Кафедраи Муносибатҳои байналхал­қӣ

Таърихи таъсиси кафедра

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ соли 1998 дар ҳайати факултети таърих бо мақсади тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, дипломатия ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

То соли 2002 мудири кафедраи навтаъсис номзади илмҳои таърих, дотсент Т. Муҳиддинов буд. Аз соли 2002 то соли 2008 мудири кафедраро доктори илмҳои таърих, профессор Ш.З. Имомов ба уҳда дошт. Аз соли 2008 то соли 2013 доктори илми таърих, профессор Н. М. Мирзоев мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ буд.

Cоли 2011 ба сабаби таъсиси факултети муносибатҳои байналхалкӣ кафедра ба факултет гузаронда шуд, ки то имрӯз дар ин факултет фаъолияташро пеш мебарад. Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи декабри соли 2021 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Р. Ш. Нуриддинов ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи декабри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент П. Р. Нуриддин фаъолият намуданд.

Кафедра бо мақсади ташаккули донишҳои устувор донишҷӯён дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳсилоти салоҳиятнок, махсусгардонидашуда ва тайёр намудани бакалавру магистрҳо, докторантҳо дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавобгӯ мебошанд ва дар бозори меҳнати муосир рақобатпазиранд, таъсис дода шудааст. Ҳангоми омӯзиши самти муносибатҳои байналмилалӣ донишҷӯён ҳадди аққал яке аз забонҳои шарқӣ ва инчунин забонҳои аврупоӣ (арабӣ, хитоӣ ва англисӣ)-ро амиқ меомӯзанд.

Дар назди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ду нафар унвонҷӯёни шуъбаи рӯзона ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

Ҳамчунин дар назди кафедра як нафар докторант PhD-и соли сеюм, се нафар докторант PhD-и соли дуюм ва ду нафар докторант PhD-и соли якум ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

Кафедраи муносибатҳоли байналхалқӣ ба хотири беҳбуди сатҳи омӯзиш бо муассисаҳои давлатӣ ва илмии ҷумҳурӣ – Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, кормандони ин муассисотро ба хондани курсҳои махсус даъват мекунад.

Дар назди кафедра ҳамчунин маҳфили «Таҳлилгарони ҷавон» амал мекунад, ки роҳбари маҳфилро муаллими калони кафедра Пайвандов Х.Б. бар уҳда дорад. 28 аъзои маҳфил пайваста дар ҳаёти иҷтимоӣ ва илмии факултет ва донишгоҳ фаъолият чашмрас доранд. Хусусан, дар ҳамоишҳои ин маҳфил кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, вазоратҳо ва муассисаҳои давлатӣ, сафирони намояндагиҳои дипломатӣ дар пойтахти кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат мекунанд, ки сатҳу савияи донишомӯзон ва эътибори кафедраро боло бурдааст.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқоти кафедра:

Ҳайати устодони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзуъ – «Асосҳои назариявӣ ва амалии муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои геополитикии муосир» ва 10 самти зерин таҳқиқоти худро ба роҳ монданд:

  • Назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқии асри XXI;
  • Таърихи ташакули ҳамкориҳои халқҳои тоҷик ва қазоқ дар асрҳои XVI-XX;
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ;
  • Муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар солҳои Истиқлол;
  • Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар қаринаи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо;
  • Моҳият ва заминаҳои зуҳури ифротгароии ҷавонон дар замони муосир;
  • Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея дар даврони Истиқлол (1991–2018);
  • Дипломатияи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҳамкории илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар солҳои Истиқлол (1991–2018);
  • Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташаккул ва рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ (дар мисоли Озарбойҷон ва Арманистон).

Роҳбари илмии мавзуъ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Нуриддин П.Р., иҷрокунандагон – доктори илмҳои таърих, профессор Маликов М.Ҳ., номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Х.Д., муаллими калон Басиров Б.С., номзади илмҳои таърих, муаллими калон Пайвандов Х.Б., номзади илмҳои таърих, муаллими калон Ғайратова Ф.А., номзади илмҳои таърих., ассистент Мирзоев Ҳ.Т., ассистент Файзуллоев К.С., ассистент Исматова Н., ассистент Сулаймонова А. М.

Фаъолияти таълимӣ.

Кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар бахши бакалавриат, магистратура ва докторантура миқдори фанҳои ҳатмӣ ва курсҳои махсусро дар бар мегирад, ки аз тарафи омӯзгорони унвондори таҷрибадор ва ҷавони фаъолу болаёқат дар сатҳи зарурӣ дарс дода мешаванд.

Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ тамоми фанҳои таълимӣ бо барномаҳои таълимӣ ва корӣ таъмин буда, онҳо ҳамасола то оғози соли таҳсил омода гардида, аз ҷониби мудири кафедра, шурои методӣ ва садорати факултет тасдиқ мегарданд.

Барномаҳои дарсии ихтисос, ки аз тарафи омӯзгорон омода мегарданд, ба меъёрҳои стандартии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда пурра ҷавобгӯ мебошанд. Дар кафедра феҳрасти китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳо таълимӣ мавҷуд мебошад.

Кафедра кӯшиш мекунад, ки фанҳои ихтисосии таълимиро, (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводу барномаҳои таълимию методӣ таъмин намоянд.

Бакалаврият дар самти муносибатҳои байналхалқӣ (23-010100)

Фанҳои умумитаълимӣ

– Забони тоҷикӣ;

– Забони русӣ;

– Таърихи халқи тоҷик;

– Фалсафа;

– Мантиқ;

– Сотсиология;

– Диншиносӣ;

– Сиёсатшиносӣ;

– Назарияи иқтисодӣ;

– Назарияи давлат ва ҳуқуқ;

– Ҳуқуқи байналхалқӣ;

– Мудофиаи гражданӣ;

– Экология.

Фанҳои ихтисосӣ

  • Муқаддимаи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Муносибатҳои байналхалқии муосир;
  • Назарияи муносибатҳои байналхалқӣ Амнияти иттилоотӣ;
  • Асосҳои сиёсати байналхалқӣ;
  • Геополитика;
  • Кишваршиносӣ;
  • Мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Методологияи таҳқиқоти илмӣ;
  • Назарияи музокироти сиёсӣ;
  • Омили исломӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Равандҳои глобалии ҷаҳони муосир;
  • Сиёсати ҷаҳонӣ;
  • Системаҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ;
  • Сотсиологияи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Тахлил ва пешгӯӣ;
  • Технологияҳои сиёсӣ;
  • Технологияи иттилоотӣ;
  • Тоҷикистон дар низоми нави геополитикӣ;
  • Тоҷикистон–Россия: шарикии стратегӣ;
  • Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ.

Магистратура дар самти муносибатҳои байналхалқӣ

Фанҳои таълимӣ

  • Таърих ва назарияи муносибатҳои байналхалқӣ
  • Амнияти миллӣ ва иттилоотӣ;
  • Методологияи таҳқиқоти илмӣ;
  • Муқаддимаи муносибатҳои байналхалқӣ;
  • Назарияи музокироти сиёсӣ;
  • Равандҳои глобалии ҷаҳони муосир;
  • Тахлил ва ояндабинии сиёсӣ;
  • Технологияҳои сиёсӣ;
  • Технологияи иттилоотӣ;
  • Тоҷикистон дар низоми нави геополитикӣ;
  • Тоҷикистон–Россия: шарикии стратегӣ.

Докторантура (PhD) аз рӯи ихтисос

Дараҷаи таҳсилот дар зинаи таҳсилоти доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос ба муҳлати таҳсил 3 сол аст. Ихтисос 6D 020200 – муносибатҳои байналхалқӣ буда, дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аст. Шакли таҳсил рӯзона ва шартномаи таҳсил 8000 сомонӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ 16000 сомонӣ) мебошад.

Таълифоти асосии устодони кафедра:

Дар кафедра шумораи назарраси китобҳои дарсӣ аз фанҳои тахассусии муносибатҳои байналхалқӣ ба тариқи зайл пешниҳод шудаанд:

  • Шарипов А.Н., Асосҳои дипломатия. Душанбе: ЭР-Граф. –2022. -324с.
  • Шарипов А.Н./Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ (давраи қадим ва асрҳои миёна) Душанбе: Сармад компания, 2016, 244 с.
  • Шарипов А.Н. Масъалаҳои мубрами Шарқи муосир Душанбе, Пойтахт, 2016, 176 с.
  • Шарипов А.Н. Фарҳанги мухтасари истилоҳоти дипломатӣ.  Душанбе, «Андалеб», 2015, 264 с.
  • Шарипов А.Н Моделҳои муваффақи Шарқ Душанбе, Сармад компания, 2016, 156 с.
  • Муносибатҳои байналхалқии муосир.
  • Махмадов П. А. Шарипов А.Н Хадамоти дипломатии кишварҳои хориҷӣ.
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Дипломатия. Китоби дарсӣ. Душанбе: «ЭР–граф», 2017. – 576 с. 36 / 18;
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Дипломатияи иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2020. – 256 с. 16 / 7 ҷ.ч.
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Назарияи муносибатҳои байналхалқӣ. Нашри дуюми иловадор. Китоби дарсӣ. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2020. – 450 с. 28,18 / 10,5 ҷ.ч;
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Сиёсати ҷаҳонӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: «Таъминотчӣ», 2017. – 352 с;
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Суҳбатҳои дипломатӣ. Воситаи таълимӣ. Нашри дуюми такмилёфта. Дастури таълимӣ. Душанбе: «Таъминотчӣ», 2018. – 236 с.
  • Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Фаъолияти иттилоотӣ таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ. Нашри дуюми такмилёфта. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр-граф», 2018. – 490 с.
  • Самиев Х.Д. Гуфторҳо дар бораи равобити байналмилал. Самиев Х. Д., Муҳиддинов Т. – Душанбе: ҶДММ «Олами дониш», 2014. – 251 с.
  • Самиев Х.Д. Сотсиологияи муносибатҳои равобити байналмилал, Самиев Х. Д. Душанбе: Матбаи ДМТ, 2018. – 185 с.
  • Самиев Х.Д., МуҳиддиновТ. Муқаддимаи фанни равобити байналмилал. Китоби дарсӣ. Самиев Х. Д., Муҳиддинов Т. – Душанбе: «Истеъдод», 2011. – 176 с.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра

E-mail: amrsharif@mail.ru

Тел.:  (+992) 988-50-10-11

Суроға: кӯч. Шамси 20, ҳуҷраи 9

ШАРИПОВ Амриддин Нуридинович

н.и.т., дотсент

28 майи соли 1978 дар ноҳияи Ҳисори ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1985 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи № 6-и ноҳия рафтааст. Солҳои 1999-2004 дар ДДМТ, факултети таърих, шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ таҳсил кардааст. Солҳои 2004-2007 Аспиранти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 инҷониб омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2011-2012 муовини декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ оид ба бахши таълим буд. Соли 2012 ба вазифаи муовини декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд.

Соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон (1991-2006)», аз рӯйи ихтисоси таърихи ватанӣ – 07.00.02. ҳимоя намудааст. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ 2 монография, 50 мақолаи илмӣ ва 6 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ ба табъ расонидааст. Солҳои 2013-2014 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ фаъолият намудааст. Соли 2014 ба вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалӣ интихоб гардид.

Дорандаи ҷоизаи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аълочии маориф ва илм мебошад. Дар солҳои 2017-2018 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири  кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи майи соли 2023 дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дотсенти кафедра

E-mail: samiev.kholakhmad@mail.ru

Тел.:  (+992) 918-79-90-91

Суроға: кӯч. Ал Беруни 1, ҳуҷраи 2

САМИЕВ Холаҳмад Давлатович

н.и.т., дотсент

24 сентябри соли 1960 дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди хатми мактаби миёнаи №8 –и ноҳия ба факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва бо анҷоми он дар солҳои 1982-1984 дар сафҳои артиши шуравӣ ба хайси афсар адои хидмат намудааст. Солҳои 1984-1987 муаллими фанни таърих ва чомеашиносии мактаби № 3 ноҳияи Фархор, 1987 -1989 устоди кафедраи таърихи ҲКИШ Донишкадаи омузгории Кулоб буд. Тайи солхои 1989-1993 аввал коромуз ва баъд аспиранти кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1993-1997 ходими илмии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ ҶТ буд. Соли 1994 дар риштаи таърихи аҳзоби сиёсӣ ва чумбишхои мардумӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, ки ба тақдири таърихии зиёиёни тоҷик дар солхои бунёди ҷомеаи номниҳоди сусиёлисти (1921-1938) бахшида шуда буд. Аз соли 1997 то имруз дотсенти Донишгохи Миллии Тоҷикистон шуда кор мекунад, аввал дар кафедраи таърихи муосири кишварҳои хориҷӣ ва аз соли 2002 дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ. Тайи солҳои 2008-2011 декани факултети таърих ва 2011 – 2022 декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ буд. Феълан устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Муаллифи бештар аз 40 асару мақолаҳост, ки ба рузгори зиёиёни мардумии точик дар аёми пурошуби солхои 20-30-уми асри бистум ва ҷанбаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилал бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии 6 устодони факултет рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар доираи такмили тахассус курсҳои такмили ихтисоси назди МГИМО (Звенигород, Москва, 2000) ва курсҳои дипломатии ВКХ Ҷумҳурии Мисри Араб (Қоҳира, 2006) ва Ҷумҳурии мардумии Чин (Пекин, 2010) – ро хатм кардааст.

И.в.дотсенти кафедра

E-mail: m.koba@mail.ru

Тел.:  (+992) 501003070

Суроға: кӯч. Н.Қарабоев 239

МАЛИКОВ Қобилшо Куканович

н.и.с., дотсент

Соли 1965 дар ноҳияи Панҷи вилояти Қурғон-теппа таваллуд шудааст. Соли 1983 мактаби миёнаи рақами 21 ноҳияи Панҷро аъло хатм намудааст. Аз соли 1984 то соли 1986 хизмати аскариро дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар ҳайати контингенти маҳдуди артиши Шӯравӣ адо кардааст. Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Соли 1987 ба мактаби олии комсомоли назди КМ комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар ш. Москва дохил шуда, онро соли 1991 бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1991 то соли 1993 дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои давлатии ноҳияи Панҷ кор кардааст.

Аз соли 1993 то соли 1996 дар аспирантураи Академияи иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар риштаи сиёсатшиносӣ таҳсил кардааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. Аз соли 1997 то соли 1999 дар Академияи Дипломатии назди Вазорати хориҷии Федератсияи Россия таҳсил намудааст.

Аз соли 1993 то соли 2021 дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои хусусӣ ва мактабҳои олии дар шаҳри Москва кор кардааст. Аз ҷумла, аз соли 2014 то соли 2019 ба ҳайси дотсенти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати  давлатии назди Президенти Федератсияи Россия кор кардааст. Аз соли 2021 то 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 то имрӯз дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Муаллими калони кафедра

E-mail: fotima.gairatova.84@mail.ru

Тел.: (+992) 915 19 18 60

Суроға: н.Фирдавси, кучаи Н.Қарабоев, хонаи 82/2, ҳуҷраи 31

ҒАЙРАТОВА Фотима Асламшоевна

н.и.т., муаллими калон

19 апрели соли 1982 дар ш.Кулоб таввалуд шудааст. Соли 1989 ба синфи якуми мактаби миёнаи № 76 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафта, мактаби мазкурро соли 1999 хатм намудааст. Соли 1999 ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пешина Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 2005 онро хатм намудааст.

Дар баробари тахсил аз соли 2001 то мохи марти соли 2009 дар кафедраи таърихи нав ва навини кишвархои хоричии ДДМТ ба хайси лабаранти калон кор мекардан. Аз соли 2009 то 31 декабри соли 2009 дар маркази илми тахкикотии точикон ва форсизабонони чахони ДМТ ба хайси ходими хурди илми ба кор гузаштан. Аз 24 апрели соли 2009 то 01 сентябри соли 2009 оператори синфхонаи компютерии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор кард. 01 сентябри соли 2012 то 02 феврали соли 2015 котиби илмии институти илми-таҳқиқотии ДМТ кор карда 02 феврали соли 2015 ба вазифаи лаборанти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ба кор гузаштан. 01 сентябри соли 2015-2018 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ва январи соли 2019 ба ҳайси муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқи ДМТ фаъолият дорад.

Аз моҳи августи соли 2017 то мохи январи соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия дар факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекарданд.

Солҳои 2016-2019 – унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи милии Тоҷикистон.

Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Ифротгароии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ: моҳият ва мушкилоти муқовимат бо он” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 18 мақолаҳои илмӣ, 3 барномаи таълимӣ мебошад.

Муаллими калони кафедра

E-mail: khayriddinjon@mail.ru

Тел.: (+992) 98 556 2530

Суроға: н.Шоҳмансур, маҳалаи 1 Май 178/2 х.3

ПАЙВАНДОВ Хайриддин Боймуродович

н.и.т., муаллими калон

Соли таваллуд 1989, маълумот олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 2013 бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ва шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2019 хатм намудааст.

Омӯзгори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ (аз солҳои 2014-2019), муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2019). Раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2017 то ҳол).

Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи «Ҳaмкopиҳoи Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн бo кишвapҳoи Ocиёи Ҷaнубу Шapқӣ (дap миcoли Мaлaйзия, Индoнезия вa Cингaпуp) дар даврони истиқлолият» аз рӯи ихтисоси 07.00.15. – Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст.

Муаллифи 2 китоби дарсӣ, беш аз 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 1 барномаи таълимӣ ва 1 монография буда, пажӯҳишгари масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, минтақашиносӣ, дипломатия ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

Муаллими калони кафедра

E-mail: diplomat.tj94@mail.ru

Тел.: (+992) 933 60 94 94

Суроға: н. Исмоили Сомонӣ, маҳ. Заҳматобод хонаи 18.

SPIN-код автора: 3577-8625

МИРЗОЕВ Ҳабибҷон Табрикҷонович

н.и.т., муаллими калон

26-феврали соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4 н. Айнӣ рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намуд. Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон, референт хатм намуд. Тайи солҳои 2018-2021 унвонҷӯи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар даврони истиқлолият (1991-2020)” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.

Аз соли 2016 то 2018 ходими хурди шуъбаи илмҳои гуманитарии Институти илмию-таҳқиқотии ДМТ. Соли 2018 то 2022 раиси Шӯрои сарпарастони факултети муносибатҳои байналхалқӣ. Аз соли 2018 то ин ҷониб омӯзгори муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Соли 2019 мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар МБ, аз 1-уми сентябри соли 2022 то ҳол дар вазифаи мушовири академии дараҷаи аввали факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.

Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар даврони истиқлолият (1991-2020)” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 90 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 1 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.

Муаллими калони кафедра

E-mail: basir@mail.ru

Тел.: (+992) 907-58-78-88

Суроға: ш. Ваҳдат, кучаи Салимзода 30, кв.36

БАСИРОВ Бахтиёр Саторович

муаллими калон

18-уми январи соли 1984 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2001 баъди хатми мактаб-литсей № 4 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006, Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 2010 то 2012 ходими илмии “Маркази тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонӣ”-и Институти илмӣ-таҳқиқотии (ИИТ) ДМТ дар назди факултети таърих шуда кор карда, аз соли 2013 то соли 2014 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, солҳои 2014–2018 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ аз соли 2019 то инҷониб муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ буда аз фаннҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти иттилооти-таҳлилӣ дар МБ, минтақашиносии хориҷӣ, сиёсати беруна ва дипломатияи факултети Муносибатҳои байналхалхалқӣ дарс мегуяд. Ҳамзамон тӯли фаъолияти хеш вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбари маҳфили “Дипломатони ҷавон” (солҳои 2015-2017), муовини декан оид ба тарбия (солҳои 2013–2014), котиби Шурои олимони факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2013-2018) аз 2019 то соли 2022 дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва равобити байналмилалӣ факултети муносибатҳои байналхалқӣ кору фаъолият намудааст.

Дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бошад имрӯз дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дар доираи мавзӯи таҳқиқшавандаи хеш «Самтҳои улувиятноки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар асри XXI» корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истода, то имрӯз аз тарафи банда вобаста ба фаннҳои тахассуси зиёда аз 20 мақалоҳои илмию-омавӣ ва барномаҳои таълимӣ рӯй чоп оварда шудааст.

Ассистенти кафедра

E-mail: azmina_1997@mail.ru

Тел.: (+992) 93-113-04-40

Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои 11.

СУЛАЙМОНОВА Азмина Муминҷоновна

ассистент

24 ноябри соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2014 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 факултети муносибатҳои байналхалқиро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, тарҷумон-референт хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2020 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон аз соли 2021 унвонҷӯйи кафедраи мазкур мебошад.

Ассистенти кафедра

E-mail: nazokat.ismatova@bk.ru

Тел.: (+992) 900108975

Суроға: н. Сино, маҳалаи Н Махсум 71/2, ҳуҷраи 29

SPIN-код: 4198-3152

ИСМАТОВА Назрби Шириншоевна

ассистент

15- октябри 1975 дар ноҳияи Мӯъминобод Вилояти Хатлон таввалуд шудааст. Солҳои 1982-1992 мактаби миёнаи №12 ноҳияи Мӯъминобод таҳсил намудааст. Соли 2010 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2014-2017 аспиранти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Соли 2007-2011 методисти садорати факултети фалсафа, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2012-нозири калони шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2012-2014 танзимгари садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон. Соли 2014-2015 ассисенти кафедраи туризм, Донишгоҳи байналмиллалӣ туризм ва соҳибкорӣ. Соли 2017-2018 ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Соли 2018-2022 муаллимаи калони кафедраи фалсафаи фарҳанг, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С Айнӣ. Аз сентябри 2022 ассисенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар мавзӯи «Ташаккул ва таҳаввули муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ дар замони соҳибистиқлолӣ», таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи 10 мақолаи илмӣ, 9 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 3-барномаи фаннӣ мебошад.

Ассистенти кафедра

E-mail: komr8332@gmail.com

Тел.: (+992) 935488332

Суроға: н. Сино, кӯчаи Маяковский 70/2, ҳуҷраи 308

SPIN-код: 6171-0603

ФАЙЗУЛЛОЕВ Комрон Султонович

ассистент

1-уми январи соли 1991 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Солҳои 1997-2008 муҳассилини Литсейи №1 ноҳияи мазкур буд. Соли 2008 ба ихтисоси 23010100 – муносибатҳои байналхалхалқии ДМТ дохил шуда, соли 2013 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2013-2015 магистратураи Донишгоҳи муштараки ИДМ – Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои шаҳри Маскав ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Аз соли 2014 то соли 2017 дар кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси ассистенти кафедра кор кардааст. Солҳои 2017-2021 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ маҳсуб меёфт. Инчунин солҳои 2021-2023 баъди гузаштани озмун, муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст. Аз сентябри соли 2023 ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти худ дар ДМТ солҳои 2014-2017 роҳбари маҳфили “Минтақашинос” –ро дар назди кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ба уҳда дошта, дар маҷмуъ дар кафедраҳои зикргардида аз фанҳои “Кишваршиносӣ”, “Созмонҳои байналхалқӣ”, “Муқаддимаи минтақашиносӣ”, “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”, “Геополитика”, “Мантиқи муносибатҳои байналхалқӣ” ва ғайраҳо дарс додааст.

Номбурда аз соли 2016 унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буда, кори илмӣ-тадқиқотиаш вобаста ба “Дипломатияи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Муаллифи 1 китоби дарсӣ, 6 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 10 мақолаи илмӣ-оммавӣ ба шумор меравад.