Дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми асри XX дар раванди музокираҳои сулҳи байни тоҷикон ва расидани халиқи тоҷик ба сулҳу ваҳдати миллӣ шакл гирифта, дар ибтидои асри XXI ба абзори муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, ки намунаи возеҳи он ташаббуси байналмилаллии Пешвои миллат доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба шумор меравад.
Вобаста ба нақши таърихии сулҳофарии халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки “Миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз оғози таърихи ташаккулёбии худ пуштибону тарғибгари фарҳанги сулҳ ва ойини сулҳофарӣ буд”.
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ аз усулҳои сулҳҷуёна, сулҳофарӣ ва сулҳсозӣ рӯйи кор гирифта, бо ин роҳ дар таъмини амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон саҳмгузор мебошад.
Дар ин маврид, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд менамояд, ки “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки самараи дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат мебошад, на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик, балки ҳамчун таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст”.
Бояд гуфт, ки дипломатияи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз худ дарак дода, дар як муддати кӯтоҳ халқи тоҷик ба сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллӣ расиданд. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷрибаи муҳимми сулҳофарӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ табдил ёфтааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 баста шуд, ки барои таҳкими минбаъдаи сулҳ ва тақвияти низоми давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард.
Созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҷангро анҷом диҳад ва роҳи таҳкими сулҳ ва барқарорсозии баъдиҷангиро оғоз намояд. Музокироти тоҷикон, ҳарчанд ки мушкил ва тӯлонӣ гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи тақдирсозе буд. Дар ҷараёни гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди сулҳ барои фаҳмидани мушкилиҳои барқарорсозӣ ва эътидоли баъдиҷангӣ як мисоли ҷолиберо фароҳам меорад. Аз нуқтаи назари пажӯҳишгарони аврупоӣ, аз таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд ғояи калидӣ бармеояд:
– Гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низои шаҳрвандӣ ба суботи сиёсӣ ва нақши муҳимми муколама ва музокироти фарогири байни тоҷикон дар бунёди сулҳ.
– Эътироф гардидани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи нобири сулҳофарӣ дар ҷаҳон.
– муҳим будани нақши Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешбаранди раванди сулҳофарӣ ва барқарорсозии баъдиҷангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– ҷанбаҳои асосии формулаи сулҳи тоҷиконро истифодаи усулҳои нави музокира, ҷалби тарафҳои даргир ба раванди музокираҳо, иштироки тарафи сеюм ба сифати миёнарав, хизмати неки кишварҳои ҳамҷавор, фаъолияти нозирони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ташкил намуданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд. Чунин аст ҳамон садоқату бурдбории миллат, ки фарзандони бо ору-номусаш баҳри Ватан ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳамин аст шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон сазовори як қатор ҷоизаҳо сулҳ гардид. Аз ҷумла, ҷоизаи байналмилалии “Сулҳ-99” (15 октябри соли 1999), Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон” (25 июни соли 2005), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010), Медал ва шаҳодатномаи Шӯрои Аврупо – “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011), “Нишони фахрӣ”-и сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021) ва дигар нишонҳо сарфароз гардидааст.
Дар фаъолияти сулҳофарии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ироа намуда, устувории ин раванд барои тарбия ва рушди наслҳои оянда ва дар фазои сулҳу ороми ҳаёт ба сар бурдани аҳолӣ як иқдоми муҳим ва ҷиддии сиёсӣ мебошад.
Бо ин роҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ранҷу азоби аҳолии кишвар ва вазъи гурезаҳои тоҷикро дар кишварҳои ҳамсоя дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба миён гузошта, пешгирии чунин ҳолатҳои вазнинро барои наслҳои оянда талқин менамояд ва зарурати таҳкими сулҳро бори дигар ба тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад.
Аз ин рӯ, ҳоло дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз арзишҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, эълон гардидани ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” вазифаҳои навро барои дастгоҳи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш меорад.
Яке аз чунин вазифаҳо таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва таъмини амният дар фазои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҳанӯз соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид доир ба ба зарурати “эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳониро аз хатарҳои таҳдидкунанда аз ин кишвар хабар дод.
Бешубҳа, дар шароити кунунии кишвари Афғонистон, ки бо Тоҷикистон тақрибан 1400 километр сарҳади муштарак дорад, бояд ин ғоя фавран амалӣ гардад. Ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мебошад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигар буда, ҳадафи эҷоди навори эътимоду амниятро дар тӯли марзи кишвар пайгирӣ мекунад. Ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва обу энергетика ба ҳалли осоиштаи онҳо ба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.
Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ин раванд, 31-уми марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба имзо расонида шуд, ки марҳилаи нави ҳамкориҳои минтақавиро дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид. Бояд гуфт, ки Эъломияи Хуҷанд ин натиҷаи ҳалли мушкилиҳои сарҳади давлатҳо дар водии Фарғона буда, робитаҳои байнидавлатии се кишварро ба маҷрои сулҳу эътимод ва амнияту созандагӣ равона намуд.
Бояд гуфт, ки маҳз дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сарҳади давлатиро бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз сарҳади низоъ ва зиддият ба сарҳади сулҳу дӯстӣ табдил дода, ҳоло муносибатҳои дуҷониба ва бисрёҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа дар шакли ҳамкориҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ҷараён доранд, ки дар таҳкми сулҳу суботи минтақавӣ таъсири муассир дорад.
Таҷрибаи дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллати тоҷиконро дар таҳкими сулҳу суботи давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба ҷоизаҳои сулҳ сарфароз гардонида шуд.
Боиси ифтихори миллӣ ва сарбаландии ҳар як сокини Тоҷикистон аст, ки ин навбат дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд.
Ин ҷоиза нишонаи эътирофи ҷаҳонии хизматҳои мондагор ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон барои пойдории сулҳи абадӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад.
Ҳайати доварони ин ҷоиза тасмими таърихии худро ба натиҷаҳои фаъолияти роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон вобаста ба таҳкими амният ва суботи минтақа асоснок кардааст. Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба унвонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихори миллӣ буда, бори дигар хизматҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари давлати мо аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид.
Ин дастоварди таърихӣ, натиҷаи сиёсати дурандешона, талошҳои башардӯстона ва дипломатияи сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Анвари Сафарӣ – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхлқии ДМТ
Саидов М.К. – ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ