НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМКОРӢ БО КИШВАРҲОИ АРАБ

17

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои дунё яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёфт.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил шуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созанда манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб шуд.

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии муносибат ва равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХI бо эълон доштани сиёсати “Дарҳои боз” дар самти амалисозии нақшаҳо дар сиёсати хориҷии кишвар ба дастовардҳои чашмгире ноил гардид. Иқдоми мазкур, ки соли 2003 роҳандозӣ гардида буд, барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монад.

Тибқи якумин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2002 қабул гардида буд, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои ҷаҳон, бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ, геополитикӣ ва манофеи иқтисодии кишвар панҷ ҳавзаи ҳамкорӣ мушаххас гашта буд, ки ҳавзаи чорумро доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад, ташкил медод.

Ҳавзаи мазкур кишварҳои арабро дар бар мегирад, ки онҳо шуруъ аз соли 1992 равобити дипломатии худро тадриҷан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудаанд.

Мувофиқи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ, ки соли 2015 қабул гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ густариш хоҳад дод.”

Дар амали сохтани нақшаҳои пешгирифтаи мазкур нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста мебошад.

Дар замони истиқлоли давлатӣ сафарҳои гуногунсатҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Қатар, Кувайт ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб сурат гирифта, дар ҷараёни он даҳҳо созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст.

Бо ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Қатар, Кувайт ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб фаолият намуда, намояндагиҳои онҳо низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, ки гувоҳ аз ҷараёни ҳамкориҳои мутақобил мебошад.

Иштироки сармоягузории кишварҳои араб дар лоиҳаҳои иқтисодии аҳамияти минтақавӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Кувайт дар соли ҷорӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар сохтмони иншооти азими гидроэнергетикии Роғун, ки аҳамияти минтақавӣ дорад, ба маблағи 100 миллион доллари ИМА эълон намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз сафарҳои охирини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷӣ кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Давлати Қатар сурат гирифтааст.

Бо таваҷҷуҳ ба нуфуз ва эътибори байналмилалӣ ва минтақавии Давлати Қатар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобил бо ин давлат қадамҳои устувор мегузорад.

Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста мешавад.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти баррасишаванда миёни ҷонибҳо мебошад.

Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз кардаанд, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд.

То кунун миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иҷтисодию сармоягузорӣ байни ҳарду кишвар танзим менамояд.

Бо амалӣ гаштани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо метавон гуфт, ки ҳамкориҳои ба худ сатҳу сифати нав гирифта, вориди марҳилаи нави муносибатҳои байналмилалӣ мегардад.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти моро имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

Муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқи ДМТ н.и.т. Қамаров А.З.