(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябр)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди авлавиятҳои сиёсати хориҷии мамлакат нақши меҳварӣ доранд. Маҳз иштироки бевосита ва фаъоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар боис гардид, ки ӯро бо унвонҳои гуногун, аз қабили бунёдгузор, пешоҳанг, асосгузор ё дар ҷойи дигаре ҳамчун меъмори сиёсати хориҷии Тоҷикистон эҳтирому эътироф намоянд. Илова бар ин, маҳз усули пешбурди сиёсати хориҷии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчуни усули муваффақ, санҷидашуда, мутавозин ва бисёрсамта арзёбӣ менамоянд, ки Тоҷикистон бо истифода аз ин усули пешбурди сиёсати хориҷӣ борҳо комёб шудааст.
Бояд гуфт, ки афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар дар марҳилаҳои гуногун бо назардошти тағйироти вазъи мавҷудаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои миллии иштирокчиёни он метавонад тағйир ёбад. Раванди пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар борҳо тағйир ёфтааст, ки дар он нақши бунёдгузори сиёсати хориҷӣ Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят муҳим мебошад. Дар раванди пешбурди афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар иқдом ё масъалае, ки пеш меомад, маҳз иштироки бевосита, ҳузури фаъол ва роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон боис мегашт, ки масоили ҷойдошта ва татбиқи амалӣ ва ҳали бечунучарои худро меёфт. Зеро зимни пиёда намудани ҳар як амали сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурустӣ, мутавозинӣ, эҳтиром ва баробариро бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар амал менамуданд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январи соли 2015 тасдиқ гардидааст, оид ба авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон чунин дарҷ шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд. Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза тақозо мекунанд, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурӯҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд” .
Илова бар ин, консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишварро дар самтҳои зерин муайян намудааст: дипломатияи дуҷониба, дипломатияи бисёрҷониба, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, дипломатияи иттилоотӣ, дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона.
Чигуна ки дар боло зикр гардид, афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар бо дар назардошти ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир ёбанд.
Таҳлили мундариҷавии консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳаввулоти мусбати охир дар ҷаҳон ва дар низоми сиёсати хориҷии кишвар нишон медиҳад, ки дарвоқеъ тағйиротҳои зиёд ба амал омаданд. Махсусан дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бунёдгузори сиёсати хориҷӣ Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйиротҳои ҷиддӣ ва назаррас ба амал омад.
Бояд қайд намуд, ки дар ташаккулёбӣ ва пешбурди афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар, Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар низ нақши муҳим дорад.
Таҳлили масоили сиёсати хориҷӣ дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат нишон медиҳанд, ки асосгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ҳама самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвар дарҷ гардидаанд, изҳори андеша карда, вобаста ба ҳолат ва дурнамои онҳо масъалагузорӣ намуда, перомуни ҳамкориҳои минбаъда дастуру супоришҳо мушаххас медиҳанд.
Бинобарин, метавон гуфт, ки афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси идеяҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш бурда мешавад.
Дар инҷо баъзе аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода, бахше аз равандҳои татбиқи онро то соли 2026 ё ин ки дар соли ҷорӣ таҳлил менамояем:
1. Дипломатияи дуҷониба.
Таҳлили мундариҷавии консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии кишвар вобаста ба дипломатияи дуҷониба нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо кишварҳои қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ арзёбӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дипломатияи дуҷониба то соли 2026 бо 188 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, онро беш аз 192 кишвари ҷаҳон эътироф намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 дар доираи дипломати дуҷониба ба як қатор кишварҳои дунё (Эрон, Муғулистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Узбекистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Армения, Қазоқистон, Россия ва ғайра) сафарҳои корию расмӣ ва давлатӣ анҷом дода, масоили ҳамкориҳои фарогири дуҷонибаро баррасӣ ва ҳал намуданд.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 як қатор президентҳо ва дигар ҳайатҳои расмии кишварҳои хориҷиро ба ҳузр пазируфта, масоили ҳамкориҳои мутақобилан судаманди дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ ва ҳалу фасл намуданд.
Дар доираи ин сафарҳо ва вохӯриҳое, ки дар чорчӯби дипломатияи дуҷониба дар соли 2026 доир гардиданд, як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои мутақоилан судманд дар соҳаҳои мухталиф миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба имзо расиданд, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир доранд.
Дар соли 2026 зимни сафарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар, яке аз дастовардҳои муҳим барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин ба истифода додани сафоратхонаҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад:
1. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шаҳри Тошканд). Бинои нави сафорат 26 марти соли 2026 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Маросими расмӣ бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
2. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳри Остона). Маҷмааи нави сафорат 7 ноябри соли 2026 дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон бо иштироки Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, дар соли 2026 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия ва Умон бо қароргоҳ дар пойтахтҳои ин кишварҳо таъин гардида, шумораи намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ду адад зиёд гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба фаъолият менамоянд. Қаблан намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин ду давлат тавассути сафирони ғайримуқим (аз дигар кишварҳо) анҷом мешуд.
Дар охир метавон натиҷагирӣ намуд, ки Пешвои миллат дар пешбурди дипломатияи дуҷониба ҳамчун яке самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд.
- Дипломатияи бисёрҷониба
Дар консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии кишвар вобаста ба пешбурди дипломатияи бисёрҷониба чунин дарҷ шудааст: «Дар шароити густариши босуръати ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар арсаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ниҳодҳои минтақавию байналмидалиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 дар чаҳорчӯби дипломатияи бисёрҷониба ба як қатор кишварҳои дунё сафарҳои анҷом дода, масоили ҳамкориҳои фарогири бисёрҷонибаро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар қолабҳои дипломатии бисёрҷониба ҳал намуданд.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 як қатор ҳайатҳои аршади расмии кишварҳои хориҷиро ба ҳузр пазируфта, масоили ҳамкориҳои мутақобилан судаманди бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдоштаро ҳалу фасл намуданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умуми СММ қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин иқдом натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёнае мебошад, ки барои сулҳу субот ва рушди устувори минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ дорад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 15 октябри соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки: “Таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чеҳраҳои сиёсии пазируфташудаи ҷомеаи ҷаҳоние мебошанд, ки дар пешбурди рӯзномаи сулҳи ҷаҳонӣ дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим ва муассир доранд.
Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор мегардад. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 27 октябри соли 2026 ба тасвиб расид.
Дар доираи дипломатияи бисёрҷониба, Тоҷикистон рӯзҳои 19–20 октябри соли 2026 мизбони баргузории ҷаласаи сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай гардид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии минтақа аҳаммияти калидӣ дорад. Дар Қасри миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳоеро, ки барои иштирок дар ҷаласа ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Аз ҷумла, мулоқотҳои алоҳида бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян ва Ноиби якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф баргузор гардиданд.
Дар давоми соли 2026 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дипломатияи бисёрҷониба ба хориҷи кишвар сафар намуда, дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (1 сентябри, Бишкек), ҳамоиши сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» (16 сентябр, Сеул), ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (9 октябр,Туркманистон), Машварти ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё(14–15 октябр, Боку), дар 17-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP17) ва Саммити роҳбарони он (16 октябр, Ереван), ва вохӯрии роҳбарони Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби «Раванди Ақаба» (5–7 ноябр, Остона) иштирок намуда, бо мавқегирӣ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Илова бар ин, дар доираи дипломатияи бисёрҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябри соли 2026 ба Федератсияи Россия сафар карда, рӯзи 11 ноябр дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дар назардошти манфитаҳои миллӣ ҳимоя намуда, масоили ҳамкориҳои фарогир, аз ҷумла таҳкими амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.Аз рӯйи натиҷаҳои саммит имзои Эъломияи ниҳоӣ, Стратегияи зиддитеррористии СААД то соли 2030 ва ҳудуди 20 санади дигар оид ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва амниятӣ ба имзо расид.
Дар ин нишаст қарор оид ба гузаштани раёсат дар СААД аз Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2027 қабул гардида, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистонро дар доираи ин созмон муаррифӣ намуданд.
Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат – “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем.
Сарвари давлати мо афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СААД-ро номбар намуда, таъкид доштанд, ки ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда, тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои пайдошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
“Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи ӯҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад”, – изҳор доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин тарафҳо эътимод бар он карданд, ки тавассути талошҳои муштарак самаранокии Созмонро метавон афзоиш дод ва нақши онро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият дод.
Сарвари давлати мо, изҳор доштанд, ки дар давраи раёсати худ мо ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хос хоҳем дод.
Таҳлили ин суханронии Президенти кишвар намунае аз мавқегирии сиёсати хориҷиии Тоҷикистон, махсусан аз пешбурди дипломатияи бисёрҷонибаи фаъоли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Хулоса метавон гуфт, ки нақш ва саҳми Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи бисёрҷонибаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
3. Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ барои истифодаи сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорад. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои накӯҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамояд ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷгоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунад. Бо дарназардошти ин мавқеи усулӣ, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар руҳияи ҳамкориву мушорикати баробарнафъи минтақавӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад. Дипломатияи об ҷавҳари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳочӯби дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об то ҳол корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла то соли 2026 дар ин самт 6 ташаббуси байналмилалӣ оид ба масоили обу иқлим ва беш аз 14 қатъномаи дахлдори СММ вобаста ба ин масъалаҳо қабул гардидааст.
Аз пешбурд ва қабули аввалин ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мазкур соли 2026 26 сол сипарӣ гардид.
Тоҷикистон дар доираи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об соҳиби рӯзномаи махсуси СММ оид ба об гаштааст.
Дар доираи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад, 25-28 майи соли 2026 дар Душанбе дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор гардид, ки дастоварди муҳими ин самт арзёбӣ мегардад.
Хулоса метавон гуфт, ки нақш ва мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи об ҳамчун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, дар ин ҷода дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳтирому эътирофи хоссаро касб намуданд.
4. Дипломатияи иқтисодӣ
Вобаста ба масъали мазкур дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: “Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ муҷиби аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва пайваста афзудани нақши унсури иқтисодии масьалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ гардиданд. Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва самараноки тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад”.
Дар соли 2026 дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон дар шароити мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рушд мекунад. Дар ин ҷо якчанд дастовардҳои калидӣ оварда шудаанд:
Густариши муносибатҳои тиҷоратӣ. Тоҷикистон фаъолона барои густариши ҳузури худ дар бозорҳои байналмилалӣ тавассути бастани созишномаҳои тиҷоратӣ бо як қатор кишварҳо, бахусус ҳамсоягони худ дар Осиёи Марказӣ, инчунин бо Чин, Русия, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигар кор мекунад. Як қадами муҳим дар ин самт амиқтар кардани тиҷорат бо Чин дар доираи Ташаббуси “Камарбанд ва роҳ”, “Чин+ Осиёи Марказӣ”, бо ИМА дар доираи қолаби дипломатии “С5+1” мебошад, ки ба Тоҷикистон имкониятҳои наверо барои афзоиши содирот, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ ва маъданҳо, фароҳам меорад.
Бахши сармоягузорӣ. Дар соли 2026 фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи нави афзоиш ва навсозӣ ворид шуда, ба татбиқи барномаҳои стратегӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ равона гардидааст. Тибқи охирин ҳисоботи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ барои нӯҳ моҳ (январ–сентябри соли 2026) 29,1 миллиард сомониро ташкил додааст. Тибқи маълумоти расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар нимсолаи аввал ба иқтисоди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1 898,1 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 23,2% зиёд мебошад.
Рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ. Тоҷикистон фаъолона барои эҷод ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ кор мекунад, ки ба беҳтар шудани робитаҳо бо дигар кишварҳо мусоидат мекунад. Лоиҳаҳои навсозӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан дар доираи ташаббусҳои минтақавӣ, ба монанди лоиҳаи Масири байналмилалии нақлиёти Транскаспӣ, нақши Тоҷикистонро ҳамчун маркази муҳими транзитӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад.
Ҳамкориҳои энергетикӣ. Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика, идома медиҳад. Сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқӣ, инчунин ҳамкорӣ бо Русия, Эрон ва Чин ва дигар кишварҳо дар соҳаи интиқол ва фурӯши нерӯи барқ, қисми муҳими дипломатияи иқтисодӣ мебошад. Лоиҳаҳои ҳамгироии мутақобилаи энергетикӣ низ дар доираи ин ҳамкорӣ таҳия мешаванд.
Гуногунсамтии иқтисодӣ. Барои коҳиш додани вобастагӣ аз молҳои хом (хусусан алюминий ва пахта), Тоҷикистон фаъолона барои гуногунсамтии иқтисоди худ кор мекунад. Аз соли 2025 инҷониб, кишвар дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар бахшҳо ба монанди нассоҷӣ, кишоварзӣ ва коркарди хӯрокворӣ ба муваффақиятҳои муайян ноил шудааст.
Форумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки Тоҷикистон дар соли 2026 иштирок намуд, иқтидори содиротии худро ба намоиш гузошт, ки онҳо дар пешбурди дипломатияи иқтисодӣ нақши калидӣ доранд.
Тақвияти робитаҳои молиявӣ. Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва дигар бонкҳо, барои гирифтани қарзҳо ва грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ин ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии дохилӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувор мусоидат мекунад.
Рушди сайёҳӣ. Сайёҳӣ ба як қисми муҳими дипломатияи иқтисодӣ табдил меёбад, ки ба рушди инфрасохтор ва таблиғи мероси фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ таъкид мекунад. Барномаҳое, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ равона шудаанд, ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисоди дохилӣ мусоидат менамоянд.
Дар соли 2026 дар шаҳри Душанбе яқ қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла форум ва ярмаркаҳои байнамилалии сайёҳӣ бо иштироки беш аз 100 ширкатҳои сайёҳӣ аз 60 кишвари дунё доир гардид, ки ба рушди соҳаи мазкур таҳким бахшид.
Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда дар 9 моҳи соли 2026 ба 1,72 миллион нафар расид. Аз ин теъдод зиёда аз 1,55 миллион нафар маҳз бо мақсади сайёҳӣ омадаанд.
Хулоса, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузург буда, барои тақвияти минбаъдаи дипломатияи иқтисодии худ, бахусус тавассути рушди роҳҳои нави тиҷоратӣ ва занҷирҳои таъминот, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои технологияи баланд, инчунин густариши робитаҳои молиявӣ ва энергетикӣ бо шарикони калидии байналмилалиро идома медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2026 ба самти эҷоди робитаҳои иқтисодии устувортар ва бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ ҳаракат намуд.
5. Дипломатияи иттилоотӣ
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур чунин дарҷ гардидааст: “Роҳандозии дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи истифодаи густурдаи имкониятҳои фановариҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳияи маҷмӯи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳамаҷонибаи он меъёрҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад”.
Бояд гуфт, ки нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи иттилоотӣ ва рақамӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба таҳкими нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии дастовардҳои давлатдорӣ ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳонӣ равона шудааст. Дипломатияи иттилоотии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш мекунад, ки муколамаи созандаи рақамиро бо таъмини амнияти иттилоотии давлат ҳамоҳанг созад.
Суханрониҳо ва мусоҳибаҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон яке аз василаҳои мустақим ва муассири дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тавассути минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва расонаҳои хориҷӣ мавқеи расмии кишвар, ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва имкониятҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бидуни миёнарав ба аудиторияи глобалӣ расонида мешаванд.
Дастовардҳои асосии дипломатияи иттилоотии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табдил додани Тоҷикистон ба кишвари ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ ва муаррифии таҷрибаи сулҳофарию фарҳангии он дар арсаи байналмилалӣ инъикос меёбанд.
25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қатъномаи таърихии «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (A/RES/79/322)-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омода шуда буд, қабул кард. Ин санад ҳамчун дастоварди муҳими дипломатияи иттилоотӣ ва рақамии Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқию байналмилалиро барои табдил додани минтақа ба маркази инноватсионӣ фароҳам овард. Дар асоси ташаббуси мазкур Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе таъсис дода мешавад. Ин марказ ҳамчун ҳамоҳангсози барномаҳои муштарак, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад.
Чорабиниҳои дипломатӣ ва матбуотӣ имкон доданд, ки масъалаҳои об, иқлим ва технологияҳои нав дар садри рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид қарор гиранд. Имрӯзҳо Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ва ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои бисёрзабона мавқеи расмии Тоҷикистонро ба таври фаврӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонанд.
Бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2026 ба Конвенсияи СММ бар зидди киберҷинояткорӣ (2024/2026) расман имзо гузошт ва моҳи октябри соли 2026 Парлумони кишвар онро тасдиқ намуд. Ҳадафи Конвенсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотӣ ва мубодилаи маводҳои электронӣ мебошад.
Имзо ва ратификатсияи Конвенсияи СММ бар зидди киберҷинояткорӣ дар соли 2026 воқеан яке аз дастовардҳои муҳимтарини дипломатияи иттилоотӣ ва рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом мавқеи кишварро дар низоми амнияти байналмилалии иттилоотӣ таҳким бахшида, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои фаромарзиро ба сатҳи нав баровард.
Метавон гуфт, ки ворид шудани Тоҷикистон ба ин Конвенсия дар соли 2026 на танҳо як тадбири ҳуқуқӣ, балки як қадами стратегии дипломатӣ барои таъмини субот ва амнияти фазои иттилоотии кишвар мебошад, ки нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хеле муҳим мебошад.
6. Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона
Пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ ҳамчун зарурати таърихии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чунин шароит дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона ҳамчун яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвар вобаста ин масъала чунин дарҷ гардидааст “ Он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу хуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд”.
Таҳлили мундариҷаи Паём ва суханронии пурмуҳтавои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди дипломатияи фаъол дар самти фарҳанг дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои муҳиму меҳварӣ буда, зарурати таърихист.
Меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳуии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми соли 2025 вобаста дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар, махсус таъкид намуданд, ки “Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.”
Дарвоқеъ, дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон қисми муҳими сиёсати хориҷии кишвар буда, ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, тарғиби фарҳанг ва анъанаҳои тоҷикон ва ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Дар даҳсолаҳои охир, Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон аз дипломатияи фарҳангӣ барои густариши нуфузи худ, тақвияти робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва пешбурди манфиатҳои миллии худ фаъолона истифода кардааст.
Унсури муҳими дипломатияи фарҳангӣ ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ҳангоми боздидҳои расмӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ба эҷоди робитаҳои наздиктар ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун мусоидат мекунанд.
Ҷанбаи муҳими дипломатияи фарҳангӣ дастгирии диаспораи тоҷикон аст, ки дар паҳн кардани фарҳанги тоҷикон дар хориҷа нақши муҳим мебозад. Таҳияи барномаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ барои диаспора ба тақвияти робитаҳо бо ватан ва нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.
24 августи соли 2026 дар Душанбе бинои бошукӯҳи Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки барои мизбонии ҷашнвораҳо, симпозиумҳо ва чорабиниҳои сатҳи олии байналмилалии фарҳангӣ шароити муосир фароҳам овард.
Тоҷикистон ҳамкориҳои густурда ва мубодилаи фарҳангиро бо кишварҳои гуногун ва созмонҳои бонуфзи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо ЮНЕСКО фаъолона анҷом медиҳад, ки ба беҳтар шудани дарки мутақобила, тақвияти имиҷи ҷаҳонӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ мусоидат мекунад.
Охирин дастоварде, ки дар ин самт бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаридид, ин буд, ки моҳи сентябри соли 2026 як қатор ёдгориҳои нодири кишвар ба Рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. Ба ин рӯйхат петроглифҳои мавзеъҳои Лангар, Даршай, Шахта, Найзатош, Бахмалҷилға (ВМКБ) ва мавзеъҳои бостонии Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг шомил гаштанд
Соли гузашта бо қарори Форуми шаҳрдорони Осиё, шаҳри Душанбе расман мақоми бонуфузи Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026-ро соҳиб гардид, ки нақши пойтахтро ҳамчун маркази муколамаи фарҳангию тамаддунии минтақа таҳким бахшид. Ин қарор ҷиҳати таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои миллию таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ қабул гардида, дар ин давра чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва илмӣ дар Душанбе баргузор шудаанд.
Ҳамин тариқ, дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон на танҳо ба нигоҳ доштани робитаҳо бо дигар кишварҳо, балки ба иштироки фаъол дар равандҳои фарҳангии ҷаҳонӣ низ мусоидат мекунад, ки дар пешбурди он саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.
Дар умум метавон гуфт, ки нақш ва саҳми Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешбурди самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар муҳим ва таъсиргузор мебошад. Дастовардҳои самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар асоси фаъолияти пурсамари меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешаванд.
ПАРВИЗ МУҲАММАДЗОДА, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибтҳои байналмилалии ДМТ; Cармуҳаррири маҷаллаи илмии “Дипломатияи тоҷик”







