Кафедраи мутолиоти аврупоӣ

akbar.n@mail.ru

+992 918 50 63 82

Суроға: Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи 1.

Наҷмиддинов Акбаршоҳ Файзуллоевич

Мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, нмозади илмҳои филологӣ, дотсент.

Наҷмиддинов А.Ф. 25-уми марти соли 1988 дар н. Файзобод ба дунё омадааст. Наҷмиддинов Акбаршоҳ Файзуллоевич хатмкардаи гимназияи хуссусии «Файзобод» (1994-2005) мебошад.

Соли 2005 то 2010 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, дар факултети забонҳои романӣ-германӣ таҳсил намуда, ихтисоси муаллими забони англисӣ+забон ва адабиёти русро касб намудааст. Фаъолияти кории худро солҳои 2009-2011 ҳамчун ассистенти кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи С.Улуғзода оғоз намуда, солҳои 2011-2013 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Шарқи ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, солҳои 2013-2014 муаллими калони кафедраи филологияи англиси ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва аз соли 2014-то ҳол и.в. мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ фаъолият намуд истодааст. Наҷмиддинов А.Ф. муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, ду китоби дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва як монография мебошад. Донандаи хуби забонҳои англисӣ ва русӣ буда, дар донишгоҳҳои Дрездени Олмон ва Тартуи Эстония дар доираи лоиҳаи TACES сафар намуда, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштааст.

+992 93 527 84 04

Ашурмамадова Умриҷаҳон Мародмамадовна

Суроѓа: Шаҳраки донишҷўён, бинои 11, ошёнаи 1.

Муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқї ДМТ

Соли 1958, 5-уми август дар дењаи Сохчарви ношияи Шуғнони вилояти мухтори Бадахшони куҳӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 ба мактаби миёнаи № 7 ноҳияи Шуғнон деҳаи Сохчарв дохил шуда, пас аз хатми мактаб соли 1976 ба Донишкадаи педагогӣ ба номи Шевченко ба факултети забонҳои хориҷӣ дохил шуда, соли 1980 онро бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ бо роҳхати Вазорати Маорифи Тоҷикистон ў ба зодгоҳаш н.Шуғнон ба кор фиристоданд.

Аз соли 1980 то 1982 Ашурмамадова У. ба ҳайси муаллими забони англисӣ дар мактаби миёнаи №7 кор ва фаъолият намуда, баъдан аз соли 1982 то соли 1988 дар мактаби №68 н. Октябри (И.Сомонӣ) Ш.Душанбе, аз соли 1988 то 2002 дар литсей ва Донишгоҳи гуманитарӣ ба номи «Сомонӣ» ҳамчун устоди забони англисӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то инҷониб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи муносибатҳои байналхалқӣ дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ фаъолияти худро ҳамчун муаллими калони кафедра пеш бурда истодааст. Ашурмамадова солҳои зиёд ҳамчун раиси бонувон дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ кор ва фаъолият кардааст.

Зиёда аз 10 мақолаҳои илмиро ба нашр расондааст. Ҳамчунин як дастурамали таълимӣ аз фанни фонетикаи амалии забони англисӣ (2021) ба нашр расондааст. Ашурмамадова У. донандаи хуби забонҳои англисӣ ва русӣ ба шумор меравад.

Abdulkhaeva56@mail.ru

+992 93 592 47 25

Абдулҳаева Маърифат Хоҷаевна

Суроға: Шаҳраки донишҷўён, бинои 11, ошёнаи 1.

Муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ.

15 –уми октябри соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Аз соли 1963 то соли 1973 дар мактаби №1 ба номи С. Айнӣ таҳсил кардааст. Аз соли 1974 то соли 1978 дар Донишкадаи педагогии давлатии Тољикистон ба номи Т.Г.Шевченко дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳсил карда, бо дипломи аъло онро хатм намудааст. Солҳои 1978 то 2007 дар Гимназияи ба номи Низоми Г. ш. Душанбе кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2007 то 2010 дар Институти Техгологияи Инноватсионӣ ва Коммуникатсионии Тоҷикистон ҳамчун муаллими забони англисӣ кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то инҷониб дар вазифаи муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекунад.

Абдулҳаева Маърифат Хољаевна дар давоми фаъолияти худ якчанд мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ва тезисҳои илмиро ба чоп расонидааст.

nurmehr90@mail.ru

+992 11 444 55 00

Нурзода  Меҳрафрўзи Абдулбоқӣ

Суроға: Шаҳраки донишҷўён, бинои 11, ошёнаи 1.

Ассистенти кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ДМТ.

11.06.1990 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудааст. Соли 1997 ба синфи 1-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №76-и  ноҳияи  Фирдавсӣ ш. Душанбе рафта,  баъд аз хатми синфи 9-ум ба гимназияи ҷумҳуриявии тамоили иқтисодидоштаи ДДТТ дохил шуда соли 2008 онро хатм намудааст. Соли 2008 ба ДДОТ бо номи С. Айнӣ ба факултети забони англисӣ дохил шуда, соли 2012 донишгоҳро хатм намуда, ҳамзамон ба шуъбаи рўзонаи магистратураи  донишгоҳи мазкур роҳхат ёфтааст. Нурзода Меҳрафрўз магистратураро соли 2014 бо дипломи аъло хатм карда, дараҷаи магистри илмҳои филологи забони англисиро ба даст овардааст.  Аз соли 2014 то ҳол ба сифати ассистенти  кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ  кор ва фаъолият дорад.

faiz_eng@mail.ru

+992988-00-91-95

   Муродов Файзалӣ Мирзоалиевич

Суроға: Шаҳраки донишҷўён, бинои 11, ошёнаи 1.

   Муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоӣ 10 – уми декабри соли 1982 дар ҷамоати деҳоти Саричашма, ноҳияи Москави вилояти Кулоб таваллуд шудааст. Соли 1990 таҳсилро дар мактаб оғоз намудааст ва соли 2001 мактаб-интернати №13 – и ноҳияи Шуроободро  (ҳозира Ш. Шоҳин) хатм намудааст. Соли 2001 ба факултети забони англисӣ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шудааст ва соли 2006 таҳсилро бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст. Аз соли 2006 то соли 2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ адои вазифа намудааст. Аз соли 2008 то соли 2009 ба вазифаи муаллими забонӣ дар мактаб-интернати №13 – и ноњияи Ш. Шоњин фаъолият намудааст. Аз соли 2011 ба њайси ассистенти кафедраи забонњои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба кор омода ва аз 2019 тибҷи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи мутолиоти аврупоӣ интихоб шуда, то ҳол фаъолият намуда истодааст. Соли 2021 шўъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудасст. Муаллифи 5 мақолаи илмӣ буда, бо ҳаммуалифӣ «Барномаи намунавии таълимӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷўёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ» –ро ба табъ расонидааст.  

fazliddin92.tj@mail.ru

+992902050040

Гиёев Фазлиддин Қурбонович

Суроға: Шаҳраки донишҷўён, бинои 11, ошёнаи 1.

Ассистенти кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

14 июни соли 1992 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 1999 ба мактаби миёна рафта соли 2010 мактаби миёнаи №10 ш. Душанберо хатм намудаст. Аз соли 2010 то 2014 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таҳсил намуда, ихтисоси муаллими забони англисиро касб намудааст. Пас аз хатми Донишкада худи ҳамон сол яъне соли 2014 то 2016 ҳамчун магистр дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Пскови Федератсияи Руссия дохил шуда, дар онҷо дараҷаи магистрро ба даст овардааст. Аз соли 2016 то феврали 2018 дар Мактаби Байналмилалии Президентӣ ҳамчун ассистенти синфҳои ибтидои кор намудааст. Аз октябри соли 2017 то августи 2020 докторанти Ph.D кафедраи типологияи муқоисавии факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, онро ҳам хатм намудаст. Аз соли 2019 то 2022 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор карда ва аз соли 2022 то инҷониб дар кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолияти худро пеш бурда истодааст.

Маълумотномаи кафедраи мутолиоти аврупоӣ Кафедраи тахассусии мутолиоти аврупоӣ дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз 06.05.2014. с/м №12 ташкил шудааст.

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҳамгироӣ ва бархӯрди таммадунҳо қарор дорад. Аз ин хотир факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ташкил намудани кафедраро дар самти омӯзиши Аврупо зарур шуморид. Кафедраи мутолитоти аӣврупо дар самти омӯзиши фарҳанг, таърих, тамаддун, сиёсат ва забонҳои аврупоӣ фаъолият намуда истодааст.

Пас аз бадастовардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои кушод»-ро пеш гирифт. Аз ин лиҳоз омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мамлакат сатҳу зинаи махсусро касб кард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ диққати махсус дода, доимо таъкид менамояд, ки ҷавонон бояд ҳади ақал ин ду забони хориҷиро донанд.

Дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ устодони ботаҷриба аз фанҳои забони англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, таърих ва фарҳанги минтақаи Аврупо, мукотиботи кории дипломатӣ ба забони англисӣ ва назария ва амалияи тарҷумаи дипломатӣ, сиёсати халқии ИА дарс мегӯянд. Дар кафедраи мутолиоти аврупоӣ устодон – н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф. (мудири кафедра), н.и.ф., муаллимони калон Абдулҳаева М.Х., Муродов Ф.М., Ашурмамедова У., Назарова М., Нурзода М., ассистент Гиёев Ф. ва инчунин лаборанти кафедра Нурова Л. фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.

Дар заминаи ин кафедра мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва роҳбалад – тарҷумонҳо омода мегарданд. Инчунин, дар назди кафедра магистрон ва унвонҷӯён низ фаъолият менамоянд.

Устодони кафедра вобаста ба самти кори илмии кафедра, ки алоқаманд ба ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (Нақши забонҳои хориҷӣ дар ташаккул ва таҳаввули муносибатҳои дипломатӣ) мебошад, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Дар заминаи кафедра як маркази «European Center» таъсис дода шудааст, ки дар он дарсҳо ба донишҷӯён ба тариқи аудиоӣ ва видеоӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар кафедра фаъолияти маҳфили «Friendship» («Дӯстӣ») ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як моҳ ду маротиба барпо мегардад. Дар ин маҳфил мавзуҳои мухталиф баррасӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯъи амалияи забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд. Роҳбарии маҳфилҳоро н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф. ва ассистент Нурзода М. ба уҳда доранд.

Дар самти илм кафедраи мутолиоти аврупоӣ фаъол буда, ҳамасола конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмиллалиро баргузор менамояд. Бо ташаббуси садорати факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи мутолиоти аврупоӣ дар назди факултет магистратураи аврупоӣ ташкил шудааст, ки ин аз ҳамкории хуби факултет бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо дарак медиҳад.

Устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ пайваста дар самти кор дар лоиҳаҳои гарнтӣ фаъол мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон дар факултеи муносибатҳои байналхалқӣ ду лоиҳа “COMPASS” ва “TACES” бо дастгирии молиявии ИА амалӣ шуда истодааст, ки устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ дар доираи ин лоиҳаҳо ба Ҷумҳуриҳои Чехия, Эстония ва Олмон сафар намуда, дар симпозиум, семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ иштирок намуданд. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаҳо устодони кафедра бо олимону коршиносони донишгоҳҳоии ИА пайваста дар алоқа буда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами илми муосир табодули афкор менамоянд.

Нақшаҳои ояндаи кафедра хеле зиёд мебошад, ки ҳали онҳо ба манфияти соҳаи дипломатияи тоҷик мебошад. Кафедраи мутолиоти аврупоӣ навиштани якқатор китобҳои дарсиро роҷеъ ба омӯзиши забон, таърих, фарҳанг, урфу одат, мавқеи геополитикии Аврупо, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо забонҳои мухталиф ба нақша гирифтааст.

Айни замон устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ як қатор китобҳои дарсӣ ва монографияҳоро чоп намудаанд, ки донишҷӯён аз онҳо ба таври мунтазам истифода мебаранд.

Дар оянда кафедра нақша дорад, ки корро дар самтҳои гуногун бо донишгоҳҳои бузурги аврупоӣ бароҳ монда, табодули устодону шогирдонро оид ба таҷрибаомӯзии забонӣ дар хориҷи кишвар вусъат диҳад.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устодони кафедра

Мавзӯи илмии кафедраи мутолиоти аврупоӣ «Ҳолат ва дурнамои муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо» барои солҳои 2021-2025 муайян шудааст, ки устодон мувофиқи он дар панҷ фасл корҳои илмӣ-таҳқиқотиро пеш бурда истодаанд:

Фасли I. Дотсент Наҷмиддинов А.Ф. «Мафҳумҳои нави байналхалқӣ дар забонҳои тоҷикию англисӣ ва корбурди он дар робитаҳои байнидавлатӣ»;

Фасли II. Муаллими калон Ашурмамадова У. «Нақши расму оини Бадахшон дар таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои англисзабон»;

Фасли III. Муаллими калон Абдулҳаева М.Х. «Мафҳумҳои байналмилалии ифодакунандаи санадҳои соҳаҳои илм ва маориф дар муносибатҳои байнидавлатӣ»;

Фасли IV. Муаллими калон Муродов Ф.М. «Мафҳумҳои идиоматикӣ ва фразеологӣ дар матнҳои дипломатию байналхалқӣ (тоҷикӣ ва англисӣ)»;

Фасли V. Ассистент Нурзода М.А. «Хусусиятҳои таълими забони англисӣ дар раванди омода намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия»;

Фаъолияти таълимӣ

Устодони кафедраи мутолиоти аврупоӣ ба таълими забони англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар ҳамаи ихтисосҳои амалкунандаи факултет машғуланд. Барои балан бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар кафедра пайваста чораҳо андешида мешавад. Аз ин лиҳоз ҳамасола устодони кафедра бо як тарбиби муайян ба курси таклими ихтисос равон карда мешаван.

Таълифоти устодони кафедра

1. Абдулҳаева М.Х. “The valuable book” – Душанбе -2016. 60с.

2. Наҷмиддинов А., Бобокалонова Т., Гадоев К., “Phonetic of English language” – Душанбе: «Фарҳод», – 2016. – 130 с.

3. Назаров Т., Талабов Т., “Забони олмонӣ” Душанбе – 2016

4. Шозимова Т.Д. “Фарҳанги дипломатии англисӣ-тоҷикӣ”. – Душанбе – 2017. – 200с.

5. Назаров Т. “Liebe bis in den tod” Душанбе-2017, Эр-граф.

6. Наҷмиддинов А.Ф. «English for diplomats». –Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 368 с.

7. Наҷмиддинов А.Ф. «Основные вопросы исследования и прагматическая специфика функционирования неологизмов в английских и таджикских публицистических текстах», Монография. – Душанбе, «Ашуриён». – 2017 . – 159с.

8. Шозимова Т.Д., «Выражение длины и мер в разноструктурных языках» Душанбе – 160