуҳи мутахассисони варзидаи он донишкадаи машҳур пешкаш намоям. Барои ман ғайричашмдошт буд, ки танқиди ман оид ба нодуруст ва яктарафа будани назари аврупоӣ ба афкори адабии форсу-тоҷик аз замони Ибни Сино то ба Садриддин Айнӣ дар Ғарб бо завқи том ва чеҳраҳои кушоди донишмандон ва донишҷӯёни ин донишгоҳи овозадори ҷаҳон қабул шуд. Аз он замон қариб 10 сол гузашта бошад ҳам масъалаҳои ҳамгироии илмӣ бахусус дар рушди робитаҳои байнифарҳангии муносибатҳои байналмилалӣ бештар гашта, ҳоло дар ҷамъомадҳои ИДМ ва СҲШ низ муҳокима мегарданд. Аз ин лиҳоз иштироки ҳарчи бештари мутахассисони ватанӣ дар соҳаи байнифарҳангии кишварҳои номбурда метавонад дар як қатор масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ равшанӣ андохта, ба талаботи замони ҳозир вокунишҳои амиқу аниқ пешкаш намоянд.
Яке аз ҷамъомадҳое, ки ба наздикӣ дар мавзуъи пайвастани Хитой ва Аврупо ва мақоми Озарбайҷон дар ин пайванд баргузор гардид, қобили таваҷҷуҳи донишмандони ИДМ ва марказҳои илмӣ-маърифатии СҲШ мебошад. Ҷамъомад бо унвони 3Б: Брусел, Боку ва Бейҷинг барномаи он пешкаши донишмнадони се минтақа: Аврупо, Қавқоз, ОМ ва Хитой сари вақт дастрасӣ гашта, масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯз дар қаринаи лоиҳаи “GCRF COMPASS” ва иқтидори Озарбойҷон дар пайвастани ин се нуқтаи муҳимми Авроосиё баррасӣ гашт. Дар қатори роҳбарони лоиҳа, ашхоси калидии сиёсати байналмилалии дохиливу хориҷии Озарбойҷон ва мутахассисони варзида дар тадқиқотҳои муносибатҳои байналмилалӣ, инҷониб ба сифати муҳаққиқ ва роҳбари гурӯҳи миллии COMPASS ҳам дар гузориши масъала дар маҷлиси ифтитоҳӣ дар масъалаҳои робитаҳои байнифарҳангӣ ва иқтидори Тоҷикистон дар ҳалли онҳо ва ҳам дар музокираҳои маърӯзаҳои 4 сектори он дар мавзӯҳои мухталифи Авроосиё иштирок намудам.
Дар муқоиса бо Озарбойҷон, ки ҳам бо мақоми геополитикӣ ва ҳам бо захираҳои беназири нафт таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба худ мекашад, Тоҷикистон бештар бо иқтидори пайвастани фарҳангҳо ва таҳаввули афкор дар рушди робитаҳои байнифарҳангӣ муҳаққиқони гео-фарҳангии ИДМ ва Осиёву Аврупоро ба худ кашида истодааст. Донишмандони Тоҷик ҳануз аз солҳои 60-70 асри 20 камбудиҳои назарияи Аврупомарказхониро ошкор намуда, аз ин ҳолати робитаҳои байналмилалӣ бонги хатар мезаданд, рушд ва амалӣ намудани ин иқтидор бо замони Истиқлолияти миллӣ ва сиёсати дарҳои кушоди Роҳбарияти кишвар сахт алоқаманд аст. Таҷдиди назар ба бозёфтҳои аҳли илму фарҳанги ҷомеъаи Тоҷикистон дар асрҳои 20-21 бо назардошти чорабиниҳои ИДМ ва СҲШ барои робитаҳои байнифарҳагии муносубатҳои байналмилалии ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ хоҳад шуд.
Вокуниш дар мақом ва мартабаи Тоҷикистон дар пайвастани низоми дониш, фарҳангҳои Осиё ва Аврупо ва ҳаллӣ мушкилоти устувории робитаҳои байнифарҳангии муносибатҳои байналмилалӣ, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеъаи илмӣ-маърифатии ҷаҳонӣ қарор гирифта аст, дар ҷамъомадҳои гуногуни ҷаҳони паҳновар матраҳ шуда истодааст. Чунин вокуниш, аз ҷумла, дар ҷамъомадҳое, ки тули соли 2020 бино ба бӯҳрони пандемия COVID-19 дар шакли маҷозӣ ва дигар намудҳои технолигияҳои замонавӣ баргузор шуд, боз ҳам тезтар гашта, хеле ҷоннок ва таъсирбахш гашт. Ҳоло навоварии асосӣ иборат аз он, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ баробарии кишварҳои хурду бузургро дар устувории ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътироф кард. Дар ҳақиқат ҳам, ҳалли рӯйдоди номатлуби ҷаҳонӣ, аз ҷумла обхезӣ, норасоиҳои оби нушокӣ, таъғири иқлим ва пайвастани энергияи табиӣ ва инсонӣ барои нигоҳ доштани саломатии одаму олам Ваҳдати ҷомеъаҳои миллӣ ва ҷаҳониро талаб намуда истодааст. Дарки илмии чунин назарияи пайвандкунанда дар Бухорои аввали ҳазораи дуввум ба вуҷуд омада, аз тарафи муҳаққиқони шинохтаи он замони Аврупо пайравӣ шуд, чунин пайванд аз асри 17, яъне аз аввали замони мустамликадорӣ канда шуда, то ба имрӯз дар қолабҳои мухталиф назариявӣ ифода ёфта истодааст. Таъсири чунин назарияи оламафзо бештар дар илм-ал шеъри табиби олам тавре, ки дар Аврупои пешазмустамликадорӣ бо ҳамин унвон машҳур буда, дар ОМ ва Хуросони бузург чандин давраи рушдро гузашт, давраи муосири шеъри тоҷику турк аз низоми дониши ҷаҳони тамоман хориҷ гашт.
Бунёди назарияи нави ҷаҳонӣ дар иқтидори пайвастани системаҳои дониши мухталифи замони ҳозир ташаккул ёфта, дар санъатҳои халқҳое, ки имрӯз ҳамчун ИДМ ва СҲШ шинохта шуданд, дар сатҳи нави рушди муносибатҳои байнифарҳангӣ шинохта шуда истодааст.
Завқ ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги миллӣ/минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ҳануз дар асри 19 ҳамчун минтақаи пайвандкунандаи ҷуғрофии Осиё ва Аврупо эътироф гашта буд, иқтидори миллӣ-минтақавии афкори адабӣ/фарҳангии ин минтақаро дар замони муосир инкор кард. Сабаби чунин ноошноӣ ва ҷаҳолат бештар решаҳои сиёсӣ ва геополитикӣ буда, сабаби асосиаш рақобати Руссия ва Бритониё барои назорати бозори ҷаҳонӣ дар ин минтақа буда, қолабҳои фикрие, ки ҳануз ҳам мавҷуданд, мунтазам ва ҳамаруза дар музокираҳои аҳли илму фарҳанги ИДМ ва СДМ бартараф шуда истодаанд. Хуб мешуд, агар ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва муҳаққиқони ҷавони кишвар дар ин баҳсҳо, хоҳ бевосита ва ё дар шакли маҷозӣ иштироки фаъолона менамуданд.
Таҳаввули афкори бадеъӣ дар Тоҷикистони садаи 20 дар роману театру мусиқии миллӣ ифода ёфта, дар тадқиқотҳои тадбиқии он замон, то андозае равшан гашта буданд. Вале рушди он бозёфтҳои илмии садаи 20, ки дар асри 21 аз қолабҳои кӯҳна озод гашта, вориди паҳнои имрӯзи ҷаҳонӣ гашта истодаанд, бояд дар чорабиниҳои имсолаи ИДМ ва СҲШ баррасӣ гарданд. Мушкила дар он аст, ки сиёсати иқтисодии ҷаҳонӣ сохти мутлақо амудии кӯҳнашударо касб намуда, зери фишори манфиатҳои гуруҳӣ қарор гирифтаст. Таъсири чунин гурӯҳбозӣ дар кишварҳои нав ба мустақилият расида хеле хатарнок аст. Ҳоло ки масъалаҳои ноустувории робитаҳои байнифарҳагии муносибатҳои байналмилалӣ нигаронии мутахассисони дохилӣ ва хориҷиро ба миён оварда, ҳамгироии илмиро пеш гирифтанд, пайвастани иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо ИДМ ва фарҳангҳои миллии ҳашт кишвари ҷаҳон, ки бо СҲШ муттаҳид гаштанд, айни муддаост.
Дар бунёди ин пайванд мақом ва мартабаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусиятҳои хоси миллӣ-минтақавӣ дошта, дар як қатор қарорҳои ғайриоддӣ ва ғайримаъмулии асрҳои 20-21 ифода ёфта аст. Яке аз ин гуна қарорҳои давлатӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гашта, ҳоло ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашта аст, қонунигардонии иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар рушди Ваҳдати миллӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ дар паҳнои ИДМ ва ҷаҳони муосир аст. Чунин амал ҳануз аз с.1996 ба миён омада, то ҳол давраи мушкилу печидаи ъбозорироъ аз сар гузаронида истодааст. Ҳамкории дӯстона бо президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев, дурнамои рушди муносибатҳои байнифарҳангии минтақавиро дар паҳнои СҲШ густариш бахшидан, пайвастани қувваҳои моддӣ ва майнавии байналмилалии ОМ ва берун аз он тадқиқотҳои нави тадбиқиро талаб карда истодааст.
Барқарор намудани назарияи умумиминтақавии байнифарҳангӣ дар рушди муносибатҳои байнифарҳангии навини СҲШ ҷавобан ба тағиротҳои куллӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри 20 ба амал омад. Дар байни онҳо хотимаи Ҷанги сард ва тағирёбии таносуби қудратҳо дар ҷаҳон, вазъи нави геополитикӣ ва ташаккулёбии раванди нави илмии геофарҳангӣ ва ҳоказо. Амалӣ намудани талаботҳои нави ҷаҳонӣ дар сатҳи миллӣ аз иртиботҳои шаффофу бисёрсамтаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ бо созмонҳои давлатӣ шурӯъ шуда, ба густариши чунин иртиботҳо дар паҳнои СҲШ ва берун аз он мусоидад намуда истодааст.
Тоҷикистон аввалин кишварест дар паҳнои пасошуравӣ, ки бо бунёди Шӯрои ҷамъиятӣ дар пайвастани илму амал қадами ҷиддӣ гузошт. Вале бо як қатор сабабҳои сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ таҷдиди назар ба дарёфтҳои садаи гузашта бо мақсади муайан намудани арзишҳои аслӣ ва сохтаи берунӣ, ба талаботҳои нави ҷаҳонӣ чандон ҷавобгӯ нест. Агарчӣ дар айни ҳол бунёди дипломатияи нави фарҳангӣ дар паҳнои кишварҳои ИДМ ба раванди нави илмҳои инсоншиносӣ табдил гашта истодааст, ҳануз дар кишварҳои қудратманд ксенофобия ва такаббури миллӣ мушоҳида мешавад. Ҳамгироии илмӣ, мисли пештара, бештар тавассути муносибатҳои шахсӣ ва касбӣ ташаккул ёфта, ба рушди иртиботҳои байннифарҳангӣ таъсири амиқ гузошта истодааст, муносибатҳои касбӣ аз тарафи созмонҳои давлатӣ камтар эътироф мегарданд.
Қадами аввали иртиботҳои байнифарҳагии СҲШ таҷдиди назар ба таҷрибаҳои илмии тадқиқотҳии тадбиқии байнифарҳангии миллӣ ва ҷаҳонист, ки аз солҳои 70-80-уми садаи 20 дар қаринаи тадқиқотҳои тадбиқии Шарқу Ғарб дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, имрӯз дар шароити нави ҷаҳонӣ рушд намуда истодааст. Вале навовариҳои тадқиқотҳои муҳаққиқони Тоҷикистон, ки дар айни ҳол аз қолабҳои пештар озод гашта, кушишҳои ҳамгироии илмӣ дар ҷаҳони ҳозир доранд, бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Мушкилаи асосӣ дар рақобати бозорӣ дар тадқиқотҳои тадбиқии имрӯз аст. Аз як тараф надонистани афкори адабӣ-фарҳангии умумиминтақавӣ дар рушди давраҳои мухталифи замон ва макон, аз тарафи дигар осебпазирӣ аз инкори саҳми боризи насли пешини муҳаққиқон дар кишварҳои Аврупо. Дар садаи гузашта иқтидори пайвастани фарҳангҳо дар усулу сабкҳои мухталифи байнифарҳангӣ дар тадқиқотҳои тадбиқии миниатюра, илми шеър, эъҷоди шаклҳои нави мусиқӣ ва театр дар фарҳангҳо, масъалан Хитой, ОМ ва Аврупо густариш меёфт. Имрӯз муҳаққиқони ҷавони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин дарстовардҳои илмии фарҳангӣ кам хабар доранд. Баҳсу музокираҳо барои бартараф намудани чунин холигӣ дар раванди нави бунёд ва густариши дипломатияи фарҳангӣ дар донишгоҳҳои барандаи ҷаҳон ва марказҳои илмии дипломатияҳои ҷаҳонии кишварҳои ҳамсоя, мисли Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, ба марази муҳокимаҳои ҷаҳонӣ гузошта шуда аст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ масъалаи рушди дипломатияи фарҳангиро дар конфронси байналмилалӣ зери унвони: Модели дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон дар паҳнои ОМ ва Авроосиё ба муҳокимаи 6 донишгоҳи барандаи ҷаҳон ва шарикони онҳо, аз ҷумла Созмонҳои ғаириҳукуматии баиналмилалӣ моҳи сентябри соли 2019 ва ҳузури дипломатҳои баланпояи ҷаҳонӣ, мисли Питер Буриан, баргузор намуд. Вале бино бар сабаби пандемия КОВИД-19 ва қафомонӣ дар технологияҳои замонавӣ дар Тоҷикистон, давоми ин ташаббуси ДМТ бештар берун аз кишвари мо сурат гирифт. Бо вуҷуди он, иқтидори пайвастани фарҳангҳои мухталифи ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла, кишварҳои аъзоёни СҲШ дар платформаҳои шарикони лоиҳаи GCRF COMPASS, рушд намуда истодааст. Таҷдиди назар ба бурду бохти ин лоиҳа дар муҳокимаҳои марказҳои илмӣ-маърифатии кишварҳои ИДМ, ки дар ҳамкории сафорати Москва ва Ташкилоти ҷамъиятии ба номи З.Шаҳидӣ баргузор гардид, ҳоло ба ҳамкории ҷиддӣ дар ҳамгироии илмии ИДМ ва Аврупо қарор дорад.
Мунира Ш., устоди кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ