Санаи 11-уми марти соли 2021 кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мизи гирди ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзӯи “Масъалаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамо” баргузор кард. Сараввал сардори шуъбаи ахбори илмию техникии ДМТ, Абдуллозода Р маърузачиён ва шунавандагони мизи гирдро хайрамақдам гуфта, сипас атрофи муҳимият ва мубрамияти мавзӯи баррасишаванда суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки интихоби мавзӯъ бисёр бамаврид ва тақозои замони муосир аст. Профессор Нуриддинов Р.Ш роҷеъ ба “Дурнамои рушди энергетикаи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи ҳамкориҳои минтақавӣ” баромад намуданд ва қайд карданд, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи барқ табдил меёбад.
Инчунин таъкид гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳои соҳаи энергетика, самараи хидмати фидокорона ва шоистаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дотсент Самиев Х.Д дар мавзӯи “Омили энергетикӣ дар равобити Чину Тоҷикистон дар қаринаи ташаббусҳои нави Ҷумҳурии Мардумии Чин” баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон дар бахши энергетика айни замон вусъат ёфта истодаанд ва дар маҷмӯъ Чин то имруз даҳҳо иншооти энергетикиро дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Тоҷикистон метавонад дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳои байналмиллалии Чин бо ин кишвари пурқудрат, дар бахши обу энергетика равобити конструктивиро ба роҳ монад. Дотсент Салимов Ф.Н оид ба масъалаи “Сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили об: мушкилот ва дурнамо”, суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки масоили об ҳамоно масоили доғ дар минтақа боқӣ мондааст ва яке аз сабабҳои то андозае тира шудани ҳамкорӣ, миёни кишварҳо гаштааст. Пешниҳод карда шуд, ки танҳо бо роҳи дипломатия метавон чунин масъалаҳоро ҳаллу фасл намуд. Инчунин аз наздик шудани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика миёни бархе кишварҳои минтақа, истиқбол карда шуд.