Ваҳдати милли гарави пойдории сулҳу субот ва ифротзудои дар Тоҷикистон

485

Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорча­гӣ ва иттифоқи байни воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвар муяссар намешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ кашад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонанд.

Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар платформаи ягонаи рушди мардумони порснажод ба саҳнаи таърих ворид гардидаанд. Дар доираи назарияи«ихтирои анъанаҳо» (theinventionoftradition)-ро [8, 78] ва марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону порснажодон дар матни платформаи фарҳангсо­ло­рии «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Дар доираи ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих (мифологизация истории), қудсияти забон (сакрализация языка) ва рушди устувори сулолавӣ (перманентное династийное развитие). Ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун дар матни фарҳанги исломӣ ва эълони баробарии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғам­бар ба нерӯи тӯли садсолаҳо нуҳуфтаи раъияти тоҷиктабор имконияти васеи татбиқи амалӣ дод ва потенсиали ақлонию ҷисмо­нии онҳоро ошкор кард. Ҳамин буд, ки ниёгони мо дар садаҳои аввали ислом тавонистанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён кунанд. Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллат­га­роии муосир Хобсбаум, Гелнер ва дигарон «тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» [4, 114].яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣтабдил диҳад,ҳудуди мувозинати мантиқиро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ таъйин кунад. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, ба унсури фарҳангофарин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт, ки он то ибтидои асри ХХ ҳифз гардид. Ҳамин адабиёти насри классикӣ доир ба улуми қуръонию ис­ломӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ ду омили асосии нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанд, кито имрӯз қудсияти онро таъмин карда истодаанд. Ва ҳамаи касоне, ки худро мансуб ба нажоди порсигӯён медонанд, ҳангоми мутолиаи назму насри ёдшуда тамоми матлабро мефаҳманд ва ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳи ибораву истилоҳот ниёз надоранд.

Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд гӯем, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке нерӯи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ, ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду нерӯи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо кар­данд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду нерӯҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Афғонистон даромадани нерӯҳои низомӣ ба оташи ин бадбинӣ равған рехтан гирифт. Пешвоёни муқовимати тундхӯёнаи динӣ режими ҳукмрони Афғонистон ва пуштибонони шӯравии онҳоро “душман ва ашрор” ном ниҳоданд. Дастгирии сиёсӣ ва молиявии ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро, тундгаро ва қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ Афғонистонро ба ҷабҳаи муборизаи ду нерӯи ҷаҳонӣ – капитализм ва сотсиализм табдил дод. Барои шикаст додани нуфузи шӯравӣ дар Афғонистон Лоиҳаҳои сершумори исломӣ пешниҳод шудан гирифт, ки тамоми маводи он аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба забони форсии дарӣ омода карда мешуд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи бӯҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни мӯътақидо­ни дину кон­фес­сия­ҳои амалку­нан­даи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳон­би­нии динӣ боло гирифт. Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудрат­хо­ҳӣ вамавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмон­ҳои исломӣ рангу тобиши тамоман дигар касб кард ва дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони ислом баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам об­рӯю эътибори исломро коста кардва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайванд­ҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи чонкоҳ ворид намуд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам, ба қавли донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ “ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд”[6, 61]. Дар замони муосир доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги давлати Сомониён корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар ҷамъбасти хулосавии сабабҳои суқути давлати муқтадири Сомониён омилҳои зеринро зикр кардаанд: ваҳдату ягонагӣ дар байни роҳбарияти олии давлат ва сулолаи ҳукмрон ба хотири расидан ба тахту тоҷ заиф шудан гирифт;гвардияимиллии Сомониён, киазшуморисарбозоникироява ғуломонитурктабор иборат буданд, дарлаҳза­ҳоиҳалкунандатакягоҳу сипари давлат шуда натавонистанд; мубори­заи як қаторҳокимони худкомаи вилоятҳо барои худмухторӣ боиси сустгардиданиҳокимиятимарказӣ ва шиддат гирифтани ихтило­фо­ти берунӣвадохилӣгардид; фаъолияти зиддимиллӣ ва иғвога­роё­наи баъзегурӯҳҳоирӯҳониён дар роҳи пешгирӣ намудан ва куфр донистани талошҳои мардум барои ҳимояи истиқлолияти миллӣсуқутидавлатиСомониёнроногузир гардонид [5, 103];сабабидигари фурӯпо­шиидавлатшиддат гирифтани фишориқувваҳоиберунадаршароити бӯҳрони сиёсии дохилӣ буд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина му­ҳайё сохт ва тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонис­танд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ мунҳа­сир кардани раванд­ҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета­вонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонад.Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои 1992-1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда (creative minority)” [4, 145] пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини пешвои ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши 27 июни соли 1997расонанд. Ҳарчанд Тоҷикистон 18 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар «дар осебпазирии насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» [2, 98] зоҳир мегардад. Бояд эътироф намуд, ки ифротгароӣ ва экстремизми диние, ки дар шакли ДИИШ зуҳур кардааст, ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Масъалаи ба сафи муҷоҳидини дурӯғини «давлати исломӣ» пайвастани ҷавонон дар ҷумҳурӣ, минтақа ва қаламрави ИДМ хусусияти ташвишовар касб карда истодааст» [7, 12]. Иштироки шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтори ин ташкилоти террористӣ як механизми тавонои «ҷалб кардани» хориҷиён вуҷуд дорад.Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия В. Наумкин ин равандро  ташвишовар баҳогузорӣ намуда, зарурати таҳияи як стратегияи фарогири пешгирии онро ҳам ҳангоми «баромад» ва ҳам ҳангоми «даромад»-и ҷангиён пешниҳод намудааст. Сарчашма­ҳои муътамад иттилоъ медиҳанд, ки ҳоло дар зери ливои сиёҳи «давлати исломӣ» 80 ҳазор нафар – 50 ҳазор дар Ироқ ва 30 ҳазор дар Сурия ҷанг карда истодаанд. ДИИШ имрӯз бо 5 забони аврупоӣ адабиёти таблиғотӣ нашр мекунад, ки ҷалби шаҳрвандони хориҷиро афзун карда истода­аст. Аз ҷониби дигар сиёсати рафтуомади озоди шаҳр­вандон ба кишварҳои хориҷӣ назорати ин равандро сахт мушкил гардонида­аст. Муайян кардан мушкил аст, ки шахси раҳси­пор ба кишвари хориҷӣ, масалан Туркия барои истироҳат рафта истодааст ё ҷанг кардан?!

Проблемаи бузурги дигарро низоми хабарпаҳнкунии Твиттер, Фейсбук ва Ютуб эҷод карда истодааст. Ин тори анкабути иттилоо­ти ҷаҳонӣ асосан кишварҳоеро ҳадафи ҳамлаи худ қарор медиҳад, ки марду­маш мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ доранд. Ин тарзи корба­рӣ як ҳалқаи сарбастаро мемонад, ки ошкор ва пешгирӣ карданаш осон нест. Ин ҷо шахс ё ниҳоде, ки ҷавононро ба ҷанг сафарбар мекунад, нопадид мемонад.  

Муаммои сарпечидаи дигар он аст, ки ангезаи асосии ин вабо ҳама вақт ҳавасмандии пулӣ нест. Ҳолатҳои зиёдеро медонем, ки шахсони сарватманд дороиҳои худро фурӯхта, барои ҷанг ва ҷойи зиндагӣ ихтиёр кардан ба «давлати исломӣ» меоянд. Таҳдиди воқеӣ дар он аст, ки «давлати исломӣ» як модели маҷҳулеро пешниҳод кар­да­аст, ки то ҳанӯз решаҳои ҷаззобияти он комилан баҳогузорӣ нашудааст. Ин ҳолати равониро ҳанӯз Мавлоно «Ин кист ин, ин кист ин, ҳозо ҷунуну-л-фосиқин» номгузорӣ карда буд, ки дар истилоҳи ҷо­меа­шиносӣ «синдроми пасазҷангӣ» (постконфликтный синдром) ном дорад ва бояд сама­раи талхи инқилобҳои «баҳори арабӣ» бошад. Хатари ҷиддӣ боз дар он аст, ки пешниҳоди позаҳри муборизаи бодалел бар зидди «дав­ла­ти исломӣ», ҳатто дар байни рӯҳониёни мо бисёр заиф аст ва дар ин вазъияти сарпечида бар сари онҳо санги маломат задан ҳам дуруст нест. Далелҳое, ки аз ҷониби олимону коршиносон ҳам пеш­ни­ҳод мешавад, қонеъкунанда нест, зеро дар ҷомеа созмонҳо ва гурӯҳ­ҳои зиёде пайдо шудаанд, ки онҳо на он чизеро мегӯянд, ки ба салоҳи кор аст, балки ончунон рафтор мекунанд, ки ба таври ғайри мустақим боиси ҷалб гардидани одамони норозӣ ба сафи ин ташкило­ти террористӣ мешаванд. Таъсир­гу­зо­рии ақи­да­ҳои «давлати исломӣ» дар кишварҳои ҷангзада ва аз нигоҳи сиёсӣ ноором, ба мисли Афғонистон хеле зиёдтар аст. Дар сурати васеъ шудани минтақаи нуфузи «давлати исломӣ» хатари пайдо шудан ва ҳамоҳангии бахшҳои хурди он дар кишварҳои дигар вуҷуд дорад. Бадбахтии дигар он аст, ки «давлати исломӣ» дар миқёси ҷаҳонӣ ба як бренди мӯд дар соҳаи иҷтимоиёт табдил ёфтааст. Мубориза бар зидди «давлати исломӣ» аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ва минтақа ҳам муташаккилона нест. ИМА муборизаи худро дар шакли зарба­ҳои ҳавоӣ ба роҳ мондааст, ки камтаъсир ва бенатиҷа мебошанд. Ҳама ме­хо­ҳанд дармони ин вабои асрро пайдо кунанд, вале ҳеҷ кишваре барои анҷом додани амалиёти ҷангӣ бо истифодаи нерӯҳои хушкигард ҷуръат намекунад. Ин таъхир карданҳо боиси сайқал ёфтани таҷрибаи ҷангии муҷоҳидини даҳшатафкани «давлати исломӣ» шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротга­роӣ, терроризми динӣ ва решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи таш­ки­лоти террористии «давлати исломӣ» сафарбар карда истода­анд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъала­ҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳанг­созӣ вуҷуд доранд. Консепсияи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад. Бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд боварӣ дошта бошад, ки ин равандҳои зукомшакл падидаҳои муваққатӣ аст ва ба зудӣ чеҳраи ҳақиқии созмону ҳаракатҳои ифротӣ ва шабакаҳои динии  фармоишии онҳо ошкор хоҳад шуд. 

 ф. М. Розиқов- мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ

Ф.Баротзода    дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ  

Адабиёти истифодашуда:

  1. Балъамӣ Абӯалӣ. Таърихи Табарӣ. – Теҳрон, «Замон», 2011. – Дар 2 ҷилд. – Ҷ. 1.
  2. Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо. – Д.: «Адиб», 2015.
  3. «Московский комсомолец», 8 июля 2015 г.
  4. Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ: маҷмӯаи мақолаҳо / Зери назари профессор С. Сафаров. – Душанбе, «Ирфон», 2012.
  5. Мюллер А. История ислама. – М.: Астрел, 2004. – В 4-х томах. – Т. 3.
  6. Назаров Ҳ. Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён. – Д.: «Ирфон», 1999.
  7. Россия и исламский мир: историчекая ретроспектива и современные тенденции. – М.: ИВ РАН, Крафт, 2010.
  8. Хобсбаум Э. Нации и национализм после 1780г. – СПб.: «Алетея», 1998.