Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ

Таърихи кафедра

Вобаста ба зарурати таҳқиқот ва омӯзиши равандҳо, тамоюлҳо ва ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан, раванди минтақагароӣ ҳамчун зерраванди ҷаҳонишавӣ кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳ аз 31. 05. 2013 таҳти рақами №154-09 таъсис ёфтааст.

Аввалин мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ н.и.т, дотсент Шарипов А.Н дар давраи солҳои 2013-2017 ба ҳисоб меравад. Аз соли 2017 то инҷониб мудирии кафедраро н.и.т, дотсент Розиқов Ф.М ба ӯҳда дорад.

Кафедра дорои 11 аъзои доимии штатӣ ва 2 нафар устоди ҳамкори берунӣ буда, вобаста ба самти фаъолияти илмии худ кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра 3 нафар профессорон – д.и.т. Олимов М., д.и.т. Муллоҷонов С., ва д.и.т. Маҳмадшоев Р., 4 дотсент: н.и.т. Розиқов Ф., н.и.с. Мамадазимов А., н.и.ф. Баротзода Ф., н.и.т. Ёров А., 3 муаллими калон н.и.т. Шарипов С., н.и.т. Абдулоев Ҷ., н.и.т. Мирзоев Ҷ. ва 3 ассистент: Ёров Ш.Н., Яҳёева М. ва Назаров Б. фаъолияти таълимӣ ва илмӣ менамоянд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқоти кафедра:

Самт ва мавзӯи илмии кафедраи минтақашиносии хориҷӣ Ҷанбаҳои минтақавии таҳаввули низоми муносибатҳои байналхалқии муосир мебошад ва аз 9 фасли зерин таҳқиқоти иборат аст:

  • Таҳаввули ҳамкориҳои мутақобилаи ҶТ ва ФР дар даҳаи дуюми асри XXI;
  • Проблемаи сарҳад дар ровобити байнидавлатҳои Осиёи Марказӣ;
  • Афғонистон дар низоми равобити минтақавӣ;
  • Ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ;
  • Дипломатияи роҳи Абрешим ва нақши он дар таҳаввули робитаҳои давлатӣ ва минтақавӣ;
  • Муносибатҳои тиҷорати байналхалқии Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Осиё ва Аврупо дар нимаи дуюми асри  ХIХ – аввали асри ХХ;
  • Дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;
  • Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асри ХXI$
  • Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ.

Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ

Минтақашиносӣ – фанни мустақили доншигоҳист, ки ба омузиши омилҳои дохиливу берунии инкишофи умумиятҳои ҷуғрофӣ (геополитикӣ, географӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ ва ғайра), гуруҳҳои минтақавӣ, кишварҳо ва минтақаҳои онҳо ҳамчун субъектҳои равобити байналмилал машғул аст.

Курси таълимии базавии минтақашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси тахассуси донишгоҳии 23010006 – минтақашиносии хориҷиро ташкил медиҳад, ки дар асоси он  минтақашиносон – мутахасисони соҳаи идораи давлатӣ ва сиёсати минтақавӣ тайёр карда мешаванд.

Дар заминаи ин кафедра мутахассисони роҳбалад – тарҷумонро омода менамояд. Дар баробари ин муҳлати таҳсил дар ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ – 23 010006 чор сол буда, дараҷаи, бакалавр барои хатмкунандагон пешбинӣ шудааст.

Фаъолияти касбии минтақашинос ба омузиши комплексии минтақаи омӯзиш равона шудааст. Аз мутахассиси минтақашинос маҳорати таҳияи тавсияҳои амалии аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуда барои мақомотҳое, ки дар пешбурди сиёсати минтақавӣ ва хориҷӣ иштирок мекунанд, аз ҷумла барои ташкили табодули илмиву маърифатӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ, барои инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ талаб карда мешавад.

Бакалаврият дар самти минтақашиносии хориҷӣ

Фанҳои умумитаълимӣ:

– Забони тоҷикӣ;

– Забони русӣ;

– Таърихи халқи тоҷик;

– Фалсафа;

– Мантиқ;

– Сотсиология;

– Диншиносӣ;

– Сиёсатшиносӣ;

– Назарияи иқтисодӣ;

– Назарияи давлат ва ҳуқуқ;

– Ҳуқуқи байналхалқӣ;

– Мудофиаи гражданӣ;

– Экология;

Фанҳои ихтисосӣ

  • Кишваршиносӣ;
  • Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа;
  • Таърих ва фарҳанги минтақаи омӯзиш;
  • Ҷанбаҳои минтақавии МБ-и муосир;
  • Осиёи Марказӣ дар низоми МБ;
  • Одоби ташрифотӣ ва корӣ;
  • Омили исломӣ дар низоми минтақаҳо;
  • Тоҷикистон ва кишварҳои Шарқ;
  • Созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ;
  • Проблемаҳои глобалӣ ва хатарҳои ғайри суннатӣ;
  • Ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ дар ҷаҳони муосир;
  • Аврупо дар низоми МБ-и муосир;
  • Низоми иттилоотӣ ва минтақавӣ;
  • Сиёсати хориҷии кишварҳои Осиё ва Африқо;
  • Этнография ва этнополитикаи минтақаҳо;
  • Минтақашиносии назариявӣ;
  • Муқаддимаи ихтисос;
  • Зернизомҳои минтақавӣ дар низоми МБ;
  • Таърихи муосир ва сиёсати хориҷии кишварҳои Аврупо ва Амрико;
  • Масоили мубрами Шарқи муосир;
  • Таърихнигории Осиёи Марказӣ.

Магистратура дар самти минтақашиносии хориҷӣ

Фанҳои таълимӣ:

  • Назария ва амалияи минтақашиносӣ;
  • Сиёсати хориҷи ва дипломатияи кишварҳои минтақа;
  • Таърихи муосир ва сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа;
  • Самти минтақавии сиёсати хориҷии ҶТ.

Докторантураи PhD-и кафедра

Дар кафедра докторантҳои PhD аз рӯи ихтисоси 6D 050500 – доктори фалсафа аз рӯи ихтисос таҳсил менаомянд. Саҳми кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи равобити байналхалқӣ назаррас аст. Дар кафедра 9- доктор PhD ва 4 унвонҷӯ аз рӯи мавзӯъҳои кори илмиашон фаъолият менамоянд. Дар пояи кафедра Файзов Н., Меҳроҷиддини Н., Мамадазимов А., Шарипов С., Анвари С., Пайвандов Х.Б., Нурзода М. А. Қамаров А. ва дигар рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд.

Марказу маҳфилҳои кафедра

Дар назди кафедраи минтақашиносии хориҷӣ маҳфили илмии «Минтақашинос» амал мекунад, ки роҳбари он н.и.т., муаллими калони кафедра Шарипов С. ба шумор меравад. Айни замон маҳфили номбурда дорои 30 нафар аъзоёни доимӣ буда, дар як моҳ 1 маротиба ҷаласаҳои он рўзҳои шанбе гузаронида мешавад. Инчунин дар кафедра Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро профессор Олимов М. ба уҳда дорад. Дар доираи онҳо донишҷўён масъалаҳои мубрам, замонавӣ ва проблемавии минтақа ва ҷаҳонро аз рўи нақшаи маҳфилҳо мавриди баррасӣ, пажуиш ва таҳлил қарор медиҳанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии кафедра

Дар назди кафедра Лоиҳаи ТАСИС бо дастгирии Эразмус + амалӣ мегардад, ки ҳадафи ондастгирии такомули минбаъдаи равандҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ буда, татбиқи якчанд тадбирҳоро оид ба ташаккули стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар бар мегирад.

Таълифоти асосии кафедра

Дастовардҳои кафедраи минтақашиносии хориҷӣ  дар самти омодасозии китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, гузаронидани конфронсҳо, мизи гирд ва симпозиюмҳои сатҳи байналхалқӣ хеле фаъол ва назаррас мебошад. Дастовардҳо:

  1. Масъалаҳои мубрами Шарқи муосир.-Душанбе: “Пойтахт” 2016.180 с.
  2. Моделҳои муваффақи кишварҳои Шарқ., Душанбе, 2018. 156.
  3. Ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ.,Душанбе-2019. 400 с.
  4. Великий шелковый путь. История, становления, асцвета и распада. (Роҳи бузурги абрешим. Таърихи пайдоиш, ташаккул ва фурупошӣ.) Душанбе, “Сино”, 2014. 384 с.
  5. История таджикско-казахстанских взаимоотношений в условиях независимости. (Таърихи ҳамкориҳои тоҷикӣ-қазоқистонӣ дар шароити истиқлолият) Душанбе, “Эр-граф”,2012.-192 с.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра

E-mail: fr_tj@mail.ru

Тел.: (+992) 918 685636

Суроға: Душанбе, н.Сино, маҳ. 33, хонаи 32/5

РОЗИҚОВ Фарҳод Маҳмадсаидович

н.и.т., дотсент

Соли 2007 факултети таърихи ДМТ хатм намудааст. Солҳои 2007-2009 сармутахассиси Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) буд. Ф.М. Розиқов аз соли 2009 то 2011 cармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии шуъбаи таълими ДМТ ба ҳисоб мерафт. Инчунин, соли 2011 муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи ДМТ буд. Солҳои 2010 то 2013 дар аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 2014-2015 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2015-2017 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2018 то имрӯз дотсент, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ мебошад.

Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Аълочии Вазорит фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), оиладор, соҳиби 4 (чор) фарзанд.

Профессори кафедра

E-mail: rahmatsho@mail.ru

Тел.: (+992) 93 5866777

Суроға: Душанбе, н.И.Сомонӣ, маҳ. Ш.Шотемур 75/1, хонаи 45.

МАҲМАДШОЕВ Раҳматшо

д.и.т., профессор

20.01.1950 таваллуд шудааст. Соли 1972 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон(собиқ Университети Давлатии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси “таърих, омузгори фани таърих ва ҷомиашиноси” хатм кардааст. Аз соли 1972 то 1974. ҳамчун лаборанти калони Шуъбаи бостоншиносии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон кор карда аст.  Аз соли 1974 то 1978 дар аспирантураи Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академия улуми Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1978 – 1982  дар Афғонистон сафари хидмати намудааст. Дар солҳои 1982 – 1989  ҳамчун ходими илмии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Соли 1989 дар ш. Маскав, дар Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академия улуми Федератсияи Русия рисолаи номзадиро зери унвони “Тоҷикони Афғонистон дар замони нав” аз руи ихтисоси 00.07.03 – Таърихи умуми дифоъ намудааст.

Солҳои 1990-1998 вазифаҳои дотсент, мудири кафедаи таърихи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро иҷро намудааст. Дар солҳои 1998 – 2010  –  ҳамчун мудири қисми таълим, ноиби ректор оид ба илм ва равобити хориҷии Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ кор кардааст. Соли 2010 шомили давраи доктории Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Федератсия Русия дар ш. Маскав шуда, соли 2011 рисолаи доктории худро дар мавзуъи “ Равандҳои этносиёси ва иҷтимои – фарҳангии тоҷикони Афғонистон дар нимаи дуввуми асри XIX – оғози аср XX” бо ихтисоси 00.07.03 – Таърихи умуми(улуми таърихи) дифоъ намудаст.  Солҳои 2011 – 2012 ба ҳайси дотсенти кафедраи фанҳои ҷомиашиносии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, мудири кафедраи таърихнигори ва бойгоншиносии Донишгоҳи Миллиии Тоҷикистон кор карда аст. Солҳои 2012 – 2015 дар сафари хидмати ҳамчун мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанг ва вазорати маъдан ва петролиуми Ҷумҳурии исломии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Аз соли 2012 то 2018  ҳамчун профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултаи таърих ва аз соли 2018 то ҳоло профессори кафедраи минтақашиносии хориҷии факултаи муносиботи байналмиллалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Маҳмадшоев Р. муовини раиси Шурои дифои рисолаҳои номзади ва доктории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, узви Шурои экспертии Комиссияи Олии Аттестатсионии Тоҷикистон мебошад. Дорандаи унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” буда, муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илми мебошад. Соҳаи фаолияти илмии Р. Маҳмадшоев равандҳои этносиёси, иҷтимои – иқтисоди ва фарҳангии мамолики Шарқ, бахусус Афғонистон, Ирон ва Покистонро дар бар мегирад. 

Дотсенти кафедра

E-mail: m_abdughani@mail.ru

Тел.: (+992) 985-30-50-70

Суроға: ҶТ, Душанбе, маҳ. Деҳотӣ 21/13, хонаи 78

МАМАДАЗИМОВ Абдуғанӣ

н.и.с., дотсент

04 июли соли 1964 таваллуд шудааст. Соли 1983 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, соли 1988 донишгоҳи мазкур аз рӯи ихтисоси забони олмонӣ хатм намуд. Солҳои 1990-1993 ба сифати аспирант дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, факултети фалсафа, кафедраи илмҳои сиёсӣ таҳсил намудааст.

Фаъолияти кориро солҳои 1994 ба сифати мудири шуъба дар Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Солҳои 1994-2016 Роҳбари ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон буд. Аз соли 1999 Роҳбари Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” ба ҳисоб меравад. Аз соли 2010 то ин ҷониб дотсенти кафедраи минтақашиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Иштирокчии шумораи зиёди лоиҳа  ва барномаҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, Шарики асосӣ доир ба ташкил ва баргузории клубҳои мубоҳисавии сиёсӣ бо Дафтари сулҳҷӯёнаи СММ дар Тоҷикистон (UNTOP) (солҳои 2001-2007), Шарики Фонди байналмилалии низоми интихобот (IFES) доир ба ташкил ва баргузории интихоботҳои гуногун (солҳои 1999-2015), Иштирокчии дастаи таҳлилии “Клуби Алмато” доир ба лоиҳаи Фонди ба номи Ф. Эберт дар солҳои 2016-2018, Иштирокчии лоиҳаи «SEnECA» -и Иттиҳоди Аврупо доир ба пурзӯркунии муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2018-2020.

Муаллифи монографияҳои “Новый Таджикистан: вопросы становления суверенитета”, “Политическая истории таджикского народа”, “Великий шелковый путь. История становления, расцвета и распада”, “Открытый мир таджиков. К.I. Стратегия Саманидов” ва ғайра мебошад. Инчунин беш аз 70 мақолаҳои илмӣ-оммавиро таълиф намудааст. Забонҳои русӣ, узбекӣ, олмонӣ ва англисиро медонад.

Муаллими калони кафедра

E-mail: sayhomid.tj.93@mail.ru

Тел.: (+992) 938 4858 46

Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2

ШАРИПОВ Сайҳомид Сафармадович

н.и.т., муаллими калон

01 сентябри соли 1993 дар ш.Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии Клоб ба номи А.Рӯдакиро бо ихтисоси “муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон референт хатм намудааст.

Аз соли 2016 то 2019  дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. С.С. Шарипов аз соли 2017 то 2018 ба сифати ассистенти кафедраи Дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМТ кор намудааст. Аз  соли 2018 то 2022 ба сифати ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ кору фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2022 то ҳол Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллими калони кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ мебошад.

Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Хусусиятҳои хоси рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистолн бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ибтидои XXI (солҳои 2001-2016)», аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) дифоъ намудааст.

Муаллифи зиёда аз 20 таълифоти илмӣ буда, соҳаи фаъолияташ масоили сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия мебошад. Оиладор соҳиби 3- фарзанд.

Ассистенти кафедра

E-mail: shahromjon234@gmail.com

Тел.: (+992) 881 31 13 13

Суроға: н. Фирдавсӣ, Деҳоти 42

ЁРОВ Шаҳром Назарович

ассистент

17 сентябри соли 1996 дар ш.Душанбе таввалуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи №49 ш. Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 2014 хатм намуд. Соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии ш. Москва (МГИМО (У) МИД РФ) дохил шуда, ихтисоси муносибатҳои байналмилалиро соли 2018 хатм намуд. Соли 2018 дар Донишгоҳи номбурда ба зинаи магистратура дохил шуда онро соли 2020 хатм намудааст.

Аз соли 2020 то ин ҷониб омӯзгори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ мебошад. Аз соли 2021 унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буда, дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣн” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.

Муаллифи 4 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 2 барномаи таълимӣ мебошад.

Ассистенти кафедра

E-mail: bahriddinzodda-bmail.ru

Тел.: (+992) 918 61 56 68

Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2

НАЗАРОВ Бахтиёр Баҳриддинович

ассистен

28 ноябри соли 1994 дар н. Ховалинг таввалуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи №6 н. Ховалинг рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намуд. Соли 2012-2017  факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо  ихтисоси  минтақашиноси хориҷӣ хатм намуд.

Тайи солҳои 2017-2018 ассистенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар давоми солҳои 2019-2020 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносb ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав маҳсуб мешуд. Соли  2021-2022 Эдвайзер (мушовири академии) факултети Сиёсат ва идораи давлатb Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав буд. Аз сентиябри соли 2022 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ ва аз октиябри соли 2022 Мушовири академии ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор намудааст.

Соли 2022 ба ҳайсаи унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ қабул шуда, дар мавзӯи “Ҳамкории халқи тоҷик бо халқҳои минтақа дар асрҳои XVI-XIX” зери роҳбарии дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ Шарипов А.Н. фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

Муаллифи 5 мақолаҳои илмӣ, 12 мақолаи оммавӣ ва 2 барномаи таълимӣ мебошад.