Факултети муносибатҳои байналхалқӣсоли 2011 дар заминаи ихтисосҳои «муносибатҳои байналхалқӣ» ва «кишваршиносӣ»-и факултети таърих, таъсис ёфтааст. Декани факултет– номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович мебошад.
Айни замон теъдоди донишҷӯёне, ки
дар факултет таҳсил менамоянд ба 700 нафар
мерасанд. Факултет мутахассисони баландихтисосро дар чаҳор самт – муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати беруни
ва дипломатия, минтақашиносии хориҷӣ ва фаъолияти иттилоотӣ таҳлилӣ дар муносибатҳои
байналхалқӣ омода менамояд. Таҳсил дар ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия ва сиёсати берунӣ ва фаъолияти иттилоотӣ таҳлилӣ дар
муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси шартномавӣ, ва ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ
бошад, дар асоси буҷавӣ ва шартномавӣ сурат мегирад. Дар баробари фанҳои
тахассусӣ донишҷӯёни мо забонҳои хориҷии англисӣ (асосӣ), арабӣ, франсавӣ,
олмонӣ ва чиниро меомӯзанд. Донишҷӯён ҳамзамон дар кафедраи ҳарбӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Дар факултет панҷ кафедра: кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ(мудир-дотсент Шарипов Амриддин Нуриддинович, номзади илмҳои таърих), кафедраи Дипломатия ва
сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мудир – номзади илмҳои
таърих, дотсент Салимов Ф.Н.,), кафедраи Минтақашиносии хориҷӣ(мудир номзади илмҳои
таърих, дотсент Самиев Холаҳмад
Давлатович,), кафедраи мутолиоти Шарқ (мудир- номзади илмҳои
филологӣ дотсент Раҳмонов М.А.,) ва кафедраи мутолиоти Аврупоӣ (мудир номзади илмҳои филологӣ, дотсент Наҷмиддинов А.Ф. ) амал менамоянд.
Дар соли 2023 теъдоди умумии ҳайати устодону кормандони панҷ кафедраи факултет 60 нафарро ташкил дода, аз онҳо 42 нафар кормандони штатӣ, 9 нафар кормандони ҳамкор ва 9 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Аз 42 нафар кормандони штатӣ – 35 нафар ба корҳои илмӣ-таҳқиқоти сафарбар шудаанд. Махсусан аз шумораи умумии ҳайати устодону кормандони факултет 42 нафар мард ва 18 нафар зан мебошанд.
Аз 42 нафар кормандони штатӣ 32 нафар (73%) – ро устодони унвондор ва 10 нафари дигарро устодони беунвон ташкил менамояд. Аз шумораи умумии устодони унвондор – 7 нафар докторони илм мебошад. 25 нафари дигарро номзадҳои илм ташкил менамояд. Дар факултет тамоми шароит барои омода намудани мутахассисони баландихтисос муҳайё мебошад. Аз ҷумла, 1-синфхонаи компютерӣ, 1-синфхонаи интернетӣ, мастер-класс (барои гузаронидани мизҳои мудаввар ва семинарҳо), 8- синфхона муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ, баҳри сайқал додани донишҳои назариявии донишҷӯён фаъолият менамояд.
Дар факултет ҳамчунин 4- маркази илмӣ: Маркази таҳлилӣ ва коршиносӣ (роҳбари номзади илмҳои таърих, дотсент Салимов Ф.Н), Маркази мутолиоти минтақавӣ ва муқоисавӣ (роҳбар доктори илмҳои таърих, профессор Олимов М), Маркази мероси дастхатҳои ниёгони бурунмарзии (роҳбар, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Маммадазимов А.А.), Маркази омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон (роҳбар номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х.Д).
Дар доираи онҳо донишҷӯён масъалаҳои мубрам, замонавӣ ва проблемавии минтақа ва ҷаҳонро аз рӯи нақшаи маҳфил мавриди баррасӣ, пажуҳиш ва таҳлил қарор медиҳанд.
Факултет дар шарики бо Донишгоҳҳои Кент ва Кембриҷ (Британияи Кабир), Донишгоҳи давлатии Белорус (Минск), Академияи дипломатии Озарбойҷон (Боку), Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия (Тошканд) ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълимиро дар доираи барномаи байналмиллалии GCRF COMPASS – (Comprehensive Capacity-Building in the Eastern Neighbourhood and Central Asia: research integration, impact governance & sustainable communities) ба роҳ мондааст.
Бояд қайд намуд, ки дар назди раёсати донишгоҳ Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ
ва докторӣ аз руи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва
сиёсати хориҷӣ ва 07.00.03 – Таърихи умумӣ зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Н.М. Мирзоев фаъолият
дорад ва мунтазам омӯзгорон ва унвонҷӯён рисолаҳои илмии худро дифоъ
кардаистодданд. (Комиссияи олии
аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия).
Сомонаи расмии факултет. Web: http://www.mo.tnu.tj
Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ.
Кафедраи муносибатҳои
байналхалқӣ соли 2002 дар таркиби факултети таърих бодарназардошти
ба вуҷуд омадани талабот барои тайёр намудани мутахасисони соҳаи равобити
байналмилал таъсис дода шудааст. Айни ҳол дар кафедра 13 нафар кормандони штатӣ, 1 нафар ҳамкори беруна, 1 нафар ҳамкори
дохила ва 3 нафар ҳамкори соатбай фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии кормандон се доктори илм,
профессор (С.С.Фаттоҳзода, М.Х.Маликов, С.С.
Абдулқодирзода,)
номзади илм, ( н.и.т., дотсент, Х.Д.
Самиев, н.и.с., дотсент П.Р.Нуриддин, н.и.т., н.и.с., дотсент Маликов
Қ.К., м/к Ф.А. Ғайратова, н.и.т., м/к Пайвандов Х.Т.,н.и.т., Мирзоев,
Ҳ.Т,) як нафар муаллими калон (Б.С. Басиров,) ва се нафар ассистент (Исматова
Н.Ш., Исматуллои С., Файзуллоев К.С.) фаъолият доранд.
Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ
ба хотири беҳбуди сатҳи омӯзиш бо муассисаҳои давлатӣ ва илмии ҷумҳурӣ –
Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории
судмандро ба роҳ монда кормандони ин муассисотро ба хондани курсҳои махсус
даъват мекунад.
Дар назди кафедра ҳамчунин маҳфили «Таҳлилгарони ҷавон» амал мекунад, ки роҳбари маҳфилро Х.Б.Пайвандов бар уҳда дорад. 28 аъзои маҳфил дар ҳаёти илмии факултет ва донишгоҳ фаъолият чашмрас доранд.
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2017 дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳ фаъолият дорад. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Салимов Фаррух Насимович мебошад. Дар кафедра 10 нафар корманди штатӣ, 2 ҳамкори беруна ва 2 ҳамкори дохилӣ кору фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии кормандони штатӣ 4 доктори илм, профессор (Латифов Ҷ.Л., Сатторзода А., Э. Раҳматуллозода, Муҳаммадзода П.А.), 6 нафар номзади илм- (н.и.т. дотсент Салимов Ф.Н., н.и.т. дотсент Ҷаъфаров С.Х., н.и.с. м/к Ризоён Ш.Ш. н.и.т., мк., Анвари С) ассистент (Ғафорзода Ф, Фарзонаи Ш).
Фаъолияти кафедра барои расидан ба мақсади омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи дипломатия ва сиёсати хориҷии дар бозори меҳнати ватанӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи дарк ва таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи асолат ва арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикону тоҷикистониён ба хотири муаррифии арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар назди кафедра “Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ” бо мақсади омӯзишу таҳлили равандҳои муосири сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, динӣ, фарҳангӣ, этникӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа; таъминоти иттилоотию таҳлилӣ ва коршиносӣ-таҳлилии самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; анҷом додани таҳлили экспертии ҳамкориҳои сиёсӣ, дипломатӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, таълимӣ ва албатта муаррифии дастовардҳои илмии Донишгоҳ дар самти сиёсати хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъсис дода шуд. Дар асоси ҷалби бурсияҳо коршиносони Марказ дар бахши муқовимат бо ифротгароиву терроризм, омӯзиши Осиёи Марказӣ, омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон таҳқиқотҳо анҷом дода дар бахши омода намудани монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва васоити таълими фаъолият бурда истодаанд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Клуби дипломатҳои ҷавон” таҳти роҳбарии Анвари Сафарӣ кору фаъолият менамояд. Аъзоёни Клуб дар ҳамаи чорабиниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии кафедра, факултет ва донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд.
Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ.
Вобаста ба зарурати таҳқиқот ва омӯзиши равандҳо, тамоюлҳо ва ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан, раванди минтақагароӣ ҳамчун зерраванди ҷаҳонишавӣ кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳ аз 31. 05. 2013 таҳти рақами №154-09 таъсис ёфтааст. Аз соли 2017 то 2023 и мудирии кафедраро н.и.т, дотсент Розиқов Ф.М ба ӯҳда дошт. Айни замон мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои таърих дотсент Самиев Х.Д., бар уҳда дорад. Кафедра дорои 9 аъзои доимии штатӣ ва 1 нафар устоди ҳамкори берунӣ буда, вобаста ба самти фаъолияти илмии худ кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра 1 нафар профессор -Олимов М., 4 дотсент: н.и.т.дотсент, Розиқов Ф., н.и.с. дотсент, Мамадазимов А., н.и.т. дотсент, Ёров А.Ш. дотсент,. Баротзода Ф.,н.и.т., н.и.п., дотсент Зарди Шамсиддин дотсент Абдуллоев Ҷ.Т., ва 2 ассистент: Каримова З., Назаров Б.Б. фаъолияти таълимӣ ва илмӣ менамоянд. Дар назди кафедраи минтақашиносии хориҷӣ маҳфили илмии «Минтақашинос» амал мекунад, ки роҳбарӣ он ассистент Каримова З. ба шумор меравад. Айни замон маҳфили номбурда дорои 30 нафар аъзоёни доимӣ буда, дар як моҳ 1 маротиба рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.
Кафедраи мутолиоти аврупоӣ. Кафедраи
мутолиоти аврупоӣ дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои
байналхалқӣ аз 06.05.2014. с/м №12 ташкил шудааст. Дар кафедраи мутолиоти
аврупоӣ устодони ботаҷриба аз фанҳои забони англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, таърих ва фарҳанги минтақаи
Аврупо, мукотиботи кории дипломатӣ ба забони англисӣ ва назария ва амалияи тарҷумаи
дипломатӣ, сиёсати халқии ИА дарс мегӯянд. Дар кафедраи
мутолиоти аврупоӣ устодон – н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф. (мудири кафедра),
н.и.ф., муаллимони калон Абдулҳаева М.Х., Муродов Ф.М., Ашурмамедова У., Назарова
М., Нурзода М., ассистент Гиёев Ф. ва инчунин лаборанти кафедра Нурова Л. фаъолияти меҳнатӣ менамоянд. Инчунин, дар
кафедра фаъолияти маҳфили «Friendship» («Дӯстӣ») ба роҳ монда шудааст, ки
мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як моҳ ду маротиба барпо мегардад. Дар ин маҳфил
мавзуҳои мухталиф баррасӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯъи амалияи забондонии
донишҷӯён мусоидат менамояд. Роҳбарии маҳфилҳоро
н.и.п., мк. Нурзода М. ба уҳда дорад.
Кафедраи мутолиоти Шарқ.
Кафедраи мутолиоти шарқ дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз 06.05.2014. с/м №162 -09 ташкил шудааст. Мудири кафедра н.и.ф. дотсент Раҳмонов М.А. мебошад.
Дар кафедраи мутолиоти шарқ устодони ботаҷриба аз фанҳои забони арабӣ, хитоӣ, таърих ва фарҳанги минтақаи Шарқ, назария ва амалияи тарҷумаи дипломатӣ дарс мегӯянд, аз ҷумла н.и.ф. дотсент Тупалов Ғ.Ш. н.и.ф. м/к Саидова Ф.Ҳ, н.и.т. м/к Қамаров А.З, муаллими калон Маҳмудзода М.Қ.,ба фаъолият машғуланд. Ҳамзамон дар кафедра фаъолияти маҳфили «Пайёми Шарқ» ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як моҳ ду маротиба барпо мегардад. Дар ин маҳфил мавзуҳои мухталиф баррасӣ мегарданд, ки барои рушду нумӯъи амалияи забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд. Роҳбарии маҳфилро н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш., ба уҳда дорад.
Дар зинаи магистратураи факултет мутахассисонро дар се самт:
а) Ихтисос: 23010100- Муносибатҳои байналмилалӣ.
б) Ихтисос: 23010101 – Сиёсати беруни дипломатия.
с) Ихтисос: 23010106- Минтақашиносии хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (Phd) бошад аз рӯйи ихтисос, муҳлати таҳсил 3 – сол: Ихтисос: 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ, шакли таҳсил: рӯзона. Ихтисос: 6D 050500 – минтақашиносӣ, шакли таҳсил: рӯзона амал мекунад.